Бо ташаббус ва дастгирии Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон озмуни “Қироати беҳтарин” аз осори шоири халқии Тоҷикистон Озар Салимиён бо мақсади тарғиби осори шоири хатлонзамин байни ҷавонони кулли Тоҷикистон эълон гардида буд, дар толори назди раёсат ҷамъбаст гардид.

Дар озмуни мазкур беш аз 109 иштирокчӣ аз тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ иштирок намуда, ҳар яке бо тарзу усули ба худ хос шеъру ғазалҳои шоир Озар Салимиёнро қироат карданд.

Бояд гуфт, ки баъди чанд муддати натиҷагирӣ ин озмуни онлайни беҳтаринҳо муаян гардида, бо диплом ва тӯҳфаҳои хотиравии Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон қадрдонӣ карда шуданд. Ба ғолибон ва фаъолони ин озмун сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон Рамазон Насриддинзода дар вазъияти тантанавӣ туҳфаҳоро супорид.