Имрӯз бо дар доираи нақша чорабиниҳои тарбиявии факултети Физика мизи мудаввар оид ба шарҳу тафсири Паёми Президентӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки омӯзгорону донишҷӯёни факултет баргузор гардид.

Нахуст, Кибриё Мирзозода, декани факултети Физика дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд.

Гуфта шуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ соли сипаригардидаро барои мардуми шарафманди кишвар соли неку бобарор арзёбӣ намуданд. Ба шарофати заҳматҳои содиқонаву созандаи мардуми диёр раванди созандагиву ободкорӣ бомаром идома ёфта, нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони Тоҷикистон ҳадафмандона амалӣ гардиданд.

Сипас, Рустам Казаков, мудири кафедраи сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ, Набизода Эмомалӣ, мудири шӯъбаи тарбияи донишгоҳ, Давлатбек Қурбонов, раиси созмони ҷавонони донишгоҳ суханронӣ намуданд.