Имрӯз дар факултети Педагогика ва варзиши ДДБ ба номи Носири Хусрав бо иштироки Ҳукмиддин Сафарбекзода, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, Давлатбек Қурбонов, раиси созмони ҷавонон, Гулбаҳор Бобоева, мудири кафедраи педагогика, Салоҳиддин Субҳонов, омӯзгори кафедраи фалсафа бо донишҷӯёни шуъбаи фосилавии факултет иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар раванди соати тарбиявӣ ҳайати меҳмонон доир ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози андеша намуданд.