Имрӯз дар факултети гумрук ва таҳлили иқтисодӣ мизи мудаввар доир ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзуи “Паём ва манфиатҳои миллӣ” бо иштироки омӯзгорон ва донишҷӯёни шуъбаи фосилавӣ баргузор гардид.

Мизи мудаввар бо сухани ифтитоҳии Ҳукмиддин Сафарбекзода, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия оғоз гардид.

Сипас, Исмоилов Абуалӣ, омӯзгори кафедраи таҳлили иқтисрдӣ ва аудит дар мавзуи “Азми қавӣ ва нияти нек- ҷавҳару меҳвари Паём”, Давлатов Муҳаммадироҳим, дар мавзуи “Нақши низоми андоз ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар партави Паёми Пешвои миллат” ва Баротова Тахмина, омӯзгори кафедраи гумрук дар мавзуи “Саҳми Пешвои миллат дар пешрафти вазъи иқтисодии кишвар” маърӯза намуданд.