Бо ташаббуси садорати факултети таърих ва ҳуқуқ дар якҷоягӣ бо мушовир-эдвайзери шуъбаи фосилавии факултет Гулов Ҳасан донишҷӯёни курси аввали таҳсили фосилавӣ ба тамошои Осорхонаи таъриху кишваршиносии факултети таърих ва ҳуқуқ ҷалб карда шуданд.

Рафти тамошои донишҷӯёнро дар осорхона мудири осорхона Тағойзода С.Қ. роҳбаладӣ намуданд.

Бояд қайд кард, ки Осорхонаи таъриху кишваршиносии факултет аз соли 2007 таъсис дода шуда, айни ҳол дорои зиёда аз 1500 нигораҳо бо дастгирии бевоситаи ректори донишгоҳ профессор Давлатзода Сайфиддин Хайриддин ҷамъоварӣ карда шудаанд.

Осорхона аз 12 гӯша иборат мебошад, ки дар он асарҳои Пешвои миллат, пулу тангаҳо, кулолгарӣ, таърихи парчамдорӣ, асарҳои Б. Ғафуров ва илму техника ҷой гирифтаанд.