Имрӯз дар толори Китобхонаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии Тоҷиддин Исозода, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ оғоз гардид.

Сипас, А. Амирзода, мудири Бахши кор бо ҷавонони дастгоҳи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон дар мавзуи “Паём- ҷавонон ва манфиатҳои миллӣ”, Р. Казаков, мудири кафедраи сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ дар мазуи “Паём роҳнамои фардои дурахшони миллат”, Э. Набизода, мудири шуъбаи тарбияи донишгоҳ дар мавзуи “Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими манфиатҳои миллӣ”, С. Раҷабализода, мушовир эдвайзери Маркази таҳсилоти фосилавӣ дар мавзуи “Ҷавонон ҳадафҳои олии кишвар дар партави паёми Президенти мамлакат” ва Н. Олимхонова, донишҷӯи курси якуми факултети Сиёсат ва идораи давлатӣ, таҳсили фосилавӣ дар мазуи “Дастгириҳои Ҳукумати матлакат нисбати ҷавондухтарон дар замони Истиқлолият” баромад намуданд.