Имрӯз як гурӯҳ омӯзгорон зери роҳбарии Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар хоҷагии ёрирасон ва таҷрибавии “Зағертут” ниҳолҳои мевадиҳанда шинониданд.

Ёдовар мешавем, ки хоҷагии ёрирасон ва таҷрибавии “Зағертут”-и шаҳри Левакант, ки ба донишгоҳ тааллуқ дорад, дорои 5 гектар замин буда, дар майдони 3 гектари он боғ бунёд шудааст.

Ба хотири самаранок истифода бурдани қитъаҳои замин дар миёни боғ гандум кишт намудаанд.

Инчунин, дар як қитъаи дигари замини хоҷагӣ парвариши меваҳои ситрусӣ, аз ҷумла лимон ба роҳ монда шудааст.

Бояд гуфт, ки ҳайати устодону донишҷӯёни факултети Химия ва биологияи донишгоҳ ин мавзеъро ҳамчун замини таҷрибавӣ барои амалӣ намудани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ истифода мебаранд.