Имрӯзҳо тибқи ҷадвалҳои тасдиқнамудаи Раёсати донишгоҳ донишҷӯёни Маркази фосилавӣ имтиҳонҳои ҷории худро дар шакли тестӣ супорида истодаанд.

Баҳри халал ворид накардан ва таъмини шаффофият ба рафти имтиҳонҳо масъулини Маркази тестии донишгоҳ дар ҳузури эдвайзер-мушовирон донишҷӯёни имтиҳонсупоро бо гирифтани изи ангушт, ки шахсияти донишҷӯ муайян шуда баъд аз он ба назди компютер барои супоридани имтиҳон иҷозат медиҳад.

Намунаи беҳтарини ин амал ин аст, ки донишҷӯ холи аз имтиҳон ба даст овардааш, ки дар манитори компютер намоён мешавад аз маркази имтиҳонӣ берун мешавад.