Домани ту гирифтаанд шоҳу гадо дар ду ҷаҳон.

Ғусса махӯру шод зӣ, модари ҷон, модари ҷон.

Навданиҳоли ту кунун шоҳчинори Ватан аст,

Чу Рустами таҳамтан аст, ғолиби ҳар аҳриман аст,

Ғусса махӯру шод зӣ, модари ҷон, модари ҷон.

Булбули боғу чаману лоиқи сад анҷуман аст,

Соҳиби қадру эътибор дар нигаҳи марду зан аст.

Ғусса махӯру шод зӣ, модари ҷон, модари ҷон.

Умарҷони Мирзошариф,

докторанти PhD-и ДДБ ба номи Носири Хусрав