Имрӯз зери роҳбарии Саидзода Раҳим Ҳамро, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи озод ва таъин шудани ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо кормандони донишгоҳ суҳбат – вохӯрӣ доир шуд.

Гуфта шуд, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Сайфиддин Хайриддин бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав» озод карда шуда ба ҷойи он Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав» таъин карда шуд.