Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, 20-уми феврали соли 1985 таваллуд шудааст. Баъди хатми мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 33-и ноҳияи Восеъ соли 2002-юм ба факултети иқтисодии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур дохил шуда, онро соли 2007 аз рӯи ихтисоси ҳисоби бухгалтерӣ ва аудит бо дипломи аъло хатм намудааст.

Ҳамчунин, соли 2022 Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зинаи таҳсилоти дуюм аз руйи ихтисоси идоракунии давлатӣ ба анҷом расонд.

Фаъолияти меҳнатиашро соли 2007 ба сифати ходими хурди илмии Институти иқтисодиёти кишоварзии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон оғоз намуда, то соли 2013 дар ҳамин пажӯҳишгоҳ дар вазифаҳои ходими хурди илмӣ, раиси Шӯрои олимони ҷавон, ходими калони илмӣ ва мудири шуъбаи омӯзиши муаммоҳои иҷтимоию иқтисодии ноҳияҳои кӯҳистон кор кард.

Солҳои 2013-2014 дар вазифаи мудири кафедраи идоракунии давлатӣ ва маҳаллии факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон адои вазифа намуд. Аз соли 2014 то моҳи феврали соли 2020 дар вазифаи директори Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе ва аз моҳи феврал то ноябри соли 2020 дар вазифаи директори Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе фаъолият дошт.

Солҳои 2020 то 2022 дар вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон кор намудааст.

Аз 14 августи соли 2022 то 29-01-2024 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст. Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия буд.

Номбурда соли 2014 бо Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника, соли 2015 ба унвони Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовор гардидааст. Соли 2021 бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо медали «Хизмати шоиста» қадрдонӣ шуд.

Доктори илм­ҳои иқтисод, дотсент, муаллифи беш аз 50 асари илмӣ, аз ҷумла 4 китоби дарсӣ ва 3 монография, аст.

Оиладор, соҳиби 3 фарзанд.