Ҳамасола Паёмҳои навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба кормандони касбу кори гуногун ва сокинони кишвар ироа мегардад. Паёми навбатии Сарвари давлат 28-уми декабри соли 2023 баргузор гардид. Маҳз бо шарофати Паёмҳои солонаи Пешвои миллат Ҷумҳурии Тоҷикистон давра ба давра ба марҳилаҳои навбатии рушду инкишоф ворид мегардад. Зеро дар Паёми худ Сарвари давлат дар баробари ироаи дастовардҳои кишвар дар соли сипаригардида, инчунин барои рафъи мушкилоти дар ҷомеа ҷойдошта ба ниҳодҳои марбутаи давлатӣ дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд. Ғайр аз ин, Сарвари давлат ба тамоми қишрҳои ҷомеа муроҷиат намуда, аз онҳо ҳисси баланди ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва дар иҷрои кору фаъолият масъулияти баланди касбиро талаб мекунанд. Сарвари давлат дар Паёмҳои худ вазъияти дохилию берунаи кишварро таҳлил намуда, дар заминаи ояндабинӣ стратегияи рушди минбаъдаи кишварро пешниҳод менамояд. Тафаккури стратегӣ ва ҷаҳонбинии сиёсӣ ба Сарвари сиёсӣ имкон медиҳад, ки ояндабинии рушди мамлакатро дар сатҳи зарурӣ анҷом диҳад. Бо назардошти ин ва дигар хусусиятҳои стратегии Паём, ки дар раванди сиёсии ҷомеа ва низоми давлатдории навин мавқеи намоёнро ишғол кардааст, бо боварии комил гуфтан мумкин аст, ки рушди муназзами соҳаҳои ҳаётан муҳимми кишвар ва таъмини суботу амният дар мамлакат бо амалишавии нуктаҳои муҳимтарини Паёмҳои солонаи Сарвари давлат вобастаю пайваста мебошанд.

Паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамасола ба сокинони кишвар пешниҳод мегарданд, дар низоми давлатдории навини кишвар нақши калидӣ ва мавқеи ҳаётан муҳимро ишғол менамоянд. Чунин мақоми баланди Паёмҳои солонаи Пешвои миллатро бо назардошти омилҳои гуногун асоснок намудан мумкин аст. Пеш аз ҳама, муайян кардани нақш ва мавқеи Паёмҳои солонаи Сарвари давлат дар раванди сиёсии ҷомеа имкон медиҳад, ки аҳамият ва зарурияти он дар марҳилаи кунунии давлатдорӣ эҳсос гардад. Дилхоҳ раванд, аз ҷумла раванди сиёсии ҷомеа аз марҳилаҳои гуногун иборат аст. Айни замон раванди сиёсии ҷомеаро шартан ба панҷ марҳилаи асосӣ ҷудо менамоянд: «таҳлили вазъият ва муайян намудани мушкилиҳои ҷамъиятӣ», «ба вуҷуд овардани лоиҳаи қарор», қабули қарор», «дар амал татбиқ намудани қарор» ва «назорат аз рӯйи иҷроиши қарор». Агар раванди сиёсӣ аз нуқтаи назари таҳлили функсионалӣ баррасӣ гардад, субъектҳои он бо вазифаҳои мушаххаси худ баръало эҳсос мешаванд. Пеш аз ҳама, дар раванди сиёсии ҷомеа субъектҳои салоҳиятдорро нишон медиҳанд. Аз ҷумла, сарвари давлат, мақомоти қонунгузор, ҳукумат, мақомоти маъмурӣ, судҳо ва ғайр аз ин, дар раванди сиёсии ҷомеа субъектҳои бесалоҳият низ арзи ҳастӣ менамоянд. Чунончӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ғ. Субъектҳои салоҳиятдор ва миқёси салоҳияти онҳо тавассути конститутсияи мамлакат муайян карда мешавад. Субъектҳои бесалоҳият бошанд тавассути як зумра қонунҳои амалкунанда, ки аз муқаррароти конститутсия ва қонунҳои конститутсионӣ сарчашма мегиранд, ба таври минималӣ ҳаққи дар раванди сиёсӣ иштирок намуданро пайдо мекунанд. Субъектҳои номбаргардида дар марҳилаҳои гуногуни раванди сиёсии ҷомеа вазифаҳои гуногунро иҷро менамоянд. Масалан, дар марҳилаи якуми раванди сиёсии ҷомеа(яъне, таҳлили вазъият ва муайян намудани мушкилиҳои ҷамъиятӣ) қариб, ки ҳамаи субъектҳо иштирок мекунанд. Аммо дар марҳилаи сеюм ва чорум (қабули қарор ва дар амал татбиқ намудани қарор) на ҳамаи субъектҳо метавонанд ширкат варзанд. Дар марҳилаи панҷум низ (яъне, назорат аз рӯйи иҷроиши қарорҳо) боз ҳамаи субъектҳо метавонанд иштирок намоянд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат тавассути Паёмҳои солонаи худ дар ҳамаи марҳилаҳои раванди сиёсӣ иштироки фаъол намуда, дар ташаккули раванди сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми беназир мегузорад. Дар ҳамаи баромаду суханрониҳои Сарвари давлат, бахусус дар Паёмҳои ҳамасолаи Пешвои миллат вазъияти дохилию берунаи кишвар нуктасанҷона таҳлил гардида, мушкилиҳои мавҷудаи ҷомеа садо медиҳанд. Чунин тарзи масъалагузорӣ хоси марҳилаи якуми раванди сиёсӣ мебошад. Сипас Сарвари давлат ба ниҳодҳои марбутаи ҳокимияти давлатӣ (мақомоти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ) ҷиҳати ҳалли мушкилиҳо ва бартараф намудани вазъияти баамаломада дастуру супоришҳо медиҳанд. Ин марҳилаи дуюми раванди сиёсӣ мебошад. Зеро дастуру супоришҳои Сарвари давлат лоиҳаи қарорҳое мебошанд, ки на танҳо барои ҳалли мушкилиҳои ҷомеа равона шудаанд, балки дар ояндаи наздик ба қарорҳои сиёсӣ табдил меёбанд. Сипас дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шакли қарорҳои сиёсӣ аз ҷониби ниҳодҳои маъмурӣ дар амал татбиқ мегарданд. Боз дар Паёми навбатии худ Пешвои муаззами миллат аз иҷроиши қарорҳои қабулшуда натиҷагирӣ намуда, ҳалли мушкилиҳои ҷомеаро дар тӯли солҳои охир баҳогузорӣ мекунанд. Бинобар ин, бо боварии комил гуфтан мумкин аст, ки ягон субъекти салоҳиятдори раванди сиёсӣ дар ҳалли мушкилиҳои ҷамъиятӣ ва таъмини рушду инкишофи соҳаҳо ба монанди Пешвои миллат фаъолнокӣ нишон дода наметавонанд. Аз ин рӯ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди сиёсии ҷомеаи Тоҷикистон фаъолтарин субъект ба шумор меравад. Бо назардошти нақш ва мавқеи Паёмҳои ҳамасолаи Сарвари давлат дар раванди сиёсии ҷомеа эътироф намудан мумкин аст, ки дар марҳилаи кунунии давлатдории миллӣ Паёмҳои Пешвои миллат мавқеи калидӣ доранд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи муқаррароти моддаи 1 Конститутсияи кишвар давлати демократӣ мебошад. Дар навбати худ демократия ва ҷомеаи демократӣ аз рӯйи нишондодҳои гуногун баҳогузорӣ мегардад. Тавассути Паёмҳои солонаи Пешвои миллат яке аз рукнҳои муҳимтариниҷомеаи демократӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амал татбиқ карда мешавад. Зеро ҳисоботдиҳанда будани давлату ҳукумат дар назди халқ яке аз нишонаҳои муҳимтариниҷомеаи демократӣ ба шумор меравад. Ҳар сол зимни ироаи Паём Сарвари давлат маблағҳои аз ҳисоби буҷа масрафгардида ва дастовардҳои як соли сипаригардидаро дар назди халқ ҳисобот медиҳад, нақшаву стратегияҳои ҳукуматро барои солҳои баъдӣ эълон медорад. Воқеан ҳам ин унусри таркибии матни Паём як навъ ҳисоботе мебошад, ки барои боло бурдани эътимоди мардум анҷом дода мешавад ва аз ватандӯстию масъулияти баланди Сарвари давлат шаҳодат медиҳад.

28-уми декабри соли 2023 Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» баргузор гардид, ки дар он Сарвари давлат дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соли сипаригардида натиҷагирӣ намуд ва барои расидан ба марҳилаҳои баъдии рушду инкишоф ба ниҳодҳои марбутаи давлатӣ дастуру супоришҳои муҳиму саривақтӣ доданд. Ғайр аз ин, Сарвари давлат ба ҳамаиқишрҳои ҷомеа муроҷиат намуда, аз онҳо даъват намуданд, ки бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ дар самти фаъолияти худ манфиатҳои давлату миллатро мадди назар накунанд. Бинобар ин, омӯзиши нуктаҳои муҳимми Паёмҳои солонаи Сарвари давлат, аз ҷумла Паёми 28-уми декабри соли 2023 барои аҳли зиё хеле муҳим ба шумор рафта, шарҳи нуктасанҷонаи масъалаҳои ҷудогонаи Паём барои боз ҳам беҳтар намудани суботи сиёсии кишвар мусоидат менамояд. Зеро қонунҳои кишвар ва қарорҳои сиёсии субъектҳои салоҳиятдор замоне дар сатҳи баланд иҷро мегарданд, ки агар дар сатҳи баланд аз ҷониби мардум эътироф шуда бошанд. Қонунҳо ва қарорҳои сиёсӣ замоне дар сатҳи баланд аз ҷониби мардум эътироф мешаванд, ки агар одамон ба моҳияти онҳо сарфаҳм рафта бошанд. Одамон ба моҳияти қонуну қарорҳо замоне дар сатҳи баланд сарфаҳм мераванд, ки зиёиён ва равшанфикрон моҳият, мазмуну мундариҷа ва аҳамияти стратегии Паёмҳои ҳамасолаи Сарвари давлатро ба мардум шарҳу тавзеҳ диҳанд. Зеро масъалаҳое, ки Сарвари давлат дар Паёмҳои солонаи худ матраҳ менамоянд, дар ояндаи наздик ба қарорҳои сиёсӣ ва ҷузъи таркибииқонунҳои ҷудогона табдил меёбанд. Аз ин рӯ, фаҳму дарки масъалаҳои ҷудогонаи дар паём матраҳгардида ва сарфаҳм рафтан ба аҳамияту муҳиммияти онҳо аз ҷониби қишрҳои гуногуниҷомеа хеле муҳим мебошад. Бо ин мақсад, ҳамасола равшанфикрону коршиносони масоилиҳаёти ҷамъиятӣ ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои муҳимми Паёмҳои солонаи Пешвои миллат машғул мегарданд. Баъди ироаи Паём чӣ тариқи расонаҳои давлатӣ ва чӣ шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ суҳбатҳои мухталиф ва таҳлилҳои ҷолиби диққат оид ба Паёми навбатии Сарвари давлат анҷом дода мешаванд. Инчунин барои шарҳутавзеҳи илмию назариявии Паёмҳои Сарвари давлат мақолаҳои илмию таҳлилӣ низ дар маҷаллаҳои илмӣ ба нашр мерасанд.

Аммо таҳлилу мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар аксар маврид зимни таҳлил ва шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паём воҳидҳои мантиқии матни он ба инобат гирифта нашудаанд. Шореҳон бештар ба воҳидҳои грамматикии матни Паём таваҷҷуҳ зоҳир намуда, онро ба таври соҳавӣ таҳлил мекунанд. Дар чунин шакл (яъне, таҳлили соҳаҳо дар Паём) анҷом додани шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паём хеле муҳим аст. Аммо дар баробари ин бо назардошти воҳидҳои мантиқии матни Паём агар таҳлили нуктаҳои муҳимтарини он сурат гирад, фаҳму дарки он бамаротиб боло меравад. Дар мақолаи мазкур муаллифкушиш намуд, ки Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 28-уми декабри соли 2023-юмро бо методологияи таҳлили воҳидҳои мантиқии матни Паём шарҳу тавзеҳ диҳанд.

Паёмҳои солонаи ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пеш аз ҳама, аз ду қисми бо ҳам алоқаманд иборат мебошад. Якум, маърӯзаи Сарвари давлат аз рӯйи матни Паём ва дуюм, таҳлилҳо ва баромадҳои Пешвои миллат берун аз матни Паём. Баъди анҷомёбии ироаи Паёми солонаи Сарвари давлат, ки тариқи расонаҳои хабарии давлатӣ (радио ва телевизион) ба таври мустақим пахш мегардад, матни Паём дар сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифодаи доимӣ нашр мешавад. Инчунин тӯли солҳои охир баромади мукаммали Сарвари давлат зимни ироаи Паём дар сомонаҳои интернетӣ, бахусус дар видеопортали YouTubeниз ҷойгир карда мешавад, ки хоҳишмандон метавонанд онро такрор ба такрор ва дар вақти барои худашон мувофиқ ва муносиб тамошо намоянд ва суханрониҳои Сарвари давлатроҳам аз рӯйи матни Паём ва ҳам берун аз матни Паём тамошо кунанд. Зимни ироаи Паёми солона баромадҳои Сарвари давлат берун аз матни Паём хеле нишонрас, таъсирнок, нуктасанҷона ва хеле ҷасурона садо медиҳанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон зимни ироаи Паёмҳои худ ҳунари баланди суханварии хешро нишон медиҳад. Чунин таъсири нутқи Сарвари давлат мардумро ба ваҷд меоварад. Ин аст, ки чанд моҳ қабл аз баргузории ин чорабинии муҳимми сиёсӣ одамон ироаи Паёмро интизор мешаванд ва зимни баргузории он дар ҳамаи муассисаҳо ва корхонаҳо дастоҷамъона онро тамошо мекунанд. «Президенти мамлакат дар баромадҳои худ (бахусус зимни ироаи Паёмҳои худ) на танҳо ба сифати суханвари моҳир ва тарғибгари арзишҳои миллӣ, балки назарияпардози санъати сухан ва намунаи шахси боистеъдод баромад менамоянд, ки ин мактаби суханварӣ бояд аз ҷониби олимони ҷомеашинос аз лиҳози илмӣ таҳқиқ гардад. Истеъдоди худододии Эмомалӣ Раҳмон дар санъати суханварӣ, пеш аз ҳама, донистани услуби хоси нутқ мебошад, ки онро аз суханронии дигарон бо асоснокӣ ва мулоҳизаронӣ фарқ мекунонад».

Президенти кишвар зимни ироаи Паёми солонаи худ соҳаҳои гуногуниҳаёти кишварро таҳлилу баррасӣ намуда, сараввал роҷеъ ба дастовардҳои соҳаи мушаххасҳарф мезананд. Сипас дар баромади Президенти кишвар дастовардҳои як соли сипаригардида бо солҳои қаблӣ муқоиса мегарданд ва дар ин замина нишондодҳои рушду кинишофи соҳа асоснок карда мешавад. Аз як ҷониб дар навбати аввал ин гуна таҳлилу баррасиҳо ҳамчун натиҷагирӣ аз фаъолияти яксолаи мақомоти давлатӣ унвон мешавад. Аммо моҳияти аслии ин унсури Паём дар он ифода меёбад, ки Сарвари давлат тавассути муаррифии дастовардҳои як соли сипаригардида дар назди мардум ҳисобот медиҳад ва ба ин васила яке аз рукнҳои муҳимтарини давлати демократиро дар амал татбиқ менамояд. Зеро ҳисоботдиҳанда будани давлатуҳукумат дар назди марум яке аз нишонаҳои муҳимтариниҷомеаи деократӣ маҳсуб меёбад. Дар оғози Паёми навбатии Сарвари давлат аз 28 декабри соли 2023 ба таври умумӣ дастовардҳои муҳимми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли сипаригардида чунин баҳогузорӣ гардиданд: «Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакатҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард сомонӣ равона карда шуд, ки нисбат ба соли 2022-юм 5,3 миллиард сомонӣ зиёд мебошад». Инчунин зимни таҳлилу баррасии соҳаҳои дигар низ дастовардҳои мушаххас ёддовар шуданд, ки онҳоро дар матни Паёми Сарвари давлат ба осонӣ мушоҳида намудан мумкин аст. Бинобар ин, натиҷагирӣ намудан ва нишон додани дастовардҳои соҳаҳои ҳаёти кишвар яке аз унсурҳои муҳимтарини Паёмҳои солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ташкил медиҳанд.

Сарвари давлат дар заминаи оянданигарӣ ва таҳлили вазъи дохилию берунаи кишвар дар мавридҳои зарурӣ зимни ироаи Паём аз мавҷудияти таҳдиду хатарҳо ва таъсири омилҳои хатарзоҳушдор медиҳанд. Аз ҷумла, тағйирёбии иқлим дар миқёси сайёра ва таҳти таъсири манфии он қарор гирифтани Тоҷикистон, бештар шудани офатҳои табиӣ, хушксолӣ, омадани сел, бад шудани ҳолати муҳити зист, паҳншавии бемориҳои сироятӣ, афзоиши аҳолӣ, канда шудани занҷираи анъанавии таҳвили молу маҳсулот ва ғ. тамоюлот ва омилҳое мебошанд, ки ба кору фаъолият ва зисту зиндагии мардум, давлату давлатдорӣ, таъмини амнияти миллӣ метавонанд таъсири манфӣ расонанд. Бинобар ин, ёдовар шудан аз чунин тамоюлоти манфӣ ҳушдорҳои Сарвари давлат ба шумор рафта, барои тағйири рафтори сокинони кишвар, бахусус хизматчиёни давлатӣ равона мегарданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ироаи Паёми солонаи худ дар баробаридастовардҳои кишвар дар соли сипаригардида, инчунин дар бораи камбудиҳо, мушкилиҳо ва норасоиҳо низ ҳарф мезананд. Чунин тарзи баёни ин масъала дар шакли эродҳои Сарвари давлат сурат мегирад. Таҳлили матни Паём нишон медиҳад, ки дар аксар маврид дастуру супоришҳои Сарвари давлат баъди эродҳои баёнгардида ба мақомоти дахлдор дода мешавад. Барои мисол, Сарвари давлат дар Паёми худ аз 28 декабри соли 2023 зимни баррасии соҳаи саноат баъди ибрози дастовардҳо инчунин як қатор мушкилиҳои ҳалталаби соҳаро дар шакли эрод ёдовар шуданд ва сипас барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ба сохторҳои дахлдори давлатӣ дастур доданд. Дар ин бора дар Паём иброз гардид, ки «дар раванди саноатикунонии босуръати кишвар як қатор масъалаҳои ҳалталаб, аз қабили фарсудашавиитаҷҳизот, сатҳи пасти рақобатнокии маҳсулот ва гуногунсамтии он, норасоии маблағҳои гардони корхонаҳо ва кадрҳои баландихтисос вуҷуд доранд. Ҳамчунин, таъкид менамоям, ки соли ҷорӣ содироти маҳсулоти саноатӣ тамоюли коҳишёбӣ пайдо кардааст. Соли 2022 содироти маҳсулоти соҳа ба 22,8 миллиард сомонӣ расида буд, вале дар соли 2023-юм ин нишондиҳанда ҳамагӣ 18,5 миллиард сомониро ташкил карда, 19 фоиз кам гардид». Ба ҳамин монанд вобаста ба он ки дар кадом соҳа чи қадар камбудию мушкилиҳо мавҷуданд, эродҳои Сарвари давлат низ дар муносибат бо соҳаҳои гуногун каму зиёданд. Бо назардошти он, ки Паёмҳои солонаи Сарвари давлат дар ҳалли мушкилиҳои ҷомеа нақши назаррас доранд, эродҳои Сарвари давлат ҳамчун унсури таркибӣ ва яке аз воҳидҳои мантиқии матни Паём бояд дониста шаванд. Инчунин эродҳои Сарвари давлат бо назардошти он ки дар ҳалли масъалаҳо ва мушкилиҳои ҷамъиятӣ мусоидат менамоянд, онҳоро ҳамчун воҳиди ҷудогонаи матни Паём дар марҳилаи якуми раванди сиёсии ҷомеа (яъне, таҳлили вазъият ва муайян намудани мушкилиҳоиҷамъиятӣ) мансуб донистан мумкин аст.

Дар матни Паём гуфторҳои дорои аҳамияти стратегӣ ва ифодагари афзалиятҳои миллӣ хеле зиёд ба назар мерасанд. Аз ин рӯ, онҳоро изҳороти стратегии Сарвари давлат ва яке аз воҳидҳои мантиқии матни Паём номидан мумкин аст.Изҳороти стратегии Сарвари давлатро дар навбати худ ба ду гурӯҳ ҷудо намудан мумкин аст: якум, афзалиятҳои миллӣ ва дуюм, амалҳое, ки бояд дар оянда анҷом дода шаванд.Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2023 афзалиятҳои миллие, ки хусусияти стратегӣ доранд, дар масъалаҳои зерин ифода ёфтаанд: пешгирӣ кардани хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, саноатикунонии кишвар, таъсисиҷойҳои корӣ, рушди бахши хусусӣ, соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, пешрафти соҳаи саноат ва инноватсия, истеҳсоли энергияи сабз, рушди иқтисоди сабз ва ғ. Инчунин Сарвари давлат дар Паёми худ анҷом додани корҳоеро пешниҳод менамоянд, ки бояд дар оянда иҷро карда шаванд ва ба натиҷаҳои назаррас оварда расонанд. Барои мисол, Сарвари давлат дар Паёми навбатии худ иброз доштанд, ки «солҳои 2022-2026, яъне дар панҷ сол бояд ба иқтисоди миллӣ беш аз 60 миллиард сомонӣ сармояи мустақим ҷалб карда шавад».Инчунин дар матни Паём тасмимҳои Сарвари давлат ва ҲукуматиҶумҳурии Тоҷикистонҳамчун изҳороти стратегӣ ба шумор мераванд. Масалан, дар Паёми худ Сарвари давлат тасмимҳои худро ба таври зерин иброз доштанд: «Мо тасмим гирифтаем, ки соли 2025 агрегати сеюми неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро ба истифода диҳем. … Мо тасмим гирифтаем, ки бо амалисозии ҳадафҳои муайянкардаамон дар панҷ – шаш соли оянда ҳамаи роҳҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявии мамлакатро ба меъёрҳои сатҳи ҷаҳонӣ мутобиқ гардонем». Дар маҷмуъ, дар Паёмҳои солонаи Сарваридавлат афзалиятҳои миллӣ, тасмимҳо ва нақшаҳои кутоҳмуддату дарозмуддатҳамчун изҳороти стратегии Сарвари давлат баромад менамоянд.

Дастуру супоришҳои Сарвари давлат ҳамасола зимни ироаи Паём хеле зиёд садо медиҳанд. Ин унсури Паёми Сарвари давлат ҷиҳати ҳалли масъалаҳои ҷамъиятӣ хеле аҳамиятнок мебошанд. Одатан Пешвои миллат барои идома додани корҳои барои кишвар манфиатовар ё барои бартараф намудани камбудию норасоиҳо ва ҳалли проблемаҳои ҷойдошта ба сохторҳои давлатӣ дастуру супоришҳо медиҳанд. Дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар марҳилаҳои баъдӣ ба қарорҳои сиёсӣ табдил ёфта, иҷро мегарданд. Аз ин рӯ, ин воҳиди мантиқии матни Паёмро дар марҳилаҳои дуюм, сеюм ва чоруми раванди сиёсии ҷомеаро мушоҳида кардан мумкин аст.

Тӯли солҳои охир бо мақсади иҷроиши саривақтӣ ва босифати дастуру супоришҳои Сарвари давлат ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар муассисаҳои давлатӣ ва ниҳодҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ нақша-чорабиниҳо низ қабул мегарданд. Чунин ҳолатро ба инобат гирифта, дастуру супоришҳои Сарвари давлатро зимни ироаи Паём яке аз унсурҳои муҳимтарини раванди сиёсии ҷомеа номидан мумкин аст.

Сарвари давлат зимни ироаи Паёмҳои солонаи худ таҳлилҳои хеле ҷолиб ва бамавқеъ анҷом медиҳанд. Аз ҳама бештар таҳлилҳои муқоисавӣ ва оянданигарӣ хоси таҳлилҳои Сарвари давлат мебошанд. Масалан, дар Паёми навбатии Пешвои миллат чунин таҳлили муқоисавиро мушоҳида намудан мумкин аст: «Хотиррасон менамоям, ки дар замони сохти гузашта ҳар сол ба ҷумҳурӣ 160 ҳазор тонна гӯшт ва 170 ҳазор тонна картошка ворид мегардид. Фаромӯш набояд кард, ки дар се даҳсолаи гузашта аҳолии Тоҷикистон аз 5 миллион ба 10 миллион расид, яъне талабот ба маводи ғизоӣ ду баробар афзоиш ёфт». Таҳлили Сарвари давлат дар шакли оянданигарӣ дар мисоли афзоиши муҳассилини муассисаҳои таълимӣ хеле ҷолиб аст. Ба андешаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «Соли 2017 низоми маорифи кишвар 2,1 миллион нафарро ба таҳсил фаро гирифта бошад, пас дар соли 2023 ин нишондиҳанда ба 2,6 миллион нафар расидааст. Тибқи дурнамо ин шумора то соли 2025 ба 2,7 миллион нафар мерасад. … Агар дар соли 2023 шумораи хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар 103 ҳазор нафарро ташкил дода бошад, пас қабул ба синфи 1-ум ба 261 ҳазор нафар расидааст». Дар матни Паём дар мавридҳои зарурӣ Сарвари давлат таҳлилҳои гуногун анҷом медиҳанд. Таҳлилҳои Сарвари давлат барои асоснок намудану муҳим ба шумор рафтаниҳалли масъалаҳои ҷамъиятӣ хизмат менамоянд.

Бо назардошти муроҷиатҳои Сарвари давлат, ки ҳамасола зимни ироаи Паёми худ садо медиҳанд, як ҳолати бисёр муҳимро эҳсос намудан мумкин аст. Дар бисёре аз мавридҳое, ки сухан дар бораи Паёмҳои солонаи Сарвари давлат меравад, онро таҳлилгарон аксар вақт ҳамчун «Паёми ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муаррифӣ мекунанд. Аммо муроҷиатҳои Сарвари давлат ҳамчун воҳиди мантиқии матни Паём гувоҳӣ аз он медиҳад, ки Паёми Пешвои миллат на танҳо ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки ба тамоми қишрҳои ҷомеаи Тоҷикистон ироа гардида истодааст. Зеро зимни ироаи Паём Сарвари давлат на танҳо ба вакилон, балки ба аъзои ҳукумат, ба хизматчиёни давлатӣ, ба кормандони касбу кори гуногун, ба қишрҳои гуногуни ҷомеа ва дар умум ба мардум дар лаҳзаҳои зарурӣ муроҷиат менамоянд.

Агар бо назардошти қонуниятҳои ташаккулёбии раванди сиёсӣ ба Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонбаҳо диҳем, пеш аз ҳама, он ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шудааст. Зеро нисбат ба ҳамаи он мушкилиҳое, ки дар Паём садо медиҳанд, бояд қарорҳои сиёсӣ қабул карда шаванд, то ки ҳалли онҳо имконпазиргарданд. Аммо аз сабаби оне, ки дар Паём дар баробари эродҳо ва супоришҳо (мушкилиҳо), инчунин муроҷиатҳо, ҳушдорҳо, ояндабиниҳо, дастовардҳо ва ғ. низ садо медиҳанд, он ба қишрҳои дигари ҷомеа низ равона шудааст. Бинобар ин, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо ба Маҷлиси Олӣ ироа намегардад, балки ба тамоми қишрҳои ҷомеаи Тоҷикистонравона шудааст. Гузашта аз ин, бояд ёдовар шуд, ки аз 21.12.2021 дар сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёмҳои ироагардидаи Сарвари давлат ҳамчун «Паёми ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» номида шудаанд. Чунин номгузорӣ низ бори дигар шаҳодат аз он медиҳад, ки минбаъд Паёмҳои Сарвари давлат на танҳо ба вакилони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки ба тамоми қишрҳои мамлакат равона мешаванд ва донистани нуктаҳои муҳимтарини он барои ҳамаи сокинони Тоҷикистон хеле зарур аст.

Яке аз унсурҳои муҳимми Паёмҳои солонаи Пешвои миллатро эълонҳои Сарвари давлат ташкил медиҳанд. Бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат зимни ироаи Паём барои ҳалли масъалаҳои ҳаётан муҳими кишвар ва ба марҳилаи сифатан нав баровардани рушди соҳаҳои афзалиятноки ҷомеа дар шакли амалкарди стратегии кутоҳмуддат ва дарозмуҳлат эълонҳо пешниҳод мегарданд. Барои мисол, 23 январи соли 2015 дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти он ки ҷомеаи солим аз оилаи солим ташаккул меёбад, соли 2015 дар кишвар «Соли оила» эълон гардида буд. 22 декабри соли 2016 дар Паёми худ Сарвари давлат бо дарназардошти саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат пешниҳод намуда буданд, ки соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон«Соли ҷавонон» эълон карда шавад. 22 декабри соли 2017 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ироаи Паёми худ бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин, ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ пешниҳод намуда буданд, ки соли 2018 дар кишвар «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карда шавад. Дар Паёми Президенти кишвар аз 26 декабри соли 2018 «саноатикунонии босуръати кишвар» ҳадафи чоруми миллӣ ва солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карда шуданд. 26 декабри соли 2019 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ қайд намуданд, ки «ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020 -2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда шаванд». Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми худ аз 21 декабри соли 2021 пешниҳод намуданд, ки солҳои 2022–2026, яъне то ҷашни 35-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон «Солҳои рушди саноат» эълон карда шаванд. Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 28 декабри соли 2023 ба ифтихори30-юмин солгардиқабули КонститутсияиҶумҳурии Тоҷикистон соли 2024 «Соли маърифатиҳуқуқӣ» эълон карда шуд. Ҳамин тариқ, пешниҳоди эълонҳо зимни ироаи Паёмҳои солонаи Сарвари давлат яке аз унсурҳои муҳими мундариҷаи Паёмро ташкил медиҳанд.

Сарвари давлат дар Паёмҳои солонаи худ бо назардошти дастовардҳои нодири мутахассисони соҳаҳои гуногуни мамлакат ба қишрҳои алоҳидаи ҷомеа ё ба кормандони соҳаи мушаххас изҳори миннатдорӣ баён мекунанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми худ аз 28.12.2023 ба се гурӯҳи кормандони кишвар барои хизматҳои арзандаашон миннатдории самимӣ баён намуданд. Якум, ба соҳибкорон, дуюм, ба кишоварзон ва сеюм ба раёсатиҳукумати шаҳри Душанбе. Дар матни Паёми 28.12.2023 изҳори миннатдории Сарварии давлат дар шакли зерин садо дода буд: «Бо истифода аз фурсат, ба ҳамаи соҳибкорону сармоягузорони бонангу номуси кишвар барои ташаббуси созандаашон ба хотири ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон миннатдории самимӣ изҳор менамоям. …. Барои заҳматҳои софдилона, ки аз нишондиҳандаҳои зикршуда ва фаровонии бозори истеъмолӣ ба хубӣ маълум аст, ба ҳамаи кишоварзони мамлакат миннатдории самимии худро баён менамоям». Инчунин Сарвари давлат дар суханронии худ зимни ироаи Паём ба роҳбариятишаҳри Душанбе барои дар соли 2023 ташкил намудани40 ҳазор ҷойи корӣ миннатдории самимӣ баён намуданд.

Албатта, таҳлилу омӯзиши нуктаҳои муҳимми Паёми Сарвари давлат бо назардошти соҳаҳои ҳаётан муҳимми мамлакат низ хеле муҳим аст. Барои мисол, дар Паёми Сарвари давлат аз 28.12.2023 чунин соҳаҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд: молия, соҳибкорӣ, саноат, гармшавии иқлим, энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ ва озуқаворӣ, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, фарҳанг, сармояи инсонӣ, шуғли аҳолӣ, тандурустӣ, мақоми занон дар ҷомеа, ҷавонон, варзиш, қонунгузорӣ, амният ва Қувваҳои Мусаллаҳ, сиёсати хориҷӣ. Агар дар навбати худ зимни омӯзиши соҳаҳои мазкур бо назардошти воҳидҳои мантиқии матни Паём таҳлилҳо анҷом дода шаванд, аҳамияти стратегии Паём барои соҳаи мавриди назар возеҳу равшан мегардад.

Ҳамаи мо рӯзи 28-уми декабри соли 2023 Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро тамошо кардем. Медонем, ки Сарвари давлат самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро чи гуна таҳлилу баррасӣ намуданд ва барои соли 2024 ва солҳои баъди чи гуна дастуру супоришҳо доданд. Аз Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 28 декабрисоли 2023 ироа гардид, ба осонӣ мушоҳида намудан мумкин аст, ки зери роҳбарии сиёсати оқилонаи Сарвари давлат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи сеюми давлатдории миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон замоне ба сифти Сарвари давлат интихоб гардид, ки ҷомеаи кишварро бетартибиҳои сиёсӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ фаро гирифта буд. Бо сабаби набудани амният ҳеҷ кас роҳбарии вазорату идораҳои давлатиро бар дӯш гирифтан намехостанд. Аз ин рӯ, дар бештари мавридҳо мансабҳои давлатиро силоҳбадастон ва қумандонҳои саҳроӣ ғасб карда гирифта буданд, волоиятиқонун дар сатҳи хеле паст қарор дошт, ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт. Дар ин марҳилаи давлатдорӣ аз байн бурдани ҷанги шаҳрвандӣ, ба даст овардани ваҳдати миллӣ, таҳкими сулҳу субот, таъмини амният, риоияи қонун, таъмини тартиботиҷамъиятӣ ва волоиятиқонун ҳадафҳои асосии Сарвари давлат интихоб гардида буданд. Дар ин марҳилаи давлатдорӣ сарвари давлат рисолати худро бо сари баланд иҷро намуданд. Айни замон дар кишвар бо шарофати соҳибистиқлолӣ ва сиёсати оқилонаи Пешвои муаззами миллат тартиботиҷамъиятӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва амният таъмин аст.

Марҳилаи дуюми давлатдорӣ бо пайдоиши таҳдиду хатари экстремизм ва терроризм рост омад. Дар ин марҳила душманони миллату давлат бо роҳи тарғибу ташвиқи ғояҳои тундгароӣ, анҷом додани ҳуҷумҳои иттилоотию идеологӣ мехостанд суботи сиёсӣ ва амнияти кишварро халалдор сохта, Ҷумҳурии Тоҷикистонро дубора ба оташи ҷанги шаҳрвандӣ кашанд. Дар ин марҳилаи давлатдорӣ Президенти кишвар рисолати худро бо сари баланд дар назди таърих ва дар назди мардуми шарифи Тоҷикистон иҷро намуд. Дар матни Паёми навбатӣ калимаҳои «экстремизм ва терроризм»ҳамагӣ як маротиба истифода шудааст. Мо ба терроризму экстремизм қариб, ки ғолиб шудем. Аксари ҷавонони мо аллакай аз таҳдиду хатари ин зуҳуроти номатлуб огоҳӣ доранд.

Акнун марҳилаи сеюми давлатдорӣ фаро расид. Дар ин марҳила нисбат ба тақдири ояндаи давлату миллат бетараф набудан, қонунҳоро риоя намудан, масъулияти баланди ватандорӣ ҳис кардан, ҳисси баланди худшиносӣ доштан, ба омода кардани мутахассисониҷавобгӯ ба талаботи давру замон машғул шудан, ба рушди кишвар суръати тоза бахшидан масъалаҳои меҳварии Паёми навбатии Сарвари давлат мебошанд. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 28.12.2023 масъалаи рушди сармояи инсонӣ, ба забономӯзию илмомӯзию касбомӯзӣ бештар ҷалб намуданиҷавонон, ба ин василаи боз ҳам тақвият бахшидани рушди иқтисодии кишвар, беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии мардум ва умуман баланд бардоштани мавқеи инсон дар ҳаёти ҷамъиятӣ масъалаи меҳварӣ интихоб гардида буд. Таҳлилгарону сиёсатшиносони ватанӣ ч

Чунин хусусияти Паёми навбатиро ба инобат гирифта, онро «Консепсияи нави рушди соҳибистиқлолӣ» муаррифӣ намудаанд.

Ҳамин тариқ, Паёмҳои солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз чорабиниҳои муҳимми ҳаёти сиёсии кишвар ба шумор рафта, дар ташаккули раванди сиёсии ҷомеа нақши муҳим мебозад. Бо назардошти чунин хусусиятҳои ин чорабинии сиёсӣ Паёмҳои солонаи Сарваридавлат дар низоми давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон нақш ва мавқеи намоёнро ишғол мекунанд. Эродҳо, таҳлилҳо, муроҷиатҳо ва ҳушдорҳои Сарвари давлат зимни ироаи Паём боиси ҳалли мушкилиҳои ҷомеа мегарданд. Дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар рафти баргузории ироаи Паём самти фаъолияти вакилон, аъзои ҳукумат ва хизматчиёни давлатиро барои солҳои оянда мушаххас мегардонанд. Гузашта аз ин, дар Паёмҳои солонаи Сарвари давлат афзалиятҳои миллӣ ва тасмимҳои саривақтӣ муаррифӣ гардида, ҳамчун масъалаҳои дорои аҳамияти стратегӣ ва кафили рушди ояндаи мамлакат ба шумор мераванд. Аз ин рӯ, омӯзиш ва таҳлилу баррасии нуктаҳои муҳимми Паёмҳои солонаи Сарвари давлат дар таҳкими рукнҳои давлатдорӣ аҳамияти басо муҳим дошта, барои таъмини суботи сиёсӣ, ба амал бароварданирушди марҳилаҳои баъдии соҳаҳои ҷамъиятӣ ва таъмини амнияти миллии Тоҷикистон нигаронида шудаанд. Зиёиён, равшанфикрон ва таҳлилгарон, ки шарҳу тавзеҳи нуктаҳои муҳимми Паёмҳои солонаи Сарвари давлати рисолати асосии онҳо ба шумор меравад, бо роҳу усулҳои гуногун ба таҳлилу омӯзиши матни Паём машғул мегарданд. Дар аксар маврид мушоҳида намудан мумкин аст, ки таҳлилҳои онҳо бо назардошти соҳаҳои ҳаёти ҷомеа анҷом мепазиранд. Агар дар баробари ин, матни Паём бо назардошти воҳидҳои мантиқӣ таҳлил гардад, фаҳму дарки нуктаҳои муҳимми он хеле осон ва нишонрас мегардад.

Исозода Тоҷиддин Исо,

номзади илмҳои сиёсӣ,

муовини ректор оид ба корҳои тарбиявии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав