Имрӯз 8-уми феврали соли 2024 дар Китобхонаи бинои асосии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав суҳбат- вохӯрии Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, ректори донишгоҳ бо ҳайати омӯзгорону кормандони донишгоҳ оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он оид ба рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, саноат, энергетика, нақлиёт, сайёҳӣ ва маориф суханронӣ намуд.