Ба навиштаи Асадуллои Саъдулло, ки 10 феврали соли равон дар саҳифаи номбурда дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук нашр шуд.

Қабл аз ҳама, ба Асадуллои Саъдулло барои бетафовут набудан ба фаъолияти донишгоҳ арзи сипос менамоем.

Пешниҳодоти номбурда дар мавриди дарвоза ва панҷараҳои атрофи донишгоҳ қобили қабул аст. Хоса, дар мавриди дарвозаи асосии донишгоҳ номбурда пешниҳоди асоснок ироа кардааст, ки ҳатман мадди назари роҳбарият хоҳад буд.

Вобаста ба эродҳои муаллиф, ки ба нимпайкараи Носири Хусрав рабт доранд, эътироф менамоем, ки матраҳ шудани ин масъала низ муҳиму саривақтист.

Лозим ба ёдоварист, ки чанд сол қабл сохтмони бинои асосӣ ва дигар иншооти марбут ба донишгоҳ оғоз гардида буд. Мутаассифона, бо сабабҳои гуногун корҳои сохтмонӣ дар иншооти зикршуда қатъ гардида, аз ин лиҳоз ҳаллу фасли масъалаҳои ба рушди донишгоҳ мусоидаткунанда то андозае ба таъхир афтодааст.

Мо, аҳли донишгоҳ боварии комил дорем, ки бо дастгирии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки маориф самти афзалиятноки давлатдориашон аст, ояндаи наздик корҳои сохтмонӣ дар ин биноҳо аз нав шурӯъ мегарданд. Дар сурати мавриди истифода қарор гирифтани онҳо, гузоштани пайкараи ин шахсият дар назди бинои асосӣ ҳал мегардад.

Дар маҷмӯъ, роҳбарияти донишгоҳ ба тамоми эроду пешниҳод, ки аз тариқи воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ баён мегарданд бо ҳамдигарфаҳмӣ муносибат намуда, кӯшиш ба харҷ хоҳанд дод, ки дар ҳамгироӣ мушкилоти мавҷуда бетаъхир бартараф шавад.