Таҷрибаомӯзони факултети Менеҷмент ва идораи сайёҳии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Бохтар ба таҷрибаомӯзии педагогӣ фаро гирфта шуданд.

Раванди таҷрибаомӯзӣ аз ҷониби Раёсати донишгоҳ ва шахсони масъул аз факултет пайваста назорат карда шуда, ба донишҷӯён маслиҳатҳои саривақтӣ дода мешавад.

Ин навбат ба таҷрибаомӯзон оид ба давомоти онҳо, тарзи пур кардани ҳуҷҷатҳо, тафтиши тайёрии донишҷӯён ба дарсҳо бо айёниятҳои зарурӣ, ташкил намудани чорабиниҳои тарбиявӣ, кор бо роҳбарони синф ва синфҳои вобасташуда маслиҳатҳо дода шудаанд.