Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ, зери унвони “Артиши миллӣ-сипари боэътимоди Ватан” доир гардид.

Чорабинӣ бо сухани табрикии Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, ректори донишгоҳ оғоз гардид. Дар идомаи чорабинӣ Алимов Давлаталӣ, профессори донишгоҳ дар мавзуи “Артиши миллӣ-зодаи даврони соҳибистиқлол” маърӯза намуд.

Дар чорабинии мазкур намоиши машқҳои элементӣ, намоиши ҷанги тан ба тан, арҷгузорӣ ба Парчами миллӣ бо як маҳорати баланд пешниҳоди иштирокчиён гардонида шуд.

Қисмати фарҳангии чобариниро дастаи “Леваканд”-и назди донишгоҳ, ки фарогири шеъру суруд, рақсу тарона буданд, мазури ҳозирин гардонида шуд.