Дар Мавзеъи таълимию таҷрибавии “Зағертут” бо мақсади тозаю озода намудани дарахтони сояафкан, корҳои тозакунӣ бо маром идома дорад. .

Ёдовар мешавем, ки Мавзеи таълимию таҷрибавии “Зағертут”-и шаҳри Левакант, ки ба донишгоҳ тааллуқ дорад, дорои 5 гектар замин буда, дар майдони 3 гектари он боғ бунёд шудааст.

Бояд гуфт, ки ҳайати устодону донишҷӯёни факултети химия ва биологияи донишгоҳ ин мавзеъро ҳамчун замини таҷрибавӣ барои амалӣ намудани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ истифода мебаранд.