Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ самти афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии давлат дар шароити амалишавии ғояҳо ва арзишҳои ҳуқуқӣ мебошад. Он қисми таркибии тарбияи ахлоқию маънавии шахс, воситаи наздик гардондани ҳар як узви ҷомеа бо арзишҳои ҳуқуқии умумиэътирофшуда ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, тарбияи ҳуқуқӣ омили муҳими рушди ҷомеа маҳсуб меёбад. Баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, таълиму тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, тавассути фаъолияти мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо, шаҳрвандон ва ҷалби воситаҳои ахбори омма амалӣ мегардад.

Рушди давлати ҳуқуқбунёд, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ, таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ дар мамлакат фарҳанги баланди ҳуқуқиро талаб мекунад, ки бе он арзишҳо ва принсипҳои асосии ҳаёти ҷомеа, аз қабили волоияти қонун, арзиши олӣ доштани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои бегонашавандаи ӯ, таъмини ҳифзи боэътимоди манфиатҳои ҷамъиятӣ пурра амалӣ намегарданд.

Маърифати ҳуқуқӣ ба шахс имкон медиҳад, ки аз ҳуқуқҳои худ истифода намуда, уҳдадориҳои худро иҷро намояд, маҳдудиятҳои дар қонунгузорӣ муайяншударо риоя кунад, инчунин оқибатҳои ҳуқуқии амалҳои худро дарк намояд. Қобилияти шаҳрвандон оид ба истифода аз воситаҳои ҳуқуқӣ ба ташаккули ҷаҳонбинии ҳуқуқӣ ва ба қонун итоат намудан мусоидат менамояд. Чунин шуури ҳуқуқӣ имкон медиҳад, ки арзиши бунёдии қонун ҳамчун падидаи зарурӣ ва самараноки иҷтимоӣ баланд бардошта шавад. Ғайр аз ин он метавонад муносибати рафтории шаҳрвандонро ба куллӣ дигаргун созад, ки дар натиҷа дар мафкураи онҳо принсипҳои инсондўстӣ, қонуният, баробарӣ, масъулият ва адолат боло мегиранд.

Сарвари давлат бо мақсади амалӣ шудани меъёрҳои Конститутсия, гиромидошти 30-солагии рӯзи қабули ин санади тақдирсоз пешниҳод намуданд, ки соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон карда шавад. Дар ин замина, фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон намудани соли 2024” аз 31 декабри соли 2023 қабул гардида, ки тибқи он соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон карда шуд. Соли 2024-ро “Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон намудан аввалан аз он шаҳодат медиҳад, ки давлату ҳукумати мамлакат ба масъалаи маърифноккунии ҳуқуқии аҳолӣ, риоя ва ҳифзи ҳуқуқҳои инсон, тарғибу ташвиқи рафтори ҳуқуқӣ диққати асосӣ медиҳанд. Бо чунин эълон тамоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, шахсони ҳуқуқӣ новобаста аз шакли моликият ва дигар қишрҳои ҷомеа ба анҷом додани чорабиниҳои самаранок дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ҷалб карда шудаанд.

Мақсади соли 2024-ро “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон намудан ин баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, тарғиби арзишҳои демократӣ, мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон, муносибати эҳтиромона ба он, баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар рӯҳияи эҳтиром нисбат ба он ва таъмин намудани волоияти қонун, ташаккул додани низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ, оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ ва ногузор будани масъулияти ҳуқуқӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти тамоми субъектҳои тарғиб ва ташвиқи ҳуқуқӣ, ташкил намудани механизми самараноки ҳамкории давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад. Мақсад аз ҳадафи асосии сиёсати ҳуқуқии мамлакат қарор гирифтани баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар робита бо расидан ба ҳадафу мақсадҳо ва вазифаҳои давлати ҳуқуқбунёд, аз ҷумла баҳри дар амал татбиқ намудани ҳама арзишҳои давлати ҳуқуқбунёд, ба монанди волоияти ҳуқуқ ва қонун, иҷрои масъулияти ҳуқуқӣ, иҷрои уҳдадории эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои дигарон мебошад.

Ташаккули фарҳанг ва тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ масъалаи калидии давлату ҳукумат ба ҳисоб рафта, аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ба ин раванд таваҷҷуҳи махсус равона шуда, дар ин замина як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардидаанд, ки фаъолиятро дар ин самт пурра танзим менамоянд.

Сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ ва тарғиби ҳуқуқӣ шароит фароҳам меорад, ки шаҳрвандон аз ҳуқуқҳои худ истифода баранд, масъулият дошта бошанд ва ба имкониятҳои баробар, аз ҷумла имкониятҳои ҳуқуқӣ тавассути волоияти қонун дастрасӣ дошта бошанд, ки ҷиҳати расидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳадафҳои ворид шудан ба қатори давлатҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ мусоидат намояд. Дар ин масъал, Сарвари давлат воқеъбинона дуруст қайд менамоянд, ки “инсони дорои маърифати ҳуқуқӣ қодир аст, ки бо дарки моҳият ва аз худ намудани қонунҳои амалкунанда ҳуқуқ ва манфиатҳои худро пуштибонӣ намояд ва ин ҳолат хоси давлати муосири демокративу ҳуқуқбунёд мебошад”.

Ҳамзамон, масъалаи беҳтар гардондани сатҳи фарҳанг ва шуури ҳуқуқии аҳолӣ пайваста дар ҳар як Паёми Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ироа гардида, маҳаки бунёдии ҳар як ниҳоди амалкунанда ба ҳисоб меравад. Дар ин замина, як қатор барномаҳо, консепсияҳо ва стратегияҳо амал мекунанд, ки танҳо баҳри ноил шудан ба як ҳадаф – баланд бардоштани сатҳи фарҳанг ва шуури ҳуқуқии шаҳрвандон, ҳисси эҳтироми риояи қонун ва тамоми арзишҳои ҳуқуқӣ равона шудаанд.

Пешвои муаззами миллат дар тамоми суханрониҳои худ ба масъалаи маърифатнок намудани аҳолӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии онҳо диққати ҷиддӣ медиҳанд. Аз ҷумла дар Паёми худ Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018 қайд намуданд, ки «баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ омили асосии эъмори давлати ҳуқуқбунёд, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таъмин намудани волоияти қонун мебошад». Воқеан, эъмори давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ маърифати баланди ҳуқуқиро тақозо мекунад, ки бидуни он арзишҳои бунёдӣ ва принсипҳои ҷомеа, ба монанди волоияти қонун, афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон, ҳифзи манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрванд наметавонанд комилан амалӣ шаванд. Ҳамзамон, дар Паёми мазкур Сарвари давлат бинобар ба охир расидани муҳлати «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019», зарурати таҳия ва қабули барномаи нав барои даҳсолаи минбаъдаро пешниҳод намуданд. Бо ин мақсад, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2019, №599 «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030» тасдиқ гардид.

Дар раванди баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ фаъолияти тамоми мақомотҳои давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, шахсони мансабдор, хизматчиёни давлатӣ ва тамоми шаҳрвандон ва бахши хусусӣ бояд назаррас бошад. Тарбияи ҳуқуқӣ танҳо фаъолияти сохторҳои алоҳидаи ҷомеа буда наметавонад, зеро он ба тамоми қишри ҷомеа паҳн мегардад. Аз ин рӯ, тамоми мақомоту муассисаҳои давлатиро лозим аст, ки тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандонро дар маҳаки фаъолияти рӯзмараи худ қарор диҳанд.

Ҳамин тариқ, бе сатҳи баланди маърифати ҳуқуқии аҳолӣ таҳкими ваҳдати миллӣ, волоияти қонун ва тратиботи ҳуқуқӣ, риоя ва иҷрои қонун, афзалияти инсон, бегонанашавандагии ҳуқуқу озодиҳои ӯ, таъмини ҳифзи боэътимоди манфиатҳои оммавӣ пурра ба даст оварда намешавад. Дар партави ташаббуси Пешвои муаззами миллат тамоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, зиёиён, аз ҷумла муҳаққиқони ҳуқуқшинос ва шаҳрвандонро зарур аст, дар ташаккули маърифати ҳуқуқии аҳолӣ саҳмгузор бошанд.

Афзалшоҳи Рустам,

донишҷӯи факултети сиёсат ва идораи давлатии ДДБ ба номи Носири Хусрав