Дар ҷасалаи Шурои диссертатсионии 6D.KOA.016 – назди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ҳимояи номзадии Дустзода Мустафо Ҳафиз, дар мавзуи “Арзёбии тағйироти сохтории иқтисоди кишоварзӣ дар шароити диверсификатсиякунонии он (дар асоси маводи соҳаҳои кишоварзии вилояти Хатлон)” зери роҳбарии Мирсаидов Аврор Бобоевич, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, муовини директор оид ба корҳои илм ва таълими Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи милии илмҳои Тоҷикистон доир гардид.

Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ аз рӯйи ихтисоси 08.00.04.02 – Иқтисодиёти комплекси агросаноатӣ пешбинӣ шудааст.