Дотсентон Аҳмадов Сафармад ва Муродов Алишер бо хатмкунандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Абдураҳмонӣ Ҷомӣ вохӯрӣ намуда, қабули довталабонро ба ихтисосҳои амалкунандаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав шарҳу тавзеҳ доданд.

Ҳангоми вохӯрӣ бо хатмкунандагон оид ба раванди таълиму тарбия, мавҷудияти синфхонаҳои таълимӣ, базаи кадрии илмӣ, тахтаҳои электронӣ, марказҳои забономӯзӣ ва шароити зист дар хобгоҳ маълумот доданд.

Хатмкунандагон низ бо таваҷҷуҳ ба ихтисосҳои мавҷудаи донишгоҳ таваҷҷуҳ намуда, ДДБ ба номи Носири Хусравро ҳамчун макони касбу ҳунар барои таҳсил интихоб намуданд.