Имрӯз 29-уми феврали соли 2024 бо ташаббуси садорати факултети гумрук ва таҳлил иқтисодӣ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани самтҳои афзалиятноки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» бо иштироки доираи васеи падару модарони донишҷӯён вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар оғоз декани факултет Шодмон Бақоев вобаста ба баррасии рӯзномаи ҷаласа баромад намуда, қайд кард, ки баланд бардоштани сатҳи донишандӯзӣ ва таҳкими заминаи маънавии тарбияи ахлоқии фарзанд, маърифатноку дар рӯҳияи бунёдкорию созандагӣ тарбия намудани ҷавонон андешаронӣ намуд.

Эмомали Набизода, мудири шуъбаи тарбияи донишгоҳ баромад намуда ташкили баргузор намудани маҷлиси волидонро судманжд арзёби намуд.

Масъалаи дигари ҷаласа натиҷагирӣ аз ҷараёни давомоти донишҷӯён буд. Гуфта шуд, ки ҳар як донишҷӯ вазифадор аст, ки талаботи ҷориро иҷро ва барои ба даст овардани илму дониш ва азхудкунии касбияти соҳа ҷидду ҷаҳд намояд. Дар баробари ин, ба масъалаҳои риояи сару либоси тавсиявӣ ва маърифати муошират таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.