Дар ҷасалаи Шурои диссертатсионии 6D.KOA.048 – и назди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҳимояи номзадии Мусулмони Абдусамад, унвонҷӯи кафедраи технологияи иттилоотӣ ва методикаи таълими информатикаи ДДБ ба номи Носири Хусрав дар мавзуи “Методикаи такмили таълими технологияҳои иттилоотӣ дар омӯзиши фанҳои иқтисодӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ” баргузор шуд.

Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) -доктор аз рӯйи ихтисоси 6D011101.02 – Назария ва методикаи таълими информатика пешбинӣ шудааст.