Билоли Ҳигматулло – докторант PhD -и бахши дуюми ихтисоси иқтисодиёти Донишгохи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав

ТАШАББУСИ ПЕШВОИ ТОҶИКОН ШУҲРАТИ ҶАҲОНӢ ЁФТ!

Тоҷикистон бо талошу заҳмати Пешвои дурандешу хирадманд ва адолатпешааш тайи солҳои охир дар арсаи олам ҳамчун давлати ҷавону дорои ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонӣ шинохта мешавад. Далели ин гуфтаҳои мо ташаббуси панҷуми Пешвои муаззами миллат мебошад, ки 14-уми декабри соли 2022, дар иҷлосияи 77-ум дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Мутаҳид, қабул гардид. Акнун “Соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва санаи 21-уми март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар сартосари ҷаҳон ҷашн гирифта шавад.

Нахуст аҳсану офарин мехонем ба он фарзонамодаре, ки чунин фарзанди баору номус, дурандеш, ва хирадмандро ба дунё овардааст ва ҳазорон раҳмат ба он падаре, ки чунин писаро тарбият ва роҳнамоӣ намудааст.

Мо ифтихор аз он дорем, ки имрӯз Пешвои муаззами тоҷикон на танҳо ғами давлату миллат, балки дар сатҳи ҷаҳонӣ ташаббускор асту барои сокинони сайёра чораандешӣ менамояд ва пайваста барои шароити зиндагии мардум саъю талош меварзад.

Тоҷикистон яке аз он кишваре мебошад, ки аз ҷиҳати таъсис дар арсаи олам ҳамчун давлати ҷавон эътироф мегардад ва имрӯз Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба тамоми дунё собит намуд, ки мо гарчанде давлати ҷавон бошем ҳам, аммо дорои тамаддун ва фарҳанги ҳазорсола мебошем.

Мушкилоти зиёде, ки бо камшавии пиряхҳо алоқаманданд, вуҷуд доранд ва барои пешгирии аз он саъю талош бояд кард, то мушкилотҳои мавҷуда ҳаллу фасли худро ёбанд.

Обшавии пиряхҳо сатҳи баҳрро баланд мекунад. Пиряхҳо бешубҳа як ҷузъи муҳими табиат мебошанд, аммо онҳо дар асри гузашта таҳти таҳдид қарор доштанд. Дар натиҷаи фаъолияти инсон, аз ҷумла сӯзондани сӯзишвории истихроҷшаванда, ҳарорати миёнаи замин баланд мешавад. Баландшавии ҳарорати миёнаи замин пиряхҳоро назар ба ҷамъшавии ях дар он зуд об мекунад. Дар натиҷа микдори умумии пиряхии замин кам мешавад.

Гармшавии глобалӣ як масъалаи муҳимест, ки замини мо аз сабаби фаъолияти инсон ба монанди сӯзондани сӯзишвории истихроҷшуда дучор мешавад. Пиряхҳо ба мо нишон медиҳанд, ки гармшавии глобалӣ то чӣ андоза бадтар шудааст. Пиряхҳо гармшавии глобалиро тавассути обшавии баландшавии ҳарорати миёнаи замини мо нишон медиҳанд.

Манбаи аз ҳама муфиде, ки пиряхҳо медиҳад, оби тоза мебошад. Бисёр дарёҳои ҷаҳон пурра аз обшавии пиряхҳо ғизо мегиранд. Масалан, қаторкӯҳҳои Ҳимолой як пиряхи калон дорад, ки пиряхи Ганготри ном дорад. Ин пирях ба дарёи Ганг дар Ҳиндустон оби тоза медиҳад. Ганготри як деҳаи маҳаллӣ аст, ки дар байни ҳафт ҳазор нафарони азим ҷойгир шудааст. Вай дар достони қадимии “Махабҳарата”, ки беш аз панҷ ҳазор сол пеш навишта шудааст, зикр шудааст. Ба пирях баромадан, албатта, ҳам мазмуни худро дорад.

Дар рӯи Замин пиряхҳои кӯҳӣ ниҳоят бисёранд. Масоҳати онҳо ҳамагӣ 1.5 фоизи масоҳати сатҳи хушкиро ташкил медиҳад. Аҳамияти пиряхҳо дар табиат ва ҳаёту фаъолияти хоҷагии одамон ниҳоят калон аст. Пиряхҳо барои ноҳияҳои камбориши рӯи Замин ҳамчун манбаи об хизмат мекунанд. Яке аз чунин минтақаҳо Осиёи Миёна мебошад. Масоҳати умумии пиряхҳо дар кӯҳҳои Осиёи Миёна 17-18 ҳазор километри мураббаъро ташкил медиҳад. Аз он 60 фоиз ба Ҷумҳурии Тоҷикистон рост меояд. Пиряхҳои Тоҷикистон асосан дар кӯҳистони Помир воқеъ гардидаанд. Масоҳати онҳо 8500 километри мураббаъ буда, аз 8493 пиряхи хурду калон иборат аст. Аз онҳо дарёҳои калони Осиёи Миёна ғизо гирифта, заминҳои хушкро обшор мегардонанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешгирии ин мушкилиҳо, 14-уми декабри соли 2022, дар иҷлосияи 77-ум аз минбари баланди Маҷмаи Умумии Созмони Милали Мутаҳид дар баромади худ пешниҳод намуданд, ки соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва ҳамасола санаи 21-уми март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар сартосари ҷаҳон ҷашн гирифта шавад. Ин панҷумин ташаббуси Пешвои тоҷикони ҷаҳон аст, ки бо камоли эҳтиром аз тарафи 153 давлати дунё қобили қабул гардидааст.

Қабул ва дастгирӣ ёфтани пешниҳодҳо дар Созмони Миллали Мутаҳҳид кори басо душвор мебошад, аммо ин панҷумин ташаббуси Сарвари давлат аст, ки аз ҷониби кишварҳои аъзои ин созмони бонуфузи умумиҷаҳонӣ хуб пазируфта мешавад.

Ташабусҳои тоҷикон дар сатҳи ҷаҳонӣ бузург аст, аммо саҳми Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузургтар. Шаҳрвандони Тоҷикистон (махсусан ҷавонон)-ро зарур аст, ки ин корнамоиҳои роҳбари мамлакатро нодида нагиранд ва ҳамеша бунёдкор, созанда, ташаббускор, пайрав ва давомдиҳандаи ҳадафҳои олии Тоҷикистони зебоманзар бошанд.