Имрӯз ректори ДДБ ба номи Носири Хусрав профессор Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат пас аз иштирок дар Форуми дуюми ректорони Муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо 3 донишгоҳи Ҷумҳурии Ӯзбекистон – Донишгоҳи давлатии Самарқанд, Донишгоҳи давлатии аграрии Тошкент, Донишгоҳи милии таҳқиқотии “Донишкадаи муҳандисони иригатсия ва механизатсияи хоҷагии қишлоқи Тошкент” шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид.