• Бахшида ба “Ҳафтаи илм”

Журналистика яке аз соҳаҳои сермаҳсули ҷомеа буда, муҳаққиқон онро чун “Василаи шиносонидани ҳамдигарӣ, василаи муайян кардани ҷойи худ дар ҷомеа ва дарёфтани манфиати худ” номидаанд. Дар ҳақиқат муайян кардани мавқеи иҷтимоӣ ва инсонияш дар ҷомеа барои ҳар фард муҳим буду ҳаст. “Журналистикаро баъзеҳо яке аз мақомҳои иҷтимоии ҷомеа ҳисоб мекунанд ва дигарҳо ин мафҳумро тақвият дода, балки баланд бурда, рукни чоруми ҷомеа мегӯянд. Журналистика воқеан дар ҳаёти иҷтимоии ҷомеа нақши барҷастае дорад: вай эҳтиёҷи ҷомеаро, аз шахси алоҳида сар карда, то гурӯҳҳои калони он ба таври фаврӣ ва ҳамаҷониба ба ахбори хислати сиёсию иҷтимоидошта таъмин мекунад, тавассути иттилооташ ба мафкураи одамон таъсир мерасонад, ақидаи онҳоро бедор мекунад, мафкураашонро савқ мебахшад, онҳоро ба ҳаракат меоварад. Ҳеҷ кадом василаи дигар ба ҳамин шакл, сатҳ ва шева ин корро иҷро карда наметавонад”.

Соҳаи журналистика доманаи васеъ дошта, ҳама ҷанбаҳои ҳаёти ҷомеаро дар бар мегирад ва онро таввасути ихтисосмандони худ, яъне рӯзноманигорон дар жанрҳои гуногун ба омма пешниҳод месозад. Дар ин самт ва дар ин соҳа ихтисосмандони ботаҷрибае чун Дебора Поттер (рӯзноманигори мустақил), Уолтер Липпан (ҷоизадори дукаратаи Пулитсеров), Томас Фридман, Энтони Шадид (рӯзноманигори амрикоӣ), Роберт Фиск, (журналисти Британия), Кейт Ади, Эктрин “Кейт” Ади (рӯзноманигори бритониёӣ), Кристиан Аманпур (рӯзноманигори байналмилӣ) ва чандин рӯзноманигорони сатҳи ҷаҳонӣ ин соҳаро ба дараҷаи баланди касбият расонидаанд. Дар кишвари мо низ сол то сол соҳаи журналистика беш аз пештара рушд карда, дар инъикоси ҳаёти ҷомеа, бурду бохт ва мушкиливу дастовардҳои мардуми диёр саҳмгузорӣ менамоянд.

Жанр аз калимаи фаронсавӣ гирифта шуда, навъ- намуди маводи публитсистӣ, шакли ташкил ва инъикоси воқеият мебошад, ки маҷмӯи аломатҳои сохториву композитсиониро фарогир аст. Дар журналистика баъзе онро шаклҳои муайяни инъикоси воқеият тавсиф намоянд, гурӯҳи дигар тартиби маънавии нисбатан устуворро омили асосии ташкили жанр меҳисобанд.

Шаклҳои гуногун ва мухталифи инъикоси воқеа, ҳолату рӯйдод, ҷараён ва вазъият, ки аз ҷиҳати аломат, хусусият ва сохти унсурҳои умумӣ, такроршаванда ва хоса доранд, жанр номида мешавад. Дар назарияи журналистикаи муосир чун қоида ва сифати аломатҳои асосии жанрсоз предмети инъикос, мақсади инъикос ва усули инъикос низ шинохта мешавад. Ин омилҳо дар ҷараёни ташкили жанр низ беаҳамият нестанд. Ҳар гуна зуҳуроти табиӣ ва иҷтимоӣ, ки барои инсон аҳамият дорад, метавонад предмети инъикос қарор гирад. Аммо танҳо предмети инъикос омили жанрсоз буда наметавонад. Дар инъикоси предмет муносибати муаллиф нақши муҳимро иҷро мекунад. Муносибати муаллиф ва предмети инъикос боиси рангорангии жанрҳо ва муайян шудани мушаххасоти онҳо мегардад.

Жанр табиати худро дорад, ки таркиби онро категорияҳои гуногун: таърихӣ, шакли махсуси ташкили мавод, типологӣ, гносеологӣ, мифологӣ, аксеологӣ ва эҷодию созмондиҳӣ ташкил медиҳанд. Жанр тартиби шаклӣ ва маънавии нисбатан устувори ташкили асар, ки мундариҷаи он ба тарзи муносибат ба воқеият ва дараҷаи маърифати эҷодкор вобаста мебошад.

Ҳар як жанр хусусият ва аломатҳои характерноки худро дорад. Жанрҳо, пеш аз ҳама, бо хислати объекти инъикосшаванда фарқ мекунанд. Дар бисёр ҳолатҳо объекти публитсистикаро фактҳо, воқеияти иҷтимоӣ ташкил медиҳанд. Дар хабар факт инъикос мешавад. Дар мухбирнома, репортаж, ҳисобот, очерк ва монанди инҳо сухан бевосита дар бораи ҳодисаҳои зиндагӣ меравад. Дар ҳолати дигар (масалан, дар навиштани тақриз баъзан табсира) муаллиф ба тавзеҳи воқеият сару кор мегирад.

Муҳаққиқони соҳаи журналистика жанрро ба гурӯҳҳои алоҳида ҷудо кардаанд. Яке аз чунин муҳақкиқон М. Муродов дар китоби хеш “Асосҳои эҷоди журналистӣ” гурӯҳҳои жанри публитсистиро чунин тақсимбандӣ намудааст:

„ Жанрҳои ахборӣ;

„ Жанрҳои таҳлилӣ;

„ Жанрҳои публитсистиию бадеию ҳаҷвӣ.

Жанрҳои публитсистӣ- бадеӣ (лавҳа, очерк, фелетон, памфлет, пародия, луқма, эпиграмма, шарж), ки дар онҳо воқеаҳои ҳаётӣ дар қолаби бадеӣ, вале типнашуда тасвир меёбанд.

Очерк аз жанрҳои маъмул, серистифода ва нисбатан паҳншудаи публитсистика ва адабиёти бадеӣ ба ҳисоб меравад. Очерк жанрест, ки корнамоиҳои шахсони воқеии дар корзорҳои меҳнатӣ, истеҳсолот, илму фарҳанг ва мактабу маориф иҷронамударо фаро мегирад. Ин жанр таърихи тӯлонӣ дошта, бо мурури замон ташаккулу таҳаввул ёфтааст. Месазад, ки дар бораи таърихи ташаккул, махсусияти жанрӣ ва анвои он ба тарзи алоҳида маълумот ироа намоем.

Дар қомусу луғатномаҳо очеркро ҳамчун тарҳ, суроб намуд, ҳикоят ёддошт тавсиф намудаанд. Дар асл “очерк” калимаи русӣ буда, маънои тасвир ва тавсифи таблиғиро дорад. Дар Аврупо баъдан онро “скетче, эссе” ва “репортажи бузург” низ меноманд.

Муҳаққиқ М. Муродӣ очеркро чунин шарҳ додааст: “Очерк жанри публитсистию бадеӣ буда, тасвири фактҳои воқеӣ ва зуҳуроти ҳаёти иҷтимоиро дар бар мегирад”.

Пайдоиши очеркро муҳаққиқон ба асри 18 мансуб донистаанд. Муаллифони китоби “Ҳамосаи инсони кор” таъкид намудаанд, ки “нахустин бор” маҷаллаҳои “Болтун” (1707-1711) ва “Зритель” (1711-14) маводеро нашр намуданд, ки аз лиҳози шеваи баён ба очерк монанд буд.

Дар адабиёти Аврупо бошад, пайдоиши очеркро ба осори нависандагони маорифпарвар Р. Стил, Ҷ. Ҳаддисан, Л. С. Марсе, Д. Дидро ва дигарон алоқаманд медонанд. Ин нависандагон кӯшиш мекарданд, ки дар инъикоси воқеаҳо ҳарчи бештар ба ҳақиқат такя намоянд.

Дар адабиёту публитсистикаи рус ин шакли эҷод аз осори Н. И. Навиков, А. Н. Радишев шурӯъ гардида, минбаъд тавассути нигоштаҳои адибону публитсистон инкишофу таҳаввул ёфтааст.

Дар адабиёту публитсистикаи тоҷик унсурҳои жанри очеркро дар адабиёти тоинқилобӣ, хоса асарҳои Носири Хусрав- “Сафарнома”, Шарофуддини Яздӣ – “Зафарнома”, А. Дониш-“Наводир-ул-вақоеъ”, Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ “Савонеҳ-ул масолик”, Мирзо Сироҷи Ҳаким “Туҳфаи аҳли Бухоро” вохӯрдан мумкин аст, аммо аз сабаби он ки дар ин асарҳо суханони воқеъгароёнаву мухайял ба ҳам омезиш ёфта, диди бевоситаи муаллифон бартарӣ дорад, онҳоро пурра очерк номидан дуруст нест,- мегӯяд муҳаққиқ М. Муродӣ.

Ташаккул ва таҳаввули жанри очерк ба пайдоиши матбуот ва инкишофи он сахт марбут аст. Ба ин маънӣ нахустнашрияи тоҷикии “Бухорои Шариф” ва ҳафтаномаи “Шӯълаи инқилоб” барои таҳаввули очерк майдони хубе буданд. Агар дар “Бухорои Шариф” ва нашрияҳои дузабона амсоли “Оина” диди шахси пешнигар дар таҳқиқи воқеият тафсили ҳаводис ҷо ҷо ба назар расад, асари устод С. Айнӣ “Амирони манғитияи Бухоро” , (“Таърихи силсилаи мантиғитияе, ки дар Бухоро ҳукм рондаанд”) аввалин нигоштаҳои публитсистиест, ки таҳти унвони очерк дар 9 шумораи соли 1920 ва 18 шумораи соли 1921-и ҳафтаномаи “Шуълаи инқилоб” ба табъ расид.

Асарҳои дигари С. Айнӣ “Таҳсиб-ус-сибён”, “Аҳмади девбанд”, “Ҷаллодони Бухоро”, “Абулқосим Лоҳутӣ-бузургии бемаргу бемисол”, “Пайрав” ва дигарон бо вуҷуди пурра набуданашон аз таҳқиқи публитсистӣ зиёдтар бархӯрдоранд. Дар солҳои 1920-1930 бо ба вуҷуд омадани низоми матбуот адибону публитсистон ба таълифи очерк таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуданд. Аз ҷумла, С. Айнӣ, М. Турсунзода, Ҳ. Карим, Ҷ. Икромӣ, Р. Ҷалил ва дигарон дар заминаи омӯзиши таҷрибаи адибони халқҳои дигар тарҳи нави очеркнависиро ба вуҷуд оварданд.

Ин тарҳи навро устод Айнӣ дар хотимаи нахустин очерки бадеии худ “Колхози Коммунизм” ин тавр шарҳ дода буд: “На достон аст, на афсона, на очерк аст, на муболиға, балки як факт аст, ки бо номҳои реал чунонки буд, тасвир карда шуд”.

Дар “Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик” моҳияти очеркро чунин шарҳ додаанд: “Яке аз намудҳои ҷинси эпикии адабиёти бадеист, ки дар асоси нақлу баёни тасвири шахсони реалӣ ва ҳодисаҳои воқеӣ шакл гирифта, хусусияти адабӣ, публитсистӣ ва илмиро дорост. Асоси мундариҷаи ғояи онро кашфиёти иҷтимоӣ, воқеаҳои муҳими зиндагӣ муайян мекунад”.

Дар адабиётшиносӣ ва публитсистика ду шакли очерк- публитсистӣ ва бадеӣ эътироф шудааст. Ин ашкол ба ҳам монанданд ва баъзе тафовуташонро нисбат ба ҳамдигар тарзи баён, доманаи тасвир, зиддиятҳои иҷтимоӣ ва ғайра ташкил медиҳад.

Дар хусуси анвои очерк бо вуҷуди байни муҳаққиқон ихтилофи назар вуҷуд доштан, аксарият се навъи он-очерки портретӣ, очерки проблемавӣ ва очерки сафариро эътироф мекунанд. Асоси таснифоти анвоии жанри очеркро се ҷиҳат – шахс, проблема ва хулосаи муаллиф ташкил медиҳад. Яъне шахс ҷавҳари очерки портретӣ, проблема асоси очерки проблемавӣ ва хулосаи нигоранда мабнои очерки сафарӣ аст, аммо бо вуҷуди ин ҳар гунаи очерк бе проблема буда наметавонад .

Қаҳрамони марказии очерки портретӣ инсон аст, инсоне, ки бо кору пайкор, созандагиву бунёдкорӣ, ватандӯстиву инсонпарварӣ намунаи дигарон аст. Вазифаи очеркнавис пеш аз ҳама он аст, ки симои чунин шахсро бо фаро гирифтани лаҳзаҳои гуногуни ҳаёти ӯ, бархӯрдҳои иҷтимоӣ, лаҳзаҳои рӯз ва амсоли ин нишон диҳад, зеро вазифаи аслии ин навъи очерк одамони хубро шиносонидан, таҷрибаи пешқадами онҳоро нишон додан ва ахлоқи намунавиро паҳн кардан аст.

Қаҳрамони очерки портретӣ пеш аз ҳама шахсе интихоб мешавад, ки бо кору фаъолият ва хислатҳои наҷибаш аудиторияро ба худ ҷалб бисозад. Вай метавонад намояндаи соҳаи гуногуни фаъолият-деҳқон, кишоварз, муҳандис, олим, муаллим, табиб ва ғайра бошад. Муҳим он аст, ки фаъолияти ӯ, муносибат ва хулқу атвори ӯ на танҳо миёни коллективи худ, балки канортар аз он байни мардум намунаи ибрат гардида бошад.

Мо масъалаи инъикоси ҳаёт ва фаъолияти шахсони пешқадамро ки рафтору кирдорашон намунаи ибрати дигарон аст, дар маҷаллаи “Сафо” пайгирӣ карда, муайян намудем, ки маводи ба жанери очерк бахшидашуда зиёд ба назар мерасад.

Дар ин маҷалла яке аз журналисте, ки дар бораи сарбози қисми ҳарбӣ очерк навиштааст Муҳаббат мебошад. Муаллифи он кӯшиш кардааст, дастоврдҳои қимсҳои ҳарбиро низ дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, огоҳ будан аз арзишҳои миллӣ ва баланд бардоштани фарҳанги пурғановати миллатамон дар мисоли сарбози муваффақи вилоят нишон диҳад.

Очерки Муҳаббат «Ҷони ватанпарвар ва худогоҳ», ки дар шумораи №12, соли 2023 бахшида ба соли нави мелодӣ чоп шудааст, дар бораи сарбози қисми ҳарбӣ иттилоъ медиҳад. Журналист менигорад: “Дар – гурӯҳи калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун Ҳасани Назар- сарбози қисми ҳарбии №13483-и ноҳияи Данғара ба дарёфти Шоҳҷоизаи озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон»- оинаи таърихи миллат сазовор гардид, ки ин мояи ифтихори тамоми сокиинони вилояти Хатлон гашт.

– Бо шарофати падари бузургворам дар айёми мактаббачагӣ китоби «Тоҷикон» -и Аллома Бобоҷон Ғафуровро хонда будам, он кас ба мо пайваста мегӯфтанд, ки ҳар фарзанди Ватан бояд ҳатман ин шоҳасарро мутолиа карда, аз гузаштаи худ огоҳ бошад. Вақте насиҳати падарро ба ҷо овардам баъд фаҳмидам, ки ман кистаму гузаштагонам кистанд ва чаро бояд ман аз миллати худ ифтихор кунам- мегӯяд Ҳасан Назар.

Журналист менависад, ки ҳангоми озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон»- оинаи таърихи миллат Ҳасан Назар дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат адои хизмати Модар- Ватан мекард ва ӯ ба замми уҳдадориҳои ҳарбӣ ҳамчунин аз шароити имконоти фароҳамовардашуда дар қисми низомии ноҳияи Данғара истифода бурда, ба ин сабқати зеҳнӣ омодагӣ дидааст.

Маҳз ақлу идрок ва тарбияи ин фарзанди бонангу ор ва худогоҳу хештаншинос аст, ки вай дар ҳамаи давраҳои озмуни ҷумҳуриявӣ «Тоҷикон» – оинаи таърихи мимллат фаъолона ширкат варзида, бо донишу маърифати худ Шоҳҷоиза ва 70 ҳазор сомониро ба даст овард.

Ба ин муносибат дар майдони марказии ноҳияи Данғара маросими бошукӯҳ баргузор гардид. Роҳбарияти ноҳия, намояндагон ташкилоту муассисаҳо омӯзгорону хонандагон ва сокинон ин ҷавони хуштолеъро зери ливо ва садои карнаю сурнай бо гулу гулдастаҳо истиқбол гирифтанд, то ин ки ба дигар наврасу ҷавон низ мисли Ҳасан Назар намунаи ибрат гарданд.

Муаллифи мавод – Муҳаббат барои ҷолиб гардидани очерк ду акси қаҳрамонро истифода бурдааст, ки муассирии мавод ба хонанда бештар мегардад. Очерки дигаре, ки диққати маро ҷалб кард, дар рубрикаи “Ҳунарҳои мардумӣ” ҷой дорад, ки фаъолияти бонуи ҳунарманди нонпаз таҳти унвони “Нонҳои хушмаззаи Хуросон” буда, дар шумораи №11 аз моҳи ноябри соли 2022 чоп шудааст.

Қаҳрамони очерк ‟Хуросон Суннатуллоева, зани ҳунарманде мебошад, ки ба касби нонпазӣ машғул буда, ҳамарӯза ба аҳолии шаҳри Бохтар хизмат мерасонад. Журналист Нуриниссо Муртазоева ақидаи худро дар бораи ҳунари қаҳрамонаш чунин менигорад: – Дар хусуси нонҳои болаззати апаи Хуросон Суннатуллоева борҳо шунидаву мақсад доштам, ки бо кору бори ин бонуи ҳунарманд аз наздик шинос шавам. Бо ҳамин ният роҳ ба суйи коргоҳи нонпазон гирифтам. Дар дукон кор дар авҷ буд. Бонувон бо роҳбарии апаи Хуросон нон мепухтанду мизоҷон бо навбат ва мувофиқи табъ аз онҳо харидорӣ мекарданд. Хуросон Суннатуллоева зодаи Кӯлобшаҳри бостонист, дар ҳамин ҷо тарбия ёфтаву ба камол расидааст.

Замоне, ки ӯ мактаби миёнаро хатм намуд, шавку завқи ҷавонӣ дар дилаш бо тамоми назокату фасоҳаташ ҷуш мезад. Ӯ мехост санъаткор шавад, бо рақсҳои марғубу дилошуб дар рушди санъати рақси тоҷик саҳм гузорад. Ин буд, ки баъди хатми таҳсил бо ҳамроҳии ҳамсабакаш Хайринисо Ватанова, ҳоло Ҳунарпешаи ҳизматнишондодаи Тоҷикистон, қарор доданд, ки ба Донишгоҳи санъати Тоҷикистон дохил мешаванд. Вале тавре апаи Хуросон мегӯяд, зиндагӣ роҳу равиш ва конунҳои худро доштааст. Ӯ имконият пайдо накард, ки ин орзуи худро амалӣ гардонад.

Бо амри тақдир оилаи апаи Хуросон ба шаҳри собик Қӯрғонтеппа, ҳоло Бохтар кӯч баст. Дар ин ҷо ҳам ӯ кори худро идома дода, барои боз ҳам васеъ намудани тиҷораташ кӯшиш ва занони хонашинро ба кор ҷалб намуд. Ин ҷо низ ба мушкилиҳо дучор омада бошад ҳам, наҳаросид баръакс бо матонат, азму иродаи қавӣ ба кор часпид. Заҳматаш самараи нек ба бор овард, дар як муддати кутоҳ муштариёнаш зиёд шуд ва тиҷораташ авҷ гирифт.

Ман ҳунари нонпазиро, ки бароям мерос аз модари меҳрубонам аст, сидқан такмил додам, кӯшиш намудам, ки самари меҳнатам бомаззаву лаззат ва хурданбоб шавад. Маҳсулот,ки талабгорони худро пайдо намуд, муштариёнаш зиёду даромадаш ҳам афзудан мегирад.

Қаҳрамони очерк ‟ апаи Хуросон ҳамаи муваффақияту комёбиҳояшро аз шарофати соҳибистиқлолии кишвар, ғамхориҳои давлату Ҳукумати мамлакат бахусус Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҳунарҳои мардумӣ ва меҳнати поку ҳалол медонад.

Хуросон Суннатулоева бо бонувони нонпазаш Дилбар Сангова ва Заррина Ҷамшедова дар андешаи боз ҳам васеътар намудани коргоҳ ва рушди ҳунарашон мебошанд. Талош бар он доранд, ки муштариёнашон боз ҳам бештару хони мардум пур аз нонҳои гарму лазиз бошад.

Шахсиятҳои муввафақ намунаи ибрати дигарон буда, дар рушди ҳамаи соҳаҳои халқи вилоят саҳмгузоранд.

Маҷаллаи “Сафо” бо жанри очерк дар инъикоси кору пайкори шахсони муввафақ ва чехраҳои мондагор нақши муҳим мебозад. Ин ҷо мехоҳем оид ба навъи дигари очерк-очерки портретӣ маълумот диҳем. Аслан ҳар навъи очерк ба проблема мубтало аст. Ба ин маънӣ И. Усмонов дуруст таъкид мекунад: “Очерке, ки проблема надорад, ба зиндагии воқеӣ таъсире надошта, дар ёди хонанда низ намемонад. Аммо таносуби проблема ва мавқеи он дар анвои очерк яксон нест”. Дар очерки портретӣ проблема ва характери қаҳрамон ва муносибати он бо кору зиндагӣ рабт мегирад. Барои очерки проблемавӣ қазияву мушкилот, гузоришу ҳалли онҳо ҳукми асосӣ ба ҳисоб меравад. Ба ибораи дигар очерки проблемавӣ ба мушкилоти зиёд иртибот мегирад.

Дар ин навъи очерк асосан масъалаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ дар мадди назар қарор гирифта, хулосаҳои публитсистӣ мақоми аввалиндараҷаро касб мекунанд. Дар он тавассути ба риштаи сужа кашидани силсилаи воқеаҳои ба ҳам алоқаманд, муаммоҳои муҳимтарини ҳаёт ба миён гузошта мешаванд. Мақсади асосии ин очерк ифшо ва ба миён гузоштани мушкилот, таваҷҷуҳи аҳли ҷамъият, масъулин ва давлатро ба масъалаҳои муҳими рӯз ҷалб кардан аст.

Аз таҳлилҳо маълум гардид, ки дар журналистикаи тоҷик очерки портретӣ бештар мушоҳида мешавад.

Шарипова Меҳрангез,

омӯзгори кафедраи рӯзноманигории

ДДБ ба номи Носири Хусрав