• Бахшида ба ҳафтаи илм

Аҳли хонаводаи Сафаровҳо дар Кӯлоби бостонӣ ниҳоят муътабаранд. Фарзандони ин хонадон, аз қабили Шакар Сафар, Ашӯр Сафар ва Ниёз Сафар аз ситораҳои пурҷилои илму маориф ва адаби Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

Падару бобоҳои мо бо падар ва бобоҳои хонадони мазкур рафтуо доштанд ва дар асл хешу таборӣ низ доранд. Махсусан ҳаёт ва фаъолияти меҳнатию илмӣ ва ҷамъиятии муаллими муаллимон Ниёз Сафар барои ман идеали хуби зиндагист. Устод Ниёз Сафар маро ба сафи донишҷӯёни факултети филологияи тоҷики Донишкадаи омӯзгории Кӯлоб (алҳол Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ) қабул карданд, аз фанни равоншиносӣ дарс додаанд ва ба шоҳроҳи зиндагӣ ҳидоят кардаанд.

Фарзанди дигари ин хонадон Ашӯр Сафар аз мактабҳои адабии Ғафур Мулло, Мирзолатиф Раҳимзода ва Саидалӣ Вализода хуб баҳравар шуда бошад ҳам, дар ҷодаи шеъру шоирӣ нисбат ба устодони хеш қадами устувортар гузошта, ба муваффақиятҳои беназир ноил гардидааст.

Мо самимияти хешро нисбати ин хонадон дар очерки «Азизи дилу дидаҳо» ки соли 2011 бахшида ба 80-солагии солгарди зодрӯзи Муаллими хизматнишондодаи мактабҳои ҶумҳурииТоҷикистон Ниёз Сафаров ба табъ расидааст, баён намудаем.

Алҳол оид ба чанде аз хушгӯиҳои Ашур Сафар дар хотироти яке аз устодонам-Бобоқул Қурбоналиев таваққуф карданиям.

Устоди камина зиндаёд Бобоқул Қурбоналиев бо бисёр шоирони хурду бузурги ҷумҳурӣ равобити дӯстӣ ва адабӣ дошт. Махсусан, дӯстияш бо Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, шодравон Ашӯр Сафар бардавом буд. Қариб ҳафтае набуд, ки бо Ашӯр Сафар вонахӯрад ва аз суҳбатҳои ширину гуворои вай баҳравар нагардад. Дар ин хусус як силсила хотираҳои Бобоқул Қурбоналиев бо номи «Ёди устод», ки дар китоби «Ҳабиби дилҳо» фароҳам омадаанд, гувоҳи ин фикранд. Аз мутолии онҳо, ки хеле ҳам самимона иншо шуда, қисман рӯи чоп дидаанд, хонанда ба ваҷд омада, аз ҷаҳони ботинӣ ва зоҳирии ин шоири шаҳир ба хубӣ воқиф мегардад.

Бояд тазаккур кард, ки дар атрофи шеъри Ашӯр Сафар, фоҷиаи ҳаёт маҳорати зарофатгӯӣ ва ҳозирҷавобии ӯ бисёр муҳаққиқон баҳс кардаанд, вале ҷолиб он аст, ки устод Бобоқул Қурбоналиев гуфтаҳои дигаронро такрор накарда, дар зимни суҳбатҳои шахсӣ ва мушоҳидаҳои ҳаётӣ дар ин бора суханҳои тоза гуфтааст ва паҳлуҳои мухталифи ҳаёт ва эҷодиёти ӯро ба риштаи таҳқиқ кашидааст.

«Ашӯр Сафар, -менависад Бобоқул Қурбоналиев, – марди бузургдилу бузургмеҳр буд. Хушбахт он касест, ки бо устод ҳамсуҳбат шуда, якҷоя чор қадам гузошта бошад, дастфишорию дасттакконияшро дида бошад. Дар урфият мегӯянд, ки умри одам аз бесомониҳои зиндагӣ, нокомиҳо кӯтоҳ мешавад. Фақат вақтҳои дар шикор будан (сайёдӣ кардан) ба умри одам дохил намешавад. Эҳтимол ин аз таҷрибаи зиндагӣ бошад. Ман фикр мекунам, ки лаҳзаҳои бо устод Ашӯр Сафар барин бузургон ҳамнишину ҳамроз будан низ ба умри одам дохил намешавад».

Дар сатрҳои дигари «Ёди устод» ва бурду бохт ва нокомиҳои ҷаҳони ботинии Ашӯр Сафар, ки ба ноосоиштагию нооромиҳои халқи азияткашидаи кишвари маҳбубаш сахт вобастагӣ дорад, сухан рафтааст. Бобоқул Қурбоналиев дуруст қайд мекунад, ки «Дарди шоир дарди миллат буд. Агар мо ба ин рӯзи бадбахт мубтало намегаштем, шоир низ ором мебуд, на сактаи дил мешуду на инсулт ва ба ҷашни 70-солагии мавлудаш тайёрӣ дидан мегирифт».

Дарвоқеъ, Ашӯр Сафар, Одина Ҳошим, Қутбӣ Киром ва дигар фарзандони ифтихорманди миллати тоҷик бо марги тибиӣ аз байн нарафтаанд. Мансабталошиҳо, ҷудоиандозӣ, ҷангҳои бародаркушӣ ва дигар воқеаҳои нохуши дар Тоҷикистон рӯйдоди умри онҳоро кӯтоҳ карда, ба олами улвӣ бурдааст.

Бобоқул Қурбоналиев дар натиҷаи мушоҳидаҳои мӯшикофона ду ҳадафи асосӣ доштани суҳбатҳои шоири бузург Ашӯр Сафарро ба хонандагон ошкор сохтааст. Яке «наштар задан, бо сухан «куштан»-и ашхоси қаллобу ҷаллоб» ва ба ибораи худашон «нест кардани фисқу фуҷур, фосиқони «маликулфосиқин» ва дигаре «малҳам бахшидан ба орифон шахсони соҳибэҳтирому соҳибфарҳанг».

Хулоса, дар китоби «Ҳабиби Дилҳо» ҷамъулҷамъ 12 хотираи Бобоқул Қурбоналиев дар бораи Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ Ашӯр Сафар гирд оварда шудааст. Ҳамаи онҳо самимию дилсӯзона буда, аз зиракию ҳозирҷавобӣ, хушгӯиву рангинхаёлӣ, олиҳимматию меҳмоннавозӣ ва инсони комил будани фарзанди барӯманди тоҷик-Ашӯр Сафар дарак медиҳанд. Кас аз хондан ва шунидани ин хотираҳо ҳаловат мебарад. Меҳру муҳаббаташ нисбат ба ин шоири бузург зиёд мешавад. Бояд ёдовар шуд, ки хотираҳои Бобоқул Қурбоналиев доир ба Ашӯр Сафар ниҳоят бисёр буда, теъдодашон аз 100 ҳам зиёданд. «Суҳбатҳои ман бо Мавлоно Ашӯр Сафар, -мегӯяд ӯ, -беинтиҳост. Он як қисми таркибии ҳаёти ман аст…».

Ашӯр Сафар хотираҳои хешро дар бораи Саидалӣ Вализода дар яке аз шумораҳои маҷаллаи «Садои Шарқ» таҳти унвони «Хушгӯиҳои Вализода» ба табъ расонда буд.

Устод Бобоқул Қурбоналиев ният дошт, ки хотираҳои хешро дар шакли китобчаи алоҳидае бо номи «Хушгӯиҳои Ашӯр Сафар» дастраси мухлисони бешумораш гардонад. Мутаассифона, марги бемаҳал ба ӯ имконият надод, ки ин орзуҳояш амалӣ гарданд. Ҳоло қисме аз хотираҳои зиндаёд Бобоқул Қурбоналиевро дар бораи устод Ашӯр Сафар ба шумо пешкаш карданием:

Забондонӣ

Боре аз устод Ашӯр Сафар пурсидам:

-Шумо забони ӯзбекиро медонед?

-Ҳа, калимаҳои даркориашро медонам, ҷавоб доданд устод, -масалан бо як даҳон «олма бер»-и бобои Миралӣ як мошин себ гирифтам.

Дар талвосаи ҷон

Аз Мавлоно илтимос кардам, ки дар бораи Вализода ягон нақл кунад. Рӯзи ҷанозаи устод Вализода, -ҳикоя кард Ашӯр Сафар, -бобои Миралӣ аз ман пурсид:

-Вализода чӣ васият кард?

-Ба қадрдонҳои ман бигӯ, ки ҳар чӣ ба ман медоданд, минбаъд ба ту диҳанд.

-Ба ман хаттӣ лозим аст, -гуфт бобои Миралӣ.

-О, раис дар талвосаи ҷон кӣ хат менависад?»

Дуо

Устод Ашӯр Сафар муддате дар мактаби шабона ба нобиноҳо дарс мегуфт. Ҳар вақт ба шунавандагонаш «Худо шумораатон зиёд шавад»- гӯён дуо медод. Рӯзе як шунавандаи кунҷкоб пурсид:

-Муаллим, чаро ин хел дуо медиҳед?

-Шумораатон, ки зиёд шуд, синфҳои нав мекушоянд ва соатҳои ман ҳам зиёд мегардад, -ҳазлкунон посух медиҳад устод.

Полезро ҳам мехӯрам

-Мегӯянд, ки Шумо як ҷувол харбузаро мехӯред, магар ин рост аст? ‟пурсидам аз Мавлоно.

-Агар пулаш додагӣ бошад, полезро ҳам мехӯрам, – завқ карда чак партофтанд он кас.

Аз мо безор шудаанд

Мавлоно Ашӯр Сафар вохӯрии донишҷӯёнро бо Лоиқ ва Фазлиддин Муҳаммадиев ба дараҷаи аъло гузарониданд.

-Вохӯриро бо худи Шумо кай ташкил кунем? ‟Пурсидам аз Мавлоно.

-Бисёр, ки мебинем, аз мо безор шудаанд, -хоксорона ҳазл кард ӯ.

Ҳаққи қалам

-Барои достони «Раиси Миралӣ» ҳаққи қалам гирифтед? ‟пурсидам аз Ашӯр Сафар.

-Ҳа, камтар гирифтам, – ҷавоб дод ӯ.

-Чаро бисёр нею камтар, магар достоннависӣ осон аст?

-Агар бобои раис бисёр медод, колхоз ин қадар калону худаш ин қадар машҳур намешуд.

Ҳазлҳои дағал

Ҳазлҳои ману шоир баъзан дағал, гӯшхарош мебаромаданд. Ман аз шоир узр хоста ваъда додам, ки минбаъд шӯхии дағалро бас мекунам.

Шоир маслиҳат дод:

-Домулло дунёгузарон аст, бас накунед. Дору талх бошад ҳам, малҳам мебахшад. Сухани ҳақ низ талх аст, ба кас намефорад, вале ҳазлу шӯхии рафиқона чӣ қадар дағал бошад, ҳамон қадар нишонрас аст.

Ҷоиза

Боре суҳбати ману Мавлоно Ашӯр Сафар тӯл кашид, қариб аз ҳар боб гуфтугӯ кардем.

-Устод росташро гӯям, Шумо бузург ҳастед, ба ҳамаи ҷоизаҳо меарзеду афсӯс, ки дорандаи онҳо нестед, -гӯён дилсӯзӣ кардам.

-Соҳиб надорам, -бо дили шикаста нимҳазл гуфт Мавлоно.

Ман якумин бор ба шоир эътироз карда гуфтам:

-Не, Мавлоно, Шумо соҳиб доред, соҳиби Шумо халқ аст. Хонадоне нест, ки дар он ҷо ёди Ашӯр Сафар, шеърҳо, ҳазлҳо, хушгуфториҳояш набошад. Шумо дар дилу дидаи халқ макон доред. Соҳиб гуфта ду-се нафар амалдорро фаҳмидан лозим нест.

Мулло Нурмад як бъз дора?

Боре бобоям Нурмуҳаммад ба бозори Кӯлоб меравад. Бузи фарбеҳ ва сиркаи хешро, ки дар тарбияи ӯ чор сол заҳмат кашида буд, бо нархи гарон савдо мекунад. Пулҳои аз савдо гирифтаашро дар ҷайби пешаш мегузорад. Дузде ин манзараро дида, аз паси ӯ мешавад ва дар майдони серодам ҳамаи онҳоро ба яғмо мебарад.

Мӯйсафед доду фарёд мезанад, вале касе ба додаш намерасад. Пиёда ва ғамгин ба деҳаи Хоҷағалтон, ки дар он ҷо солҳои охир истиқомат дошт, бармегардад.

Ҳафтаи оянда ӯ чанд бузи дигарашро барои фурӯш боз ба бозори Кӯлоб мебарад. Дар даромадгоҳи бозор бо овози баланд мегӯяд, ки «Лаънатии дузд, ту фикр кардӣ, ки мулло Нурмад як бъз дора, ина бъзҳои дигарамро ба савдо овардъм». Ҳозирин аз ин суханони бобоям ҳаловат мебаранд ва аз ӯ воқеаи рӯйдодаро пурсон мешаванд.

Зиндаёд Ашӯр Сафар аз нақли «Мулло Нурмад як бъз дора» доимо ёдовар мешуд ва ба бошандагони ин ё он маърака онро шавқовар ва таъсирбахш нақл мекард.

Зиндаёд Ашӯр Сафар умри кӯтоҳи бобаракат дид. Ӯ ҷисман аз байн рафта бошад ҳам, меҳру муҳаббат, чеҳраи нуронӣ, хушгӯӣ, ҳозирҷавобӣ ва дигар хислатҳои ҳамидаи вай дар дилу дидаҳои мо мухлисон ва дӯстонаш абадан боқист. Оре, бузургон дарёдил ва намирандаанд:

Саъдиё, марди накуном намирад ҳаргиз,

Мурда он аст, ки номаш ба накӯи набаранд.

Икромов Искандар,

доктори илмҳои филологӣ, профессор,

Икромова Маърифат,

номзади илмҳои филологӣ,

Шомиддинова Фирӯза,

омӯзгори ДДБ ба номи Носири Хусрав