Таърихи ташаккули ҷомеаи ҷахони нишон медиҳад, ки ҷавхари ҳасти ва рушду такомули ҳар як миллат аз фарзандони фарзонаю ҷонфидои он вобаста аст. Дар ин замина бо ифтихори бузург ва саодату иқболи баланд модари тоҷик дар тамоми давраҳои таърихи фарзанди фарзонаеро ба дунё овардааст, ки хастӣ ва рушду камоли миллати худро устувору ҷовидонӣ намуданд.

Хушбахтона, чун давраҳои дигари таърихӣ дар ин давра низ масъулияти ватандорию ватансозии миллати моро фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулху ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба уҳдаи худ гирифтанд ва бо ҷасурию матонат, хираду дурандеши, хисси баланди хештаншиносӣ ба майдони сиёсат ворид гардида, 16 ноябри соли1992 дар Иҷлосияи шонздаҳуми Шурои олии кишвар ба ҳайси Раиси Шурои олӣ бо суханронии нахустини худ дар дили сокинони Тоҷикистони соҳибистиклол шуълаи умедро ба фардои рӯзгори хуш барафрухтанд.

Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлати миллати сарбаланди мо пас аз фосилаи тулонии таърихӣ масъулияти пешбурди давлату давлатдории худро бар душ гирифт. Фазои сиёсию мафкуравии солҳои аввали соҳибистиқлолӣ хеле гуногун ва инъикоскунандаи манфиатҳои гурӯҳҳои мухталифи сиёсӣ буд, ки ҳар кадом ба сари қудрат омадан мехостанд.Манфиатчуӣ ва манфиатхоҳии ин гурӯҳҳои сиёси боиси хисороти бузурги ҷонию моддӣ ва маънавӣ, ҳамзамон заиф гардидани шохаҳои ҳокимияти давлатӣ гардид, ки дар натиҷа дар кишвар ҷанги тахмилии шаҳрванди оғоз шуд. Дар ин давра миллату давлатро хисси ноумедиву нокомӣ ва дилшикастагию ҳасрат фаро гирифта буд. Ҳазорон нафар тарки Ватан карда, дар кишварҳои ҳамсоя паноҳ ҷустанд. Ҳазорон хонаҳои ободу зебо валангор ва несту нобуд гардида, шаҳрвандон бе манзили зист монданд. Кудакону наврасон аз мактабу дарс фаромуш карда, интизори як пора нон буданд ва аз гуруснаги таббассум ва бозии кудаконаро хатто ба хотир оварда наметавонистанд ҷавонон бошанд ба ҷои касбу ихтисос аз худ кардан сипар ва қурбони майдони ҷанги тахмилии шахрвандӣ шуданд.

Падарон дар ҷустуҷуи пораи нон ба хотири наҷотифарзандон аз марги гуруснагӣ ва ташвиши дифоъ аз оила ва ҷони худ буданд. Модарон ашки сард дар чашм гоҳо шоҳиди ба ҳалокат расидани фарзандони ҷавони худ дар майдони ҷанг, гоҳи дигар шоҳиди марги тифлон аз гуруснаги мешуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро аз майдони ҷанг ба саҳни донишгоҳу донишкадаҳо расониданд ва кудакону наврасон ва падарони мо дигар ҳеҷ дар фикри дарёфти нон нестанд. Кудакон таббассум мекунанд, шодӣ мекунанд, мерақсанд, Зебо сухан мекунанд. Вале, саволи ҳаётие ба миён меояд, ки чигуна мо аз ноумедию нокомиҳо ва ваҳшонияту даҳшат, фақирию гуруснагӣ ба ин рӯзҳои шоистаю нек расидем? Ҷавоб ба ин савол ҳазорҳо ҷилд китоб мешавад. Вале, мехоҳам як ҷавоби кутоҳ гардонам. Худро ба ҳамин миллату давлат ва мардуми Тоҷикистонбахшидан. Ҷасурӣ, таҳаммулпазирӣ, ҷонфидоӣ, инсондӯстӣ, маҳорати баланди роҳбарӣ, зиракии сиёсӣ, дурандешӣ, бахшояндагӣ, хирадманди ва каҳрамонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд.

Хушбахтона миллати сарбаланди тоҷик баъд аз фосилаи муайяни таърихӣ ҳаққи табииву таърихии аз дастдодаи худро дубора бо ҷонфидоиҳои фарзандони бошарафу ҷасур ва бо нангу ораш ба даст овард. Вале дар он фосилаи таърихие, ки миллати мо аз ин неъмат маҳрум буд ҳазорон нафар олимону шоирон, файласуфону, табибон, фарҳангшиносону нуҷумшиносон ва ҷавонони ғаюру далери модари тоҷик паси пардаи сиёҳи зулмоти душманон монда, ба қатл расиданд. Ин падидаи нопок зарбаи шадид ба ҳастии миллати мо гардид. Дар тӯли32 соли Истиқлолият кишвари мо дар роҳи бунёди ҷомеаи мустақили демократӣ қадамҳои устувор гузошт. Дар ин муддат Тоҷикистон соҳиби Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардид. Маҳз бо шарофати фарзанди барӯманди тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пояҳо ва рукнҳои асосии давлатдори ба вучуд омада, устувор гардид.

Точикистон ба узвияти созмонҳои бонуфӯзи байналхалқӣ пазируфта шуд ва бо аксари мамлакатҳои пешрафтаи дунё робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ барқарор намуд. Асосҳои сохтори конститутсионӣ ва идоракунии давлат танзим гардида, пули миллӣ ба муомилот баромад.

Таърих собит намудааст, ки ба даст овардани истиқлолият кори бисёр душвору заҳматталаб буда, вале ҳимояи пирўзиҳо ва дастовардҳои истиқлолият кори аз он ҳам душвортар аст. Аз ин рў, имрўз, ки ин неъмат боз насиби мо гардидааст мо ҷавононро зарур аст, ки онро бо тамоми ҳастии худ дифо намоем. Ҷун ки Ҳукумати мамлакат, Роҳбари давлат имрӯз ба мо ҷавонон эътимоди бузург доранд ва барои мо тамоми шароиту имкониятҳои заруриро фароҳамоварда дар сохти давлатдотӣ такя ба ҷавонон кардаанд.

Имрӯз мо ҷавонон бояд ифтихор аз он кунем, ки намояндаи ҷавони аҳли зиёи миллати куҳанбунёди тоҷик дар замони истиқлол ҳастем. Мо ифтихор аз он кунем, ки дар амалӣ намудани сиёсати хирадмандона, созанда, бунёдкорона ва инсонпарваронаи Пешвои миллат саҳми худро гузошта истодаем. Яке аз дастовардҳои асосӣ ва бузурги ҷавонон дар замони соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳи падаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон ва ҳамчун самти афзалиятнок қабул донистани сиёсати давлатии ҷавонон мебошад.

Ибрози он ба маврид аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, яке аз аввалинҳо шуда қонуни асосии ҷавононро қабул кардааст. Ин бори дигар собит месозад, ки кишвари азизамон Тоҷикистон дар таҳкими сиёсати давлатдорӣ ва сохтмони ҷомеаи демократии ҳуқуқбунёд ташаккули сиёсати ҷавононро яке аз самтҳои асосии стратегии фаъолият медонад. Дар марҳилаи минбаъдаи рушди давлатдорӣ ва таҳкими сиёсати давлатии ҷавонон қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон, Консепсияву стратегияи давлатӣ дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар ҷомеа, қабул ва амалигардонии як қатор барномаҳои соҳавии давлатӣ, мулоқотҳои пайваставу мунтазами Пешвои ҷавонпарвари миллат бо намояндагони ҷавонони ҷумҳурӣ, роҳандозии як зумра ҳавасмандиҳо аз қабили стипендияҳои Президентӣ, Ҷоизаи ба номи И.Сомонӣ барои олимони ҷавон, Грантҳои ҳукуматӣ бо мақсади дастгирии ташкилотҳои ҷамъиятии кор бо ҷавонон, таъсисёбӣ ва баргузории ҷаласаи нахустини Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҷлили ҳамасолаи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ҷавоникунонии сиёсати кадрӣ ва дар зинаҳои роҳбарикунанда таъин гардидани шумораи зиёди ҷавонони лаёқатманд, ободу зебо гардонидани боғҳои фарҳангӣ, мавзеҳову гулгаштҳои фароғатӣ, бунёди Марказҳои фарҳангии ҷавонон ва майдончаҳои варзишии муҷаҳҳаз бо талаботи замони муосир ҷавобгӯ дастовардҳои беназиртарину нотакрор дар ҳаёти ҳар як ҷавони саодатманди кишвар мебошад.

Мо ҷавонони саодатманди Хатлонзамин бори дигар ифтихорманд ва сарбаланд аз он гардидем, ки сазовори боварии боэътимоди Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гардидаем. Мо-ҷавонон бовари дорем, ки худро ба сифати машъалбардори сафи пеш муаррифӣ намуда, дар паҳлӯи Пешвои мушфиқу меҳрубонамон ҳамчун пайравони асили ин фарзонафарзанд бо шиори Тоҷикистон ба пеш! ҳамеша муттаҳидона баҳри рушду нумӯи сарзамини биҳиштосоямон ҷони худро нисор хоҳем дошт.

Дар марҳалаҳои муҳим ва тақдирсози ин ё он қавму миллат, пешрафти ҳамаҷонибаи соҳаҳои муҳиму афзалиятноки ҷомеа: иқтисодиёт, иҷтимоиёт, илм, маънавият, фарҳанг, ҳифзи саломатии аҳолӣ, шуғлноки. таъмини ҳуқуқ, адолат ва амсоли инҳо маҳз аз сарварону пешвоёни одилу хирадманди он вобастагӣ дошт. Зеро аз мафҳуми сарвар (tolead-(англиси) бармеояд, ки он маънои бурдан ё дар сафи пеш рафтанро дошта, мардумро аз қафои хеш мебарад.

Аз ин лиҳоз, таъмини фазои орому осуда дар кишвар, таҳкими сулҳу ваҳдат, муттаҳидию якпорчагӣ, муҳайё сохтанишароити хуби зиндаги ба ҳаёти осоишта, таҳсил, истироҳат, таъмини хифзи ҳуқуқу уҳдадорихои шаҳрвандон ва дигар нишондиҳандаҳои мусбию манфии ҷомеа маҳз аз сохибмаърифатӣ, эҳсоси ватандӯстӣ, санъати баланди роҳбарӣ дар идоракуни, далерию шуҷоатмандӣ ва кордонию дурандешии сарвари давлат вобастагӣ дорад. Аммо таҷрибаи ҳаёти нишон медиҳад, ки сарвар ва пешво будан на ба ҳар кас даст медиҳад ва на ҳар роҳбар метавонад сазовори боварии аҳли ҷомеа гардад, аммо Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист чунин сарвар шавад барои халқи хеш.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро дар ҷомеаи мо қувваи бузург ҳисобида, чунин қайд менамояд Ҷавонони мо қувваи худро фақат ба ободии Ватан ва баланд бардоштани обруи миллат сарф мекунанд. Ояндаи Тоҷикистон ва дар қатори давлатҳои пешқадам ҷой гирифтани давлати тоҷикон аз сатҳи маънавиёту фарҳанг, донишу маҳорат ва кўшишу ғайрати ҷавонон вобаста аст. Ҷавонон аз ҷониби роҳбари давлат ҳамчун идомадиҳандаи таъриху фарҳанги қадимаи миллат, сарчашмаи ташаббусҳои бузург, манбаи ғояҳои нав, парчамбардорони миллат, эҷодкорони тақдири имрузу оянда, таҳкимбахшандагони ваҳдати миллӣ, муҳофизони боэътимоди истиқлолияти Ватан, бунёдгузорони давлати мутамаддини дунявӣ ва демократи эътироф шуда, дар шароити имрузан таҳаввулотутағиротҳои босуръат, муколама ва бархурди маданияту фарҳанг ва дину оинҳо масъулияти бузургеро бар дӯш доранд.

Дар бунёди ҷомеаи ҳукукбунёду демократӣ раванди демократикунонии ҷомеаро бе иштироки фаъолонаи ҷавонон тасаввур кардан ғайриимкон аст. Имрӯз маҳз ҳамин неру қодир аст, ки норасоиҳои мавҷударо дар заминаи хиради волои гузаштагон бартараф созад ва ин масъулиятро таърих пеш аз ҳама ба зиммаи ин нерӯ гузоштааст. Тавре Сарвари давлат Эмомали Рахмон таъкид менамояд: Даврони истиқлол ба ҷавонони соҳибмаърифат, боистеъдоду лаёқатманд, дорои нангу номуси ватандорӣ ва худшиносии миллӣ ниёз дорад”. Маҳз ҳамин гуна ҷавонон метавонанд бо ташабускориҳои худ дар пешрафти соҳаҳои ҳаётан муҳими мамлакат нақши созанда дошта бошанд. Равшан аст, ки иштироки омма, аз ҷумла ҷавонон дар идоракунии давлат яке аз шартҳои муҳими давлати демократист. Бо дарки ин нуқта, Сарвари кишвар аз рӯзҳои нахустини роҳбарияш дар мамлакат такя ба нерӯи созанда, яъне мо ҷавонон намуд.

Маҳз бо шарофати сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои ташаккулёбӣ ва тараққиёти давлати озод худ, худро ҳамчун шахси дурандеш ва ақидаи устувордошта нишон дод. Он солҳо ӯ бевосита худ ба гӯшаҳои дурдасттарини кишвар рафта, бо вазъият шахсан ошно мегардиду бо мардуми ҷангзада мулоқот мегузаронд. Пешвои миллати мо худ аз халқ аст ва бинобар ин мушкилоти зиндагӣ ва ҳиссиёти халқи оддиро ба хубӣ дарк мекунад. Пешниҳод ва татбиқи ҳадафҳои стратегӣ дар кишвар, ояндабинии боъэтимод баҳри инкишофи иқтисодиву иҷтимоӣ, пешбурди муносибатҳои дипломатии бо эътимод бо кишварҳои шарик, ташаббус дар ҳалли масъалаҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, устувор гардонидани давлатдории дунявӣ дар асоси принсипҳои демократӣ ва дигар ташаббусҳои муҳими сиёсатмадори волоназар, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон тоҷиконро ҳамчун миллати тамаддунофар дар ҷаҳон муаррифӣ карда, минбаъд низ ҷойгоҳи шоистаи Тоҷикистонро дар ҷаҳони муосир таъмин менамояд.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва муносибатҳои пуртазодди сиёсӣ ҳамон миллате манфиатҳои худро ҳимоя карда метавонад, ки Пешвои худро дошта бошад, ҳамдилу ҳамақида бошад ва баҳри амалигардонии идеяи ягонаи миллӣ қадам ниҳад, зеро раванди ташаккули низоми ҷаҳон имрӯза ба марҳилаи нав расидааст, ки хусусияти барҷастаи он – рақобат ва танишҳои ду майдони асосӣ: ҷаҳони якқутбӣ ва ҷаҳони бисёрқутбӣ ҳарчибештар ошкортар ва шадидтар мегарданд. Дар чунин дунёи пурталотум сиёсати хориҷии мустақил ва озод, ки тавассути Пешвои миллат роҳандозӣ ва ҳидоят мешавад, ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки бо чанд маркази муҳимми қудрат ва бозигарони асосии ҷаҳон ва минтақамуносибати ботавозун ва баробар дошта бошад.

ҶумҳурииТоҷикистон бо гузаштан аз марҳалаи аввали пас аз истиқлол, ки даврони ба эътидол овардани вазъият ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ буд, дарҳои худро ба рӯи кишварҳои олам боз кард ва бо эъломи сиёсати дарҳоибоз равобити байналмилалиро баҳри муаррифии Тоҷикистон дар ҷаҳон ва ҷалби сармояи хориҷӣ барои бозсозии кишвар оғоз намуд, ки ин сиёсат имрӯз ҳам бомуваффақият идома дорад. Имрӯз мо самараи чунин робитаи гуногунсамту гуногунҷабҳаро дар арсаҳои мухталифмебинем. Ин сиёсат боис шуд, то кишвари мо на танҳо мақом ва нуфузи худро дар арсаи байналмилалӣ қавитар созад, балки бо ёфтани равиши хосси дипломатияи худ, дар ҳалли масоили минтақавӣ ва ҷаҳонӣ фаъолона иштирок намояд, ин ҳама заҳмату талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.

Тоҷикистон, бо истифода аз асли сиёсати дарҳои боз ва бисёрсамтӣ робитаи худро бо Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Иттиҳоди Аврупо, ИМА, Ҷанубу Шарқи Осиё, кишварҳои арабӣ, олами ислом густаришдода, аз имконият ва мавридҳои муносибе, ки имрӯз ва дар оянда пеш хоҳанд омад, ба манфиатҳои миллии хеш истифода мебарад. Бояд гуфт, сиёсати хориҷии Тоҷикистон сиёсати санҷидашуда ва воқеъбинона буда, ҳамзамон бо пазириши меъёрҳои эътирофшудаи байналмилалӣ ва эҳтиром ба манофеи шарикон, риояи қатъии манфиатҳои миллиро дар фаъолияти дипломатӣ дар мадди аввал мегузорад.

Имрӯз Тоҷикистон бо аксарияти кишвари ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуда, 161 давлат истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистонро расман эътироф кардааст. Тоҷикистон дар созмонҳои минтақавӣ ва аксар созмонҳои байналмилалӣ узвият дошта, аз арзишҳо ва манофеи миллӣ дифоъ мекунад, дар масоили ҷаҳонӣ назари худро матраҳ месозад ва пешниҳодҳои мушаххасро дар бораи ҳалли ин масоил ба миён мегузорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони истиқлол худ ҳамкории густурдаи минтақавиро воситаи муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, иҷтимоӣ, экологӣ ва таъмини амнияту субот дар Осиёи Марказӣ дониста, ҷонибдори ҳамзистии осоишта ва дӯстонаи мардумони минтақа мебошад.

Умумияти ҳадафу вазифаҳое, ки дар назди давлатҳои мо қарор доранд, зарурати рушду таҳкими муносибатҳои байниҳамдигарии онҳоро бар пояи дӯстӣ, эътимод ва ҳамкории судманд, аз ҷумла дар арсаи тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ ва иҷтимоиёт таъкид менамоянд.

Дар масири таърих Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми 32 сол аст, ки соҳибихтиёр, дорои обрўву эътибор ва мақоми хоса мебошад. Кишвари азизамон дар ин муддат роҳи чанд 32 соларо тай намуд ва таҷрибаи он дарси ибрат ва намунае барои бархе аз давлатҳои ҷаҳон гардид. Ин ҳама муваффақияту дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷаҳду талош ва ҷонбозиҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст. Офтоби шўълавори осмон барои мардуме, ки дар давлаташ ҷанг ҳукмрон асту истиқлолияту ваҳдат барояш бегона, равшанӣ ва нур намебахшад, зеро ҳар субҳдам мардумро на садои хурўси саҳархез, балки овози тиру туфанг аз хоб мехезонад. Дар ин маврид ҳам Офтоб намехоҳад, ки ба ин ҷо рўшноӣ бахшад ва боз рўзи даҳшатбореро барои мардуми сарсахту бадбахте оғоз намояд. Ин гуна бадбахтӣ дар кишвари мо дар солҳои90-уми асри гузашта, ҳукмрон буд ва аз оташи ҷанги хонумонсўз ҷое набуд, ки насўхта бошад.

Мо ҳама шоҳиди онастем, ки дар чунин рўзҳои сахтусангини кишвар маҳз Пешвои муаззами миллат тавонист ба дили мардуми гуреза аз ватан ва дар қалби ватанбудаи ноумед шўълаи умед ҷо кунад. Ин аст, ки бо амалӣ гаштани музокироти пай дар пай бо намояндагони гурўҳи мухолиф ва ба як қарори муайян омадани ҳар дутараф дар ҷумҳурӣ оромӣ ҳукфармо гашт. Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ин пойдевори худро аз сифр оғоз намуд ва ҳамчун кишвари мустақилу ҳуқуқбунёд дар арсаи ҷаҳонӣ шинохта шуд. Бо дохил шудан ба созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ Тоҷикистон тавонист аз як тараф мушкилиҳои дохилиро ҳаллу фасл намояд ва аз тарафи дигар дар арсаи ҷаҳонӣ обрўю эътибори хосае пайдо кунад. Мусаллам аст, ки тайи32 соли Истиқлолият, Тоҷикистон тавонист бо чунин Пешво дастовардҳоеро соҳиб шавад, ки дар фикру хаёли мардум набуд. Ин гуна пешравӣ дар ҳама соҳаҳо далолат аз он медиҳад, ки ҷумҳурии мо чун ҷумҳурии пешрафта ва аз ин ҳам тараққикарда дар ҷаҳон хоҳад шуд. Мо ҷавонон, ки зодаи даврони Истиқлолиятем бояд ин оромиву субот ва Истиқлолияти давлатиро бо нархи ҷон ҳам бошад ҳифз кунем ва дар пешрафту шукуфоии Тоҷикистони азиз бо пайравӣ ба Пешвои муаззами миллат хизмат кунем. Чун Истиқлолияти давлатӣ бузургтарин неъмат ва дастоварди беназири миллати кӯҳанбунёди тоҷик маҳсуб меёбад. Зеро пас аз ба даст овардани он бо сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати кишвар, махсусан, бо сиёсати оқилона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми самтҳои ҳаётан муҳими хоҷагии мамлакат дигаргуниҳои куллӣ ба назар мерасад.

Миллати парокандаи тоҷикро шахсияти барҷаставу оқил ва қавиирода Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳам ҷамъ оварданд. Дар ин санаи муқаддас дар шаҳри бостонии Хуҷанд иҷлосияи тақдирсоз яъне Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ баргузор гардид, ки Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайси Раиси Шӯрои Оллии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардиданд. Савганди Пешвои миллат содиқона буда Ватани ҷангзадаро ба гулистон табдил дод. Дар он рӯзҳои даҳшатбор Раиси Шӯрои Олии тоза интихоб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷон ба каф гирифта барои овардани гурезаҳои худ ба Ҷумҳурии исломии Афғонистон рафта тамоми гурезаҳоро ба Ватан баргардонданд.

Бояд зикр намуд, ки 27- июни соли 1997 миллати тоҷик дар таърих саҳфаи наверо оғоз кард. Дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия бо мухолифини кишвар гуфтушунид намуда Эъломияи Истиқрори сулҳро ба имзо расониданд. Кабутари бахти тоҷикон имрӯз дар фазои софи беғубор парвоз мекунанд. Асоси ин ҳама хушбахти ва Ваҳдат шахсияти беназиру нотакрор гардид, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки миллати тоҷикро ба ҷаҳон ва ҷаҳонро бо миллат ошно сохт. Имрӯз зиёда аз 161 кишвари рӯи дунё Тоҷикистонро ба расмият мешиносанд ва ин ҳама аз хизматҳо ва талошҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки дар минбарҳои баланди созмонҳои байналмилалӣ бо забони тоҷикӣ суханронӣ менамоянд.

Пас бояд гуфт, ки зиҳи Пешвои миллати тамадунофари тоҷикони рӯи дунё муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Яке аз супоришҳои наҷиби Пешвои миллат ин буд, ки волидайн аз ҷумла занонро зарур аст, ки дар тарбияи ҷавонон яъне фарзандон диққати ҷиддӣ дода, онҳоро аз амалҳои ношоиста аз ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстримистӣ пешгирӣ намоянд. Яъне мо бояд новобаста аз кору фаъолияти давлатӣ боз ҳам бештар дар тарбияи фарзанд саҳми арзандаи худро гузорем. Мо бояд ватандӯст бошем ва ҳаргиз фаромӯш насозем, ки эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошад. Ҳар яки мо бояд минбаъд низ мафҳумҳои ватандӯстӣ ва рушд-ро шиори кору фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор диҳем.

Танҳо саъю талоши содиқонаву софдилона, ҳисси баланди масъулият дар назди халқу Ватан ва иқдому ташаббусҳои созанда моро ба ҳадафҳои олиамон наздик мерасонад.

Бо боварии комил метавон гуфт, ки мардуми шарифу сарбаланд, ҷавонони ватандӯсту ватанпарвар ва қавииродаву заҳматдӯсти мо аз уҳдаи иҷрои ҳама гуна амалҳои нек ва бартараф намудани тамоми мушкилот баромада, Тоҷикистони азизамонро боз ҳам ободу зебо ва пешрафта гардонида ва барои зиндагии шоиста саҳми арзандаи хешро мегузоранд.

Боиси ифтихор аст, ки дар радифи чанд тан сиёсатмадорони маъруфи ҷаҳони муосир, ки сиёсат ва давлатдории онҳо бар пояи Одамияту маънавият, арзишҳои олии башарпарварӣ, орзуву омол ва Ормонҳои миллии мардумро камоли матлуби рисолати хеш шинохтаанд,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси чеҳраи намоёни сиёсӣ ва давлатмарди сатҳи ҷаҳонӣ мақоми арҷмандеро соҳиб гардидааст. Ин фарзанди фарзона ва фидокору сарсупурдаи халқ бо эътимоди комил ба қавлу сидқ ва эътиқоду имони хеш бо пайкор ва корномаҳои сарнавиштсози худ миллати бостонӣ ва мутамаддини тоҷикро аз маърази хатару пошхӯрӣ берун оварда, бо хирадмандии фитрӣ, бо истеъдоди шоистаи кишвардорӣ, бо сиёсати ҳаётофарин, бо муҳаббату ихлоси бепоён ба муқаддасоти миллӣ дар синаҳо оташи меҳр, ҳамдиливу ҳамфикриро фурӯзон намуда, дар дилҳо донаҳои умеду эътимод ба фардои дурахшонро сабз гардонид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо намояндагони зиёиёни мамлакат қайд намуд, ки “Ҷамъияте, ки ҷавонону наврасонаш аз илму фарҳанг дур афтодаанд, ба ояндаи нек умед баста наметавонад…”. Сарвари кишвар, Ҷаноби Оли, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо кормандони соҳаи маорифи мамлакат, таъкид намуданд: “Агар мо хоҳем, ки Ватанамон обод, давлатамон устувору қавӣ ва сифату сатҳи зиндагонии мардумон пешрафта бошад, тамоми имконияту захира ва саъю кӯшишамонро бояд ба тарбияи насли наврас, таълими ҷавонон ва рушди маориф, тайёр кардани кадрҳои миллӣ ва мутахассисони ба шароити иқтисоди бозорӣ ҷавобгӯ равона кунем”. Мо ҷавононпайравони асили Пешвои миллат буда ваъда медиҳем, ки Ватани азизу Маҳбубамонро чун гавҳараки чашм нигоҳ медорем ва аз забони муҳақиқи бузург гуфтанием:

Мо ҳама яқҷояги шукронаи миллат кунем,

Душманони тоҷиконро сахт дар ҳайрат кунем.

Гар бихохем тоҷикон сарсабз бошанд то абад,

Як дуои нек баҳри сарвари давлат кунем.

Зувайдуллоева Ганҷина,

номзади илмҳои иқтисодӣ