• Бахшида ба “Ҳафтаи илм”

Дар ҳар як давру замон матбуот баёнгару равшангари воқеаҳои дирӯзу имрӯзи ҳаёт мебошад. Табиист, ки хонанда ба воситаи матбуот бо замони сипаришудаву навини халқи хеш ошно мегардад. То китобат шудани воқеаҳои рангину ҳузнангез вай метавонад, маҳз тавассути ВАО, хоса матбуот бо лаҳзаҳои муҳими зиндагии поринаву имрӯзаи халқу меҳанаш ошно гардад.

Мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки хонанда бештар ба ҳодисаҳои муҳими таърихии аҷдодонаш дилбохта мешавад ва кӯшиш мекунад, ки ба воситаи мутолиаи рӯзномаҳо онро азбар кунад. Дар ин ҷода дар замони истиқлолият диққати мардуми мо бештар ба омӯхтани таъриху фарҳанги аҷдодӣ, хоса нахустдавлати тоҷикон-Сомониён боло рафт, зеро дар замони Шуравӣ ҳама имконият надошт, ки ба воситаи матбуот доир ба давлатдории қадимаи худ маълумот гирад. Сабаб дар он буд, ки баъзе аз роҳбарони торикфикри он замон, ки аз илму фарҳанги рангини замони Сомониён бархурдор набуданд, онро осори замони феодалӣ шуморида, садди роҳи тарғибаш мешуданд. Аз ин рӯ, олимон, адибон ва рӯзноманигорон ҷуръат намекарданд, ки дар бораи нахустдавлати хеш дар матбуот чизе чоп намоянд.

Замони нав пардаро аз рӯи торикӣ бардошт. Акнун таърихдӯстону адибон, фарҳангзамирону рӯзноманигорон имконият пайдо намуданд, ки ба воситаи матбуот таърихи рангини халқи хеш аз ҷумла дар аҳди Сомониёнро омӯзанд.

Давлати Сомониён – давлати маънавибунёд буд. Оини давлатдории Оли Сомон дар пайванди адолати иҷтимоӣ ва маънавиёти ҷомеа истеҳком пайдо кард. Таърих давлатҳо ва империяҳои бузургро медонад, ки заъфи маънавӣ ва инҳитоти ахлоқӣ бунёди онҳоро хароб кард ва аз мавҷудияташон ҷуз ахбори парешон чизе боқӣ намонд. Сабаб он буд, ки дар оини кишвардорӣ хираду дониш, ҳикмату ахлоқро ночиз дониста, таҷрибаи гузаштагонро сарфи назар карда, торикистони ғаризаҳои хештанро бо нури илм равшан накарданд. Хушбахтона, аҳди Оли Сомон онро рӯйпӯш намуд ва замони нави маънавӣ ва наҳзати илмӣ гашт.

Давраи Сомониён асри тиллоии тамаддуни тоҷикон, таърихи чандҳазорсолаи онҳо, бузургиву шаҳомат, давраҳои фоҷеабори таърих, боигарӣ ва моҳияти мавҷудияти халқро дар байни дигар халқҳо равшан нишон медиҳад.

Сомониён, аз як тараф, дар Ватани худ сулҳу осудаҳолиро ба андозае, ки дар он айём имкон дошт, таъмин намуданд, аз сӯйи дигар, барои ба пояҳои баланд бардоштани илму фарҳанги хеш шароити мусоид фароҳам оварданд. Маҳз ҳамин нукта имкон медиҳад ба муаммои, таърихи пурфоҷеаи беш аз ҳазору садсолаи халқи тоҷик посух гирем.

Баъд аз Сомониён тоҷикон ҳокимияти олии сиёсиро аз даст дода, танҳо ҳокимияти сиёсӣ номи хешро бадал намуд. Аммо ҷанини давлатдории Сомониён боқӣ монд. Тоҷикон илму фарҳанг ва забони буррои модариаш онро нигоҳ доштанд. Кӯчиҳоро аз ин илму фарҳанг бархӯрдор намуда, соҳиби маданияту илму фарҳанг гардониданд.

Беш аз ҳазору яксаду ҳафтод сол пеш сулолаи Сомониён ба арсаи сиёсат баромада буд. Солҳои 817-818 давраи шукуфони миллати тоҷик ба ҳисоб меравад. Дар ҳамин солҳои муборак хилофати араб дар мустамликаҳои хеш ба бӯҳрони сиёсӣ гирифтор ва барои халосӣ ба дудмонҳои наҷотдиҳанда эҳтиёҷманд шуд. Дар охир ба суроғи давомдиҳандагони кори хонадони мӯътабари Бармакиён баромад, ки онҳо Сомониён буданд. Эшон дар симои асосгузори сулола Сомонхудод (Аршак) тарғиботи исломро ба ӯҳда гирифта, густариши онро дар Осиёи Марказӣ таъмин намуданд. Ин давра замони офариниши чунин арзишҳое буд, ки дар тӯли таърихи минбаъда заминаи ризоият ва ваҳдати миллии тоҷикон гардид ва имконият фароҳам овард, ки мардум бо вуҷуди авҷи ҷаҳолат ва зӯроварие, ки дар асрҳои миёна Осиёи Марказиро фаро гирифта буд, худро ҳифз намояд ва бақо ёбанд.

Мо дар замони гузашта аз омӯзиши доманадори таърихи асримиёнагии халқамон дар канор будем. Давраи Сомониёнро бефарҳангон- замони тираи феодалӣ номида, оммаро аз омӯхтани он дар канор нигоҳ медоштанд. Ба шарофати истиқлолият имрӯз имконият пайдо намудем, ки ҳамаи паҳлӯҳои онро омӯзем.

Дар зарфи бисту як соли истиқлолият дар ин роҳ комёбиҳои назаррас ба даст омаданд. Таърихдӯстон имкон пайдо намуданд, ки мероси бойи гузаштагони худ, алалхусус Сомониёнро омӯзанд.

Мо дар гузаштаи наздик дар зери таъсири фарҳангу забони бегона монда, аз омӯзиши ганҷинаҳои бойи маданияти классикии хеш дар канор будем. Қариб буд, ки забони модарии хешро гум кунем. «Саҷда овардан ба забон ва фарҳанги бегона дар давоми даҳсолаҳои асри мо (асри ХХ-М.Ф.) боиси он гардид, ки як қисми равшанфикрон забони модарии худро гум карданд»[1, с.3].

Бегонапарастие, ки дар замони Шӯро ба амал баромада буд, он қисми ками сарнишинону сиёсатмадорону олимони замони гузаштаро фаро гирифта буд. «Меҳанпарастон»-е ёфт мешуданд, ки аз омӯзиши илму фарҳанги классикии хеш чашм мепӯшиданд. Онҳо дар солҳои суратгирии давлати тоҷик (1924) фирефтаи пантуркизм шуда, аз мавҷудияти халқи хеш ва фарҳанги бояш чашм пӯшида, барои мансабу шарафи қалбакӣ, миллатфурӯшӣ намуданд. «Сухан дар бораи баъзе тоҷикон- ходимони намоёни давлатӣ меравад, ки- мегӯяд асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон -, дар зери парчами бегонагон амал намуда, дар таърихи давлатдории халқ нақши аламовари худро гузоштанд»[1, с.3-4].

Дар замони нав нақши таърих дар устуворшавии ҷомеа хеле бузург аст. Аз ин ҷониб, рӯ овардан ба гузашта ба аҳамияти калони илмию амалӣ молик аст, зеро бе омӯхтани таърихи бойи аҷдодон мо ба ҳадафи хеш расида наметавонем. Аз ин рӯ, пажӯҳиши мо талаб мекунад, ки дар қатори омӯхтани сарчашмаҳои классикии таърихию фарҳангӣ, инчунин сарчашмаҳои нодири матбуотиро аз мади назари хеш дур намонем. Азбаски рисола дар асоси сарчашмаҳои хаттии рӯзномавӣ иншо мешавад, мо бояд ба мавқеи матбуоти ҷадиди тоҷик дар таҳлили воқеаҳои таърихӣ баҳои ҳақиқӣ дода, саҳми онро дар роҳи ба рӯи коғаз овардани воқеаҳои муҳими гузаштаву имрӯза нишон диҳем. Чӣ тавре ки дар боло арз намудем дар замони навин адади рӯзномаву маҷаллаҳо дар кишварамон хеле афзудааст ва мо тасмим гирифтем аз нуқтаи назари илмӣ ба баъзе аз очерку мақолаҳо, гузоришҳои илмию фарҳангӣ ва нигоришҳои дар рӯзномаҳои «Ҷумҳурият» ва «Адабиёт ва санъат» дар бадали бист соли охир чоп шуданд, баҳо диҳем. Пеш аз ҳама, кӯшиш намудем, ки ба мақолаю гузоришҳои рӯзномаҳои номбурда такя намуда, дар асоси онҳо таърихи сиёсӣ, иқтисодӣ, кишоварзӣ, илмию фарҳангии замони Сомониёнро омӯзем.

Нахуст, дар ин самт таҳлили нутқ, гузориш ва мақолаҳои асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти калони илмию амалӣ доранд, зеро вай илҳомбахш ва ташкилотчии гузаронидани ҷашнвораҳои 1100- солагии давлатдории Сомониён ва 1150-солагии зодрӯзи асосгузори назми классикии форсу тоҷик Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ мебошад. Ҷоиз аст, ки ӯ мақсад аз баргузор шудани ҷашнҳои номбурдаро дар мақолаю гузоришҳои илмию сиёсии хеш асоснок намудааст. Мо тасмим гирифтем, ки барои саҳеҳ ва равшан таҳлил шудани рисолаи хеш аз онҳо васеъ истифода барем.

Мақолаю гузоришҳои ӯ «Ҳазор соли якумр» (андешаҳо дар ҳошияи ҷашни 1100- солагии давлати Сомониён)[2, с.3] , «Моро худшиносӣ ва руҳи солими миллӣ зарур аст»[2, с.4] , (суханронӣ дар анҷумани тоҷикони ҷаҳон), «Давлатдории тоҷикон: аз Сомониён то оғози асри XXI»[3, с.2-3], (суханронӣ дар ҷашнвораи 1100- солагии Сомониён), «Давраи тиллои тоҷикон»[4, с.2] (суханронӣ дар ҷашни 1100-солагии Сомониён дар Санкт- Петербург, суханронӣ дар ҷашни 1100- солагии Сомониён дар шаҳри Санкт- Петербург, 28 апрели соли 1999), «Рӯдакӣ шоири ҳамаи давру замонҳо»[5. с.2-3], (суханронӣ дар ҷашни 1150-солагии Рӯдакӣ, 6 сентябри соли 2008) ва ғайра гузоришу нутқу мақолаҳои пурарзиши сарвари давлати тоҷик аст, ки дар онҳо таърихи сиёсӣ, кишоварзӣ, иқтисодӣ, тиҷорат ва фарҳангии замони Сомониён акси хешро ёфтааст.

Дар гузориш, мақола ва нутқҳои асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври хеле мухтасар ва саҳеҳ паҳлӯҳои мухталифи давлатдории Сомониён омӯхта шуданд. «Бино ба далелҳои таърихӣ,- менависад Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, – давлати Сомониён дар заминаи анънаҳои эҳёгардида бунёд ёфта, дар соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, илмӣ ва адабӣ комёбиҳои бузург ба даст оварда, мамлакатро аз тороҷгарони хориҷӣ ҳифз карда, заҳмати осоиштаи деҳқонон ва косибонро таъмин намуд. Дар давраи Сомониён барои ба майдони эҷоду фаъолият қадам ниҳодани силсилаи олимону адибони ҷаҳоншумул шароит муҳайё шуд. Мутафаккирони бузург-Муҳаммад ал-Хоразмӣ, Абӯнасри Форобӣ, Закариёи Розӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Абӯрайҳони Берунӣ, поягузори адабиёти ҷаҳон Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, устодони назми классикӣ Абӯмансури Дақиқӣ, Абулқосими Фирдавсӣ ва дигарон аз ҷумлаи онҳо буданд»[2, с.2].

Оғози тамаддуни нав, ки заминаи он дар давраи Сомониён бунёд гашта, аз нуқтаи назари таърихӣ муддати тӯлонӣ вуҷуд дошт, ҳамин қадар бузург ва қавӣ буд. Таърих гувоҳ аст, ки аҳди Сомониён замони эҳёи тамаддуни нав ва ба ҳам омезиш намудани ганҷинаҳои фарҳанги Шарқу Ғарб ба шумор мерафт. Аксарияти олимону мутафакирони замони Сомониён дар асрҳои миёна, дар тӯли садсолаҳо чӣ дар Шарқ ва чӣ дар Ғарб шӯҳрати бузург доштанд. Ҳаминро мисол овардан кофист, ки китоби «Ал- қонун»- и Абӯалӣ ибни Сино то кунун асари рӯимизии табибони Аврупо ва ҷаҳон ба шумор меравад…

Пайваста бо мақолаю гузоришҳои сарвари давлат, инчунин дар рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ, алалхусус «Ҷумҳурият» ва «Адабиёт ва санъат» очерку мақолаҳои сершумори рӯзноманигорон, олимону нависандагон ва одамони касбу кори дигар низ чоп шуданд. Мутолиаи онҳо ба хонанда имконият медиҳад, маънавиёти хешро оид ба таърихи давлатдории Сомониён хеле ғанӣ гардонад.

Ба ин чакидаҳои рӯзноманигор, нависандаи хушсалиқа Раҷабалӣ Қудратов мисоли равшан шуда метавонад. Ӯ ба ифтихори 1150- солагии одамулшуарро Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ ду очерки калони бадеиро таҳти унвонӣ «Бонги навои «Бӯи Ҷӯи Мулиён»[6, с.2-3] ва «Падидае, ки ҷаҳон назирашро надидааст»3иншо намуда аст. Қасидаи «Бӯи Ҷӯи Мулиёни»- и Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ ба васфи амир Насри II ибни Аҳмад бахшида шудааст, ки баъди дастраси умум гаштанаш обрӯи шоирро на ин ки дар дарбори Сомониёну байни дӯстонаш боз ҳам баланд кард, балки он вирди забони ҷаҳониён гашт. «Ҷӯи Мӯлиён», – менависанд Р. Қудратов, – боиси сарбаландии Сомониён буд ва онҳо аз он ифтихор доштанд. Аз ин рӯ, устод Рӯдакӣ бо мақсади барангехтани эҳсосоти меҳанпарастӣ ва бедор намудани ифтихори миллии амир Насри II ибни Аҳмад «Ҷӯи Мӯлиён»-ро сархати шеъри худ қарор медиҳад ва чунон ки маълум аст, тираш муваффақона ба ҳадаф мерасад»[7 с.3].

Муаллиф Р. Қудратов дар очерки «Падидае, ки ҷаҳон назирашро надидааст, ба ҳаёт ва фаъолияти устод Рӯдакӣ аз диди асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳо медиҳад. Вай сарвари давлатро эҳёгари таърих меномад. «Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, – мегӯяд муаллифи очерк, – дар садаи ХХ ва аввали садаи бисту як ягона сарвари давлат аст, ки ба таври мудом ва пайгирона аз мақоми волои забони тоҷикӣ қотеъона ҷонибдорӣ ва онро ҷавонмардонаву қаҳрамонона дифоъ менамояд»[8 с.2].

Дар ҳақиқат сарвари давлат дар замони истиқлолият ливобардори омӯзиши бойи мероси гузаштагон ва таърихи миллат аст. Танҳо бо талошу кӯшишҳои вай ва дастгирии ҷомеаи фарҳангии ҷаҳонӣ ҷашнҳои пуршукӯҳи давлати Сомониёну нобиғаҳои бузурги тоҷик баргузор шуданд ва мешаванд….

Дар баробари ҷашнвораи 1100- солагии давлатдории Сомониён, инчунин матбуоти тоҷик ба ифтихори 1150- солагии устод Рӯдакӣ низ очерку мақолаҳои зиёда интишор намуд. Яке аз очеркҳои ба ин санаи муборак бахшида шуда ба қалами олим ва шоири тозабаён Алии Муҳаммадии Хуросонӣ тааллуқ дорад.

Муҳаққиқ дар очерки худ «Тараббахши руҳу фараҳзои ҷон»[8, с.3-4] ба мақоми Рӯдакӣ дар болоравии адабиёти классикии тоҷику форс дар замони Сомониён баҳои баланд додааст. «Ҳокимони Сомонӣ баробари ба даст овардани озодии сиёсиву иҷтимоӣ аз хилофати араб ба ривоҷи сухани ноби форсии дарӣ ва тарбияи суханварони асил аҳамияти махсус додаанд»[9, с.3]. Онҳо суханрони доноро барои пошхӯрди ҳадафҳои сиёсии худ ба шаҳри Бухоро даъват намуда, бо ин роҳ шӯҳрат давлатдориашонро боло мебурданд.

Оғози парвози баланди адабии Рӯдакӣ ибтидои хешро аз Самарқанд гирифта буд. Ин шаҳри овозадор, ки дар сарчашмаҳо чун пойтахти Мовароуннаҳр ёд мешавад, инчунин дар рафти солҳои 817-892 ҳамчун нахустин пойтахт ва маркази аввалини илмию фарҳангии давлати Сомониён ба шумор мерафт. Аксари кулли нобиғаҳои замони Сомониён оғози парвози эҷодии хешро маҳз аз ҳамин шаҳр сар кардаанд. Рӯдакӣ низ дастпарвари мактаби Самарқанд буд ва баъди дар ин ҷо шӯҳратёр шуданаш бо тавсияи дӯст ва рафиқи мушфиқаш Абулфазли Балъамӣ, ки дар аҳди Насри II солҳои 918-938 вазифаи вазирии ин хонадонро ба дӯш дошт, ба дарбори Сомониён даъват шуд.

«Дар бораи ба дарбор хонда шудан ва ба мартабаи баланди суханронӣ расидани устод Рӯдакӣ ва дар подоши хизмат инъому бахшҳои зиёд ёфтани ӯ аз ҳокимони аҳди Сомонӣ (914-943) дар сарчашмаҳои таърихию фарҳангии «Таърихи Систон», «Чаҳор мақола»- и Низомии Арӯзии Самарқандӣ, «Лубоб- ул- албоб»-и Авфӣ, «Гулшани Иброҳимӣ»- и Ҳиндушоҳи Фаришта, «Таърихи гузида»- и ҳамдуллоҳи Муставфӣ, «Китоб-ул-асноб»-и Абӯбакри Самъонӣ, «Баҳористон»-и Мавлоно Ҷомӣ, «Тазакирот- уш- шуаро»-и Давлатшоҳи Самарқандӣ ва ғайра хеле сареҳ баён шудааст», менависад Алӣ Муҳаммадии Хуросонӣ[9 с.2-3].

Муаллифони дар боло ёд шуда бештар аз истеъдоди худодод фавқулода доштани устод Рӯдакӣ баҳсҳо мекунанд. Онҳо таъкид месозанд, ки маҳз истеъдоди фавқулода доштани шоир, ӯро ба мартабаҳои баланди адабӣ бурдааст.

Ҳамин аст, ки Рӯдакӣ дар мактаби мусиқии Самарқанд дар аҳди амир Насри I ибни Аҳмад тарбия ёфт, бо ҳавои мусиқӣ шеър гуфтанро ёд гирифт. Акнун устод Рӯдакӣ дар рӯзҳои хуш ва нишастаҳои хоса ба манзили дӯстдорони мусиқӣ даъват шуда, базморо мешуд.

Рӯдакии бузургвор, ки фарогири илму дониш буд, бо фаросати эҷодӣ дарк менамуд, ки чи рисолати миллатсоз ва масъулиятбори таърихӣ ба дӯши ӯ афтодааст. Аз ин адабиёти мӯҳташаме равон сохт, ки дар гирдоби пурпечу тоби таърих пойдор ва устувор монда тавонад.

Рӯдакӣ дар воқеъ вассоф ва тараннумгари беҳамтои арзишҳои воло ва абадии маънавӣ, меҳанпарастӣ, одамият, адолатхоҳӣ, дӯстиву рафоқат, саховат ва накӯкориву хайрандешӣ буд. Аз ин лиҳоз, агар гӯем, ки Рӯдакӣ шоири ҳама давру замонҳо буда, шеъри оламгири ӯ ҷавобгӯи ниёзмандиҳои ҳамаи наслҳои инсон аст, камоли ҳақиқат хоҳад буд[10, с.2-3], – менависад пажӯҳишгари Эронӣ Муҳаммадризои Тоҷидинӣ дар мақолааш «Рӯдакӣ зиндаву ҷовид аст!».

Меҳанпарастии Рӯдакӣ дар он зикр меёбад, ки ӯ ҷорчӣ ва ҳифзкунандаи забони модариаш буд. Хизмати вай дар такомули забони тоҷикии форсӣ низ хеле бузург аст. Забони тоҷикӣ омили асосии ташаккул ва бақои халқи тоҷик, тавонотарин воситаи ваҳдат ва маърифати миллат мебошад. Забони тоҷикӣ дар аҳди Рӯдакӣ ташаккул ёфт. «Маҳз ӯ ва муосиронаш ин забонро ба ҳадде сайқал доданд, ки он ба забони меъёри илму адаб табдил ёфта, – мегӯяд асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, – чун забони модарӣ на танҳо ба мардумони Тоҷикистон, Эрону Афғонистон ва дигар форсигӯйён хизмат мекунад, балки чун забони байналмиллалӣ асрҳои зиёд дар ривоҷи илму адаб ва фарҳанги халқҳои Осиёи Марказӣ, Осиёи Хурд, Ҳинду Покистон ва кишварҳои дигар таъсир калон гузаштааст»[11, с.3].

Дар таърихи халқи тоҷик замони Сомониён ба худ мақоми хосро дорост, зеро ташаккули давлатдории тоҷик, забони адабии он, муайян гардидани марзи сарзамини тоҷикон, шӯҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардани адабиёти оламшумули классики тоҷику форс маҳз дар замону макони ҳамин давлати овозадор сурат гирифта буд. Дар ин ҷода аксари муҳаққиқон ва рӯзноманигорон ба саҳми амирони фарҳангзамири Сомонӣ дар пешрафти илму адаб ва забони тоҷикӣ баҳои баланд медиҳанд. Аз ҷумла олими шинохта, адабиётшинос Аламхон Кучаров дар мақолаи пурмазмуни хеш «Оли Сомон ва забони модарӣ», ки ба ифтихори 1100- солагии давлатдории Сомониён дар матбуот чоп шуда буд, ба мақоми амирони ин хонадон чунин баҳо додаст: «Амирон ва ашрофони аҳди Сомонӣ бошад, раванди ташаккулу такомули забони тоҷикиро дар шакли боз ҳам мукаммал идома дода, ба он пирӯзии комил бахшиданд ва бо ҳамин истиқлоли фарҳангии мамлакатро бо тамом таъмин намуданд. Мавқеи забони миллӣ дар аҳди Сомониён чун воситаи муҳими худшиносӣ ва маърифатандӯзии ҷомеа ба дараҷот афзуд»[12, с. 3-4].

Дар даврони ҷашнвораи 1150-солагии устод Рӯдакӣ баҳсу мунозираҳо дар атрофи ашъори шоир ва шарҳи ҳоли вай хеле тӯлонӣ буд. Як зумра олимону пажӯҳишгарони бефарҳанг дар бораи ҳаёту фаъолияти Рӯдакӣ баҳсҳо оғоз намуда, ӯро нобино эълон карданд.

Дар ин ҷода низ дар матбуот мақолаҳои раднашаванда интишор гаштанд. Яке аз муҳақиққони пурмаҳсули рӯз, олими шинохтаи ҷумҳурӣ, адабиётшиноси маъруф Мирзо Муллоаҳмадов ба бадхоҳони Рӯдакӣ ҷавоби радия навишта, тӯҳматҳои онҳоро дар ҳаққи устод инкор кардааст. Вай дар мақолаи хеш «Рӯдакӣ нобино набуд» мегӯяд, ки «…устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ аз дурахшонтарин ситраҳои осмони адабиёт олам аст, ки ҳанӯз ҳаёт, фаъолият ва эҷодиёти ӯ пурра тадқиқ нашудаанд. Ҳарчанд роҷеъ ба ин суханвари бузург муҳақиқони зиёде аз кишварҳои гуногун осори фаровон офаридаанд, вале ҳанӯз чандин лаҳзаҳои рӯзгору осори шоир норавшан мондааст. Яке аз масъалаҳои норавшан, ки дар тӯли ҳазор сол мавриди баҳс аст, нобиноии Рӯдакӣ мебошад»[13, с.2-3].

Ҳарчанд нотавонбинони миллати тоҷик ба фарзанди фарзонаи вай устод Рӯдакӣ тӯҳмату бӯҳтон мекунанд, вале ашъори рангини ӯ боз ҳам ҷилотар шуда, чашми душманонашро кӯр мегарднад…

Мо дар матбуот бештар ба мақолаю гузоришҳо оид ба замону макони Сомониён бархӯрдор мешавем. Дар ин ҷода бисёре аз пажӯҳишгарон, аз қабили академикҳо Б. Ғафуров, А. Мухторов, Н. Неъматов, олимон С. Абдуллоев, А. Мирбобоев, М. Исоматов ва дигарон дар асару очеркҳои матбуотии хеш ҷавоб гуфтаанд.

Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдуҳамид Самадов низ мухлиси омӯзиши таърихи Оли Сомон шуда, дар мақолаи хеш «Ҷашни бедорӣ ва эҳё», ки ба 1100- солагии давлатдории Сомониён бахшида шудааст, ба масъалаи бузургдошти давлати тоҷикон ҳусну таваҷҷӯҳ зоҳир намуда мегӯяд, ки таъсиси давлати феодалии тоҷик дар асрҳои IX-X боиси ифтихори миллат аст, ки дар пешрафти иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва илму фарҳанги асримиёнагии хеш ва ҳамсояҳо таъсири мусбии худро расонид. Вайро душманони миллат, арабҳои кӯчӣ эътироф кардаанд. «Давлати Сомониён тавсиаи босазо дошт ва бисёр аз сарзаминҳо зери фаромони он давлат буд ва аз ҷиҳати сулҳ ва додгустарӣ аз беҳтарин давлатҳо ба шумор аст»[14, с.2]. Нависанда ин суханҳоро аз номи муаррихи машҳури араб, муаллифи асари «ал- Комил- фит- таърих» ибни Асир овардааст. Бо ин нависанда исбот менамояд, ки ҳатто душмани қатоли Сомониён қоил шудаанд, ки мулки Оли Сомон ҳудуд надорад.

Дар матбуот бештар очерку мақолаҳои илмӣ доир ба равшан гардонидани ҳаёти илмию адабии замони Сомониён чоп шудаанд. Муаллифон дар симои Рудакӣ бештар ба таҳқиқи адабию илмии эҷодиёти шоир даст задаанд. Ба ин мақолаи баландмазмуни Абдуманон Насриддинов «Саид Нафисӣ- муҳаққиқи бузурги аҳволи осори Рӯдакӣ»[15, с.3] мисол шуда метавонад. Ӯ Саид Нафисиро чун нахуст тадқиқотчии осори бойи шоир мешуморад. Дар ҳақиқат вай дар роҳи пажӯҳиши эҷодиёти Рӯдакӣ яке аз аввалинҳо ба шумор меравад. «Аҳволи ашъори Абӯабдуллоҳ ибни Муҳаммад Рӯдакии Самарқандӣ», асари С. Нафасӣ аст, ки дар се ҷилд, соли 1943, дар Теҳрон рӯи чопро дида буд. Ин асар дар Рӯдакишиносӣ сарчашмаи тавоно шуд ва ба худ пайравон пайдо намуд[15, с.3-4].

Очеркҳои олимони шинохта Кароматулло Олимзода «Ба устод Рӯдакӣ»[16, с.2-3], Қурбон Восеъ «Андешаҳои фалсафавӣ дар ашъори Рӯдакӣ»[17, с.2-3], Сайфиддин Назарзода «Рӯдакӣ ва фарҳангнигорони тоҷик»[18, с.4], Замира Ғаффорова «Шеъри ул- аҷам»- и Шибилии Нӯъмонӣ ва шинохти шеъри Рӯдакӣ»[19, с.3], Қаҳҳор Расулиён «Бунёди шеъри форсӣ»[20, с.3-4], Усмон Назир «Таъсири шеъри устод Рӯдакӣ ба шуарои ҳавзаи адабии Шероз»[21, с.2] ва ғайра ба Рӯдакӣ бахшида шудаанд, ки онҳо баёнгари таърихи илму фарҳанги тоҷик дар аҳди Сомониён мебошанд.

Доираи мақолаю гузоришҳо оид ба давлатдории Сомониён ва замони онҳо хеле васеъ аст.

Мо ба таври хеле мухтасар бо номгӯи баъзе аз гузоришу мақолаҳо ва очеркҳои илмию бадеӣ бахшида ба давлатдории Сомониён ва ҷашнвораи 1150-солагии зодрӯзи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ шуморо шинос намудем. Маълум гардид, ки дар поёни асри ХХ ва оғози асри XXI пажӯҳишгарон ба ин масъала аҳамияти аввалиндараҷа додаанд.

Хулоса, дар қатори сарчашмаҳои илмии қадима, матбуоти навини тоҷик низ дар пурра гардонидани баъзе аз саҳифаҳои нопадиди таърихи тоҷик дар аҳди Сомониён равшангари воқеот гардид. Муаллифони мақолаю очеркҳо ва гузоришҳо дар баробари баҳо додан ба раванди ташаккулёбии ҳокимияти Сомониён инчунин хуссуияти давлатдории онҳоро ба андозае муайян намуда, ба хулоса омаданд, ки он нахустдавлати феодалии тоҷик будааст ва дар пешрафти тамаддуни башарият нақши хешро гузоштааст. Омӯзиш ва таҳлили матбуотии ин масъала ба хонанда имконият фароҳам овард, ки дар замони нав бо падидаҳои рангини таъриху илму фарҳанги аҷдодони хеш амиқтар ошно гардад.

Адабиёт:

1. Ҷумҳурият, 1999, 25 сентябр.

2. Ҷумҳурият, 1999, 8 май.

3. Ҷумҳурият, 1998, 25 сентябр.

4. Ҷумҳурият, 2007, 21 сентябр.

5. Ҷумҳурият, 2008, 9 сентябр.

6. Ҷумҳурият 2008, 3 июл.

7. Ҷумҳурият, 2008, 3 июн.

8. Ҷумҳурият, 2008, 6 сентябр.

9. Ҷумҳурият, 2008, 25.10.2008.

10. Ҷумҳурият, 2008, 18 сентябр.

11. Адабиёт ва санъат, 2008, 11 сентябр.

12. Ҷумҳурият, 1999, 17 июн.

13. Ҷумҳурият, 2008, 7 август.

14. Ҷумҳурият, 1999, 9 сентябр.

15. Адабиёт ва санъат, 2008, 31 январ

16. Адабиёт ва санъат, 2008, 17 январ.

17. Адабиёт ва санъат, 2008, 24 январ.

18. Ҷумҳурият, 2008, 20 сентябр.

19. Адабиёт ва санъат, 2008, 5 июн.

20. Адабиёт ва санъат, 2008, 21 феврал.

21. Адабиёт ва санъат, 2008,31 июл.

Адабиёти илмӣ

1. Усмонов И.- Журналистика, қисми 1, Душанбе, 2005.

2. 1100- летие образования государства Саманидов (материалы международной конференции). СПБ, 1999.

3. Шоирони аҳди Сомониён. Душанбе, Адиб, 1999.

4. Қиссаи подшоҳони Сомонӣ. Душанбе, Адиб, 1999.

5. Ҳалимиён С. – Исмоили Сомонӣ (очерки таърихию бадеӣ). – Душанбе: Адиб, 1999.

6. Турсунов А. – Эҳёи Аҷам. Душанбе, Ирфон, 1984.

7. Ҳайдаров С. – Бобоҷон Ғафуров – публитсист. Душанбе, 1998.

8. Тошматов Р. – Сомониён ва адабиёти тоҷику форс. Хуҷанд, 1999.

9. Сомониён ва эҳёи тамаддуни форси тоҷикӣ. Душанбе, Пайванд, 1998.

М. Сангинов,

Р . Хайрзода,

омӯзгорони кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав