Мутобиқи нақшаи тасдиқнамудаи Раёсати таҳсилоти Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар ибтидои моҳи феврали соли равон донишҷӯёни курсҳои сеюми ихтисоси забон ва адабиёти тоҷики факултети филология ба МТМУ рақами 9-и шаҳри Бохтар ба таҷрибаомӯзӣ сафарбар гардида буданд.

Мо рӯзи 16-уми апрели соли равон ба хотири огоҳӣ ёфтан аз вазъи феълии раванди таҷрибаомӯзии донишҷӯёни ин ихтисос ба МТМУ №-9 ташриф оварда, бо директори муассиса Назарзода Муродалӣ суҳбат оростем, ки ҳоло фишурдаи онро пешкаши Шумо мегардонем.

– Устод, мехостем дар бораи фаъолияти таҷрибаомӯзони донишгоҳ дар муассиса чанд сухан мегуфтед.

-Муассисаи мо дар шаҳри Бохтар аз мактабҳое ба шумор меравад, ки дар он теъдоди хеле зиёди хонандагон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Хонандагон дар чорабиниҳои фарҳангию таълимии шаҳру вилоят иштироки фаъолона доранд. Бисёр хуб аст, ки дар қатори дигар муассисаҳои таълимӣ Раёсати Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ба муассисаи мо низ таҷрибаомӯзонро сафарбар менамояд.

Дар муассисаи мо омӯзгороне, ки таҷриба ва маҳорати хубӣ касбӣ доранд хеле зиёданд ва ин имконияти бисёр муосидро барои таҷрибаомӯзон фароҳам меорад. Бояд махсус қайд намуд, ки аксарияти кормандон ва омӯзгорони ин муассиса хатмкардагони Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав мебошанд, алалхусус худи ман- Назарзода Муродалӣ, ки айни замон роҳбарии ин муассисаи таълимиро ба ӯҳда дорам, хатмкардаи факултети физикаи донишгоҳ ҳастам.

Фаъолияти таҷрибаомӯзони донишгоҳро дар муассиса метавон қаноатбахш арёбӣ кард, зеро ҳам мушовирон ва ҳам худи донишҷӯён дар иҷрои вазифаҳои худ масъулияти баланд зоҳир мекунанд. Аз ҷумла, дар муассисаи мо имсол 12 нафар донишҷӯёни курси сеюми ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик дар ду баст таҳти роҳбарии мушовирон Муродов Алишер ва Абдураҳимов Файзулло, Б. Нозимов ба таҷриба сафарбар шуда, фаъолияти назаррас доранд.

Аз фурсати муносиб истифода намуда, ман миннатдории хешро ба Раёсати ДДБ ба номи Носири Хусрав ҷиҳати ҳамкориҳои судманд иброз медорам.

-Устод дар бораи ҳамкории мушовирон бо роҳбарияти муассиса чӣ андеша доред?

-Бояд бигӯям, ки як хислати писандидаи мушовирон ин аст, ки онҳо ҷиҳати хубу самарабахш гаштани рафти таҷрибаомӯзии шогирдон пайваста бо мо мулоқоту маслиҳат мекунанд.

Махсусан мушовирон Ализода Нусратулло аз факултети менеҷмент, Салоҳиддин Қаландаров аз факултети таърих ва ҳуқуқ, Сафаралии Алимаҳмад аз факултети педагогика ва варзиш, Назаров Абдузоир аз факултети химия-биология доим барои беҳтару хубтар гузаронидани таҷрибаомӯзии шогирдон кӯшиш мекунанд. Дар маҷмуъ, махсусан, фаъолияти таҷрибаомӯзони факултети филология, физика, таърих ва ҳуқуқ шоистаи таъкид аст.

Мо ҳам ҳаракат мекунем, ки барои таҷрибаомӯзон синф- кабинетҳои алоҳида омода намоем.

-Ба андешаи Шумо таҷрибаомӯзон дар раванди таҷрибаомӯзӣ дар омода намудани хонанадагон ба олимпиадаҳои фаннӣ, озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва чорабиниҳои мактабӣ саҳм доранд?

-Дар ҳақиқат, вақте ки таҷрибаомӯз ба муассиса ворид мешавад, дарҳол шавқу рағбати ӯ ба касби интихобнамудааш мушоҳида мегардад. Ҳастанд таҷрибаомӯзоне, ки ҳатто ҷуръати ворид шудан ба синфхонаро надоранд.

Дар баробари ин, боз қисми зиёди таҷрибаомӯзоне ҳастанд, ки ҳам дар кори таълим ва дигар чорабиниҳои мактабию вилоятӣ саҳми назаррас доранд. Аз ҷумла, таҷрибаомӯзони факултети филология Маъво Хошокова ва Шоҳвалӣ Шовайсов аз беҳтарин таҷрибаомӯзоне ба ҳисоб мераванд, ки дар омода намудани шогирдон ба озмунҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ саҳми назаррас доранд.

Роҳбарияти муассиса омода аст, ки чунин таҷрибаомӯзони фаъолро дар муассиса ба кор қабул намояд.

-Ба шумо дар кори бисёр пурмасъулияту пуршараф барору комёбӣ таманно намуда, барои суҳбат изҳори сипос менамоем.

Суҳбаторо: САФИР, “Фурӯғ”