Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати омоди намудани мутахассисони варзида барои тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ таъкид гардида, ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату кумитаҳо супориш дода шуд, ки дар ҳамбастагӣ фаъолиятро боз ҳам дар ин самт беҳтар намоянд. Яке аз василаҳои беҳтар намудани омодасозии мутахассисон ин дуруст ташкил ва ба роҳ мондани фаъолияти таҷрибаомӯзии донишҷӯён мебошад.

Барои татбиқи дастуру супоришҳои бевоситаи роҳбарияти давлат дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав пайваста тадбирҳо андешида мешаванд. Ҳамасола донишҷӯён барои таҳкими донишҳои назарии худ ба таҷрибаомӯзии таълимӣ ва истеҳсолӣ сафарбар мешаванд.

Дар нимсолаи дуюми соли таҳсили 2023-2024 75 нафар донишҷӯён тибқи фармоиши ректори донишгоҳ таҳти №239- ст аз 25.01.2024 ба Муассисаҳои таълимии рақамҳои 3,5, 6, 9, 8, литсейи № 1 шаҳри Бохтар ва литсейи назди ДДБ ба номи Носири Хусрав барои таҷрибаомӯзӣ сафарбар шудаанд. Роҳбарони таҷрибаомӯзӣ баҳри дуруст сурат гирифтани фаъолияти донишҷӯён пайваста кӯмак намуда, машварати худро дареғ намедоранд.

Дар раванди таҷрибаомӯзӣ донишҷӯ имконият пайдо мекунад, ки донишҳои назариявӣ ва амалиро бори дигар ҳамоҳанг намояд. Мо рӯзи 16.04.2024 ба дарси таҷрибаомӯз Наимова Моҳрӯ Зафаровна -донишҷӯи гурӯҳи 301 ихтисоси забон ва адабиёт иштирок кардем. Дар дарси тачрибаомӯз мудири шуъбаи тачрибаомӯзии донишгоҳ Ш.Ҳасанов, роҳбари тачрибаомӯзии ихтисосҳои омӯзгории донишгоҳ С. Холматов ва мудирони кафедраҳо иштирок доштанд.

Мавзуи дарси таҷрибаомӯз “Мазмун ва мундариҷаи достони Беҳруз ва Баҳром”-и Камолиддин Биноӣ буд. Моҳрӯ Наимова ҳамчун таҷрибаомӯз ба хонандагон дар бораи мазмун ва мундариҷаи достони Беҳруз ва Баҳром маълумот дод, хонандагон бо шавқу рағбат ба саргузашти қаҳрамонҳои достон диққат доданд. Баъдан, муаллимаи муассиса андешаҳои таҷрибаомӯзро бо баёни чанд далел тақвият дода, дар бораи мақсади муаллифи достон андешаронӣ намуд.

Хуллас дарс барои ҳам шунавандагон ва дигар иштирокдорони он ҷолибу хотирмон ба анҷом расид. Ин аввалин дарсе буд, ки таҷрибаомӯзи мо бо хонандагони муассисаи таҳсилоти миёна баргузор намуд. Аз суханронии фасеҳу равон ва муносибати таҷрибаомӯз маълум мегардид, ки ӯ ба ин дарс тайёрии ҷиддӣ дида, омодааст соатҳо бо шогирдон дар бораи мавзуъ ҳарф занад. Ин муносибат аз ояндаи дурахшон доштани таҷрибаомӯз дар самти касби интихобнамудаи ӯ дарак медод.

Мо ба таҷрибаомӯзони ин муассиса барору муваффақиятҳои беназирро таманно менамоем, бошад ки таҷрибаомӯзони дигар ихтисосҳо низ ба мисли Моҳрӯ муваффақу номбардори донишгоҳ бошанд.

САФИР, “Фурӯғ”