• Бахшида ба ҳафтаи илм

Панду андарз дар ҳаёти инсон мавқеи назаррас дорад. Инсон аз лаҳзаи таваллуд то вақти марг ба панду андарз ниёзманд аст. Панду андарз дар эҷодиёти бузургони илму адаб мавқеи аввалиндараҷа дошта, мақсади шоир ва ё нависанда ҳам пеш аз ҳама тарбия намудани хонанда дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ва ҳам ошно намудан бо ҳама гуна ахлоқи ҳамидаи инсонист. Чи шоирону адибони классик ва чи муосир асарҳои гаронарзише офаридаанд, ки ҷовидонаанду сар то по фарогири панду андарзанд.

Адабиётшиноси тоҷик Абдуннабӣ Сатторзода дар мавриди адабиёти замони Истиқлол чунин навиштааст: «Адабиёти замони Истиқлол мафҳуми густурда буда, тамоми асарҳои бадеиро фаро мегирад, ки дар онҳо ҳодисаҳову воқеаҳои замони Истиқлол, мавзуъ ва масъалаҳо, назариёт, андешаҳо ва рӯҳи ин замон ба таври бадеӣ ва ҳунарӣ бозтоб гардидаанд».

Зарифи Ибод аз зумраи шоиронест, ки дар нимаи дуюми садаи бист вориди майдони адабиёт гашта, дар замони истиқлол бо офаридани асарҳои гаронарзише чун “Навои зиндагӣ”, “Давлати бедор”, “Бо сари боло”, “Майдони андеша”, “Шукри Худо”, “Нишонаҳои ориёӣ”, “Шириниҳои зиндагӣ” ва даҳҳо асари дигар мавқеи худро пайдо кардааст:

Ба танҳоӣ ҳабиби мо китоб аст,

Муаллими муҳиби мо китоб аст.

Дар эҷодиёти устод Зариф Ибод панду андарз мавқеи намоёнро ишғол мекунад. Чунончи дар шеърҳои зерин шоир таъкид мекунад, ки ватандӯст ҳамонест, ки ватанро чун модар дӯст медорад ва бо номи он зинда буданро барои худ ифтихор медонад.

Ишқу муҳаббат варзидан нисбат ба Ватан дарак аз инсони комил будани кас медиҳад. Ватанро бо муҳаббат обод кардан вазифаи ҳар як ватандор аст. Ба ақидаи шоир, хидмати халқу Ватанро ба ҷо овардан қарзи фарзандии хешро адо намудан аст. Ватандор ҳамонест, ки ҳар як гӯшаи Ватанро азиз медорад, маҳалгароӣ намекунад. Ватанро чун оғӯши гарми модар дӯст медорад:

Бо муҳаббат фикри ободии кишвар мекунам,

Хидмати халқу Ватанро тоҷ бар сар мекунам.

Бо Хуҷанду Ғарму Хатлону Бадахшону Ҳисор

Тоҷикистонро яке оғӯши модар мекунам.

Дар ҷойи дигар шоир дар мавриди худогоҳу хештаншинос будан таъкид мекунад, ки ман тоҷикам, асли ман ориёист ва гузаштагони ман аз азал соҳибкитобу босавод буд:

Кистам?

Бар хеш худ додам ҷавоб:

Тоҷикам ман, тоҷики оринажод,

Тоҷик астам, тоҷики дирӯзаам,

Аз азал соҳибкитобу босавод.

Ба қавли шоир, барои соҳибватан, пеш аз ҳама, ҳифзи марзу буми Ватан ҳамчун қарзи муқаддас дониста мешавад. Дар тасвири шоир, барои ӯ даштҳои Ватан ҷонамозу қуллаҳои барфпӯшаш кӯлоҳи нуқрагин ва кӯҳҳои сарбаландаш тахти подшоҳист. Адабиётшинос Ҳафиз Раҳмон дар мавриди муҳаббати кас ба ватан чунин изҳори ақида кардааст, ки далели гуфтаҳои болост: «…Тавъам донистани рӯзгори шоиру меҳанаш, масъулияти бо ҳама сахтиҳову нармиҳояш ҳамтақдири ватанро ба уҳда гирифтан намунаи волои эҳсоси фарзанди ватан будан аст…».

Даштҳоят ҷонамозам,

Кӯҳҳоят тахтгоҳам.

Қуллаҳои барфпӯшат,

Нуқрамонанде кӯлоҳам.

Тоҷикистон, Тоҷикистон!.

Дурӣ аз Ватан, аз ёру рафиқон касро озурдахотир месозад. Кас худро дар ғурбат тамоман бегонаву бечора медонад. Ғарибе чун ҳамватани худро рӯ ба рӯ ояд, рӯҳи тоза пайдо мекунад, худро дар Ватан ҳис мекунад:

Тоҷикистонро бувад оинае чашмони ман,

Тоҷикамро гармиҳое чеҳраи хандони ман.

Дар ғарибӣ тоҷикистонӣ чу ояд рӯ ба рӯ,

Рӯҳи тоза мекунад пайдо ҳамоно ҷони ман.

Ваҳдат сарҷамъиву муттаҳидӣ ва аз ҷиҳати фикру ақида як будан аст. Чи хеле ки ангуштон бо ҳам як шуда, панҷаву муштро ташкил медиҳанд ва дар якҷоягӣ ҳар мушкилеро пушти сар месозанд, одамон низ бояд сарҷамъ бошанд, то тавонанд, ки ҳар гӯшаи Ватанро ободу зебо гардонанд: Ваҳдати мо халқи моро аз ҷудоиҳо раҳонд,

Миллати моро зи дунё нест гардидан намонд.

Дар бари ҳам ҳамчуноне дӯстон биншастаанд,

Тоҷике бар тоҷике худро бародархонд хонд.

Пар ‟ пари тифл рӯйи дастони модар нишонаи вуҷуд доштани сулҳу ваҳдат аст. Тинҷиву амонӣ сабаб мешавад, ки дар осмони кишвар кабӯтарҳои сулҳу осоиш болафшонӣ мекунанд:

Аз сари дастони модар,

Тифл пар – пар мекунад.

Чӯҷаи зебои кафтар,

Бозие сар мекунад.

Дар мавриди меҳнат кардану заҳмат кашидан устод Зарифи Ибод таъкид мекунад, ки на мансаби султонӣ дораму на аз муллоӣ, балки деҳқоне ҳастам, ки бо маҳсули дастони худ нон пайдо мекунам ва ҳаргиз барои қутти лоямуте шуда, пеши касе сар хам накардаам ва ба зӯри дастонам рӯзии хешро пайдо мекунам:

На султонам, на муллоям, на дарвеш,

Манам деҳқон, ки аз ман дон шавад беш.

Ба пеши кас наистам гарданам каҷ,

Ба зӯри даст ёбам рӯзии хеш.

Бо хондани панди фавқуззикри устод Зарифи Ибод ҳикояти “Ҳотами Той ва хоркаш” аз “Баҳористон” ‟ и Абдураҳмони Ҷомӣ ба ёди кас меояд. Хоркаш пешниҳоди Ҳотамро рад мекунаду бо зӯри даст нон пайдо карданрову миннат нашуниданро афзал медонад. Инсон дар натиҷаи заҳмат кашидан, ба мақоми бузургӣ мерасад, соҳиби ҳурмату эҳтироми хос мегардад:

Ҳар кӣ накашад заҳмат агар, хор шавад,

Чун бед баланд, лек бе бор шавад.

Шоир барои хонандагон ҳунаромӯзиро ташвиқу тарғиб намуда, ҳунарро дар баробари илмомӯзӣ мояи зиндагонӣ медонад. Инсони пурҳунар ба касе муҳтоҷ ва дар зиндагӣ хору зор намегардад. Хусусан, мардонро зарур аст, ки пеш аз бунёд кардани оила соҳиби касбу коре бошанду мавқеи худро дар ҷомеа муайян карда бошанд. Дар зиндагӣ сомондиҳандаи кори ҳар кас худаш ҳаст. Инсон агар беҳунар бошад, роҳи ҳалли корро пайдо карда наметавонад. Бисёриҳо аз гардиши чархи фалак нола мекунанду даст ба коре намезананд, ки дарак аз беҳунарии хеш медиҳанд. Ҳатто дар ҷомеа баъзе мардоне пайдо шудаанд, ки аз беҳунарӣ то замони пириашон бори дӯши падару модари хеш мегарданд. Вале марди ҳақиқӣ барои шоир онест, ки бо сари баланд гуфта тавонад:

Кори худро худ ба сомон мекунам,

Бахти худро хеш хандон мекунам.

Айб бошад нола кардан мардро,

Дарди худро хеш дармон мекунам.

Бесаводӣ дар баробари беҳунарӣ ин хислатҳои нохуби инсонист. Инсони бесавод беандеша сухан меронад. Дуруст хулосабарорӣ нокарда, ба ҳар коре даст мезанаду муваффақ намегардад ва дар охир аз карда пушаймон мешавад. Одами бесаводро шоир ба кушандаи фарҳанг ташбеҳ додааст. Ба ақидаи ӯ, бесавод нафарест, ки аз кӯчаи фарҳангу маданият фарсангҳо дур аст. Бесаводӣ бемориест, ки соҳиби худро дар ҷомеа сархаму расво месозаду аз байн мебарад.

Захми чашме мекафонад сангро,

Санги ҳарфе мепаронад рангро.

Вақти хондан такя бар симе кунанд,

Бесаводӣ мекушад фарҳангро.

Ба ақидаи устод Зариф Ибод, шахси корчаллон ҳунарманд нест, балки фиребгарест, ки барои манфиати худ шуда, бо ҳар роҳу восита ба дигарон неш мезанад. Шоир корчаллононро ба рӯбоҳзабонон ташбеҳ дода, таъкид менамояд, ки онҳо ҳарчанд ширинзабонанд, вале фиребгаре беш нестанд:

Имрӯз ҳунар корчалонӣ шудааст,

Корест, ки рӯбоҳзабонӣ шудааст.

Раҳ ёфтаву якдигарӣ неш зананд,

Мардонагии мард ниҳонӣ шудааст.

Забон беҳтарин воситаест барои барқарор кардани муошират. Забони нарму ширин меҳрҳоро афзун мекунаду ба дилҳо оромиш мебахшад. Беҳуда намегӯянд, ки “Забони нарм зи абрӯи чашм чин бибарад”.

Бо такя ба ин суханони бузургон устод Зарифи Ибод низ таъкид мекунад, ки инсон бояд забонашро поку беолоиш нигоҳ дорад.

Аз забони хеш одам мулзаму сархам шавад,

Кабк бо овози худ ёрӣ диҳад сайёдро.

Шоир ба хонандагон панд медиҳад, ки ба василаи забон мардумозорӣ накунанд. Ӯ бевосита бадзабониро маҳкум намуда, бадзабононро ба тешаи чӯбин ташбеҳ намудааст, ки аз рӯйи гумроҳии хеш мехоҳанд сангтарошӣ кунанд ва ё аз рӯйи ҷаҳлу нодонӣ ба Моҳ, ки дар масофаи дур аз Замин қарор дорад, хок пошанд. Хулоса, бадзабонон корҳоеро карданианд, ки аслан қобили қабул нестанду иҷро гардиданашон номумкин аст. Аз нигоҳи шоир шахси бадзабон ҳаргиз ба муроди дили худ намерасад. Инсон бояд дар қадами аввал некандеш бошад, чун некандешонанд, ки ба касе бахилӣ намекунанду дили касеро намеранҷонанд. Устод Зарифи Ибод низ дар ин маврид бар ҳақ фармуда:

Ба нохуни забон дилҳо харошӣ,

Ба дасти бухл бар маҳ хок пошӣ.

Магар маҳро сияҳ кардан тавонӣ?

Ба чӯбин тешае санге тарошӣ.

Дар ҷойи дигар шоир таъкид мекунад, мо ‟ одамон бояд бо якдигар мисли бародар рафтор кунем, чун бародар ба якдигар оғӯши меҳр бикшоем. Инсонҳо дар рӯйи дунё аз як падару модар ба дунёомадаанд, набояд дар ҳаққи якдигар суханони носазо гӯянд, якдигарро ғайбат накунанд:

Дар рӯйи замин ҷумла бародар моем,

Оғӯш бояд ба якдигар бикшоем.

Одам падару Ҳаво ба мо модар буд,

Аз баҳри чӣ якдигар ба ғайбат хоем?.

Асал давои садҳо беморист. Зарифи Ибод таъкид менамояд, ки дарди бадро давояш ҳам бад аст. Бо асал гуфтану нишастан мушкили кас осон намешавад, балки нотамому фаромӯш мешавад. Ӯ ҳақиқатнигор асту ҳақро дӯст медорад. Ба ақидаи шоир, шунидани ҳақиқат агарчи гоҳе вақт талхиҳо ба бор меоварад, вале меваи ширин дорад ва хостори он аст, ки аз нафароне, ки ширинсухананду ҳақиқатро пинҳон медоранд, дурӣ ҷӯяд. Чунончи:

Асал табъи дили бемор бикшояд,

Ба дарди бад вале бояд давои бад.

Ба коми ман асал резӣ ту бо таъриф,

Дилам заҳри ҳақиқат аз ту мехоҳад.

Меваро кирми дарунаш вайрон мекунад, албатта меваи ширину пухтаро. Меваи хомро ҳеҷ боду тӯфоне афтонда наметавонад, то замоне, ки худ пухта нагардад ва ё ҷондоре онро наафтонад. Оҳан то замоне, ки тозаву озода аст, арзиши баландеро соҳиб аст, чун аз он ҳар гуна ашёҳои зарури рӯзгор месозанд ва дар кору фаъолиятҳои рӯзмарра фаровон истифода мебаранд, вале чун он зангхӯрда шавад, беқурб мегардад:

Ҳар мева зи кирми хештан ганда шавад,

Нопухта зи шох худ ба худ канда шавад.

Беқурб шавад оҳани хубе аз занг,

Одам зи гуноҳи карда шарманда шавад.

Худованд зиндагиро барои ҳама нася додааст. Онро ҳар вақте ки хоҳад, дубора мегирад. Ба ақидаи Зарифи Ибод, зиндагӣ кӯтоҳ аст ва инсон дар ин умри доштааш, то ҳадде, ки метавонад, ба дигарон лутфу меҳрубонӣ намояд, то соҳиби эҳтиром гардад:

Туро нася, Зарифо, зиндагонӣ,

Худо чун насяро гирад, намонӣ.

Ту танҳо нестӣ, бо одамонӣ,

Бикун арзон ту лутфу меҳрубонӣ.

Инсон чӣ хурду бузург ҳама даргузар аст ва ҳама амали инсонро, ки чӣ хубанду чӣ бад Худованд таҳти назари хеш қарор додааст. Ин умрро, ки Худо ба мо бахшидааст, бо омадани вақту соати муносибе дубора мегирад:

Мо хурду калон дар ин ҷаҳон даргузарем,

Дар пеши Худои хеш таҳти назарем.

Дирӯз набудем, кунун ин ҷоем,

Мо омадаем, рӯи роҳи сафарем.

Мусалмон ҳамонест, ки ба дигарон зарару зиёне намерасонад. Шоир таъкид менамояд, ки агар мусалмон шудан хоҳӣ, пас чун инсон бошу дили касеро маранҷон. Миёни мардумон сулҳу суботро ҷорӣ куну пуштибони ҷумлаи аҳли олам бош:

Мусалмон хоҳӣ будан, бош одам,

Чу одам бошӣ, имон дор маҳкам.

Нигаҳдорандаи осудагӣ шав,

Ки бошӣ пуштибони ҷумла олам.

Дар байти дигар шоир аз Худо талаб менамояд, ки ҳасудонро, ки дили кӯр доранд, дидаашонро низ кӯр кун. Ҳаёти бахилонро, ки боиси шӯрбахтии дигарон гардидаанд, шӯр бигардон:

Худоё, ҳосидонро кӯр гардон,

Ҳаёту ҳоли онҳо шӯр гардон

Хулоса, дар ашъори Зариф Ибод мазомини пандуандарзӣ мақоми чашмрас дошта, хонанда аз ин асарҳои арзишманди устод ба худ ғизои маънавӣ гирифта, барои ба хостаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ мувофиқ намудани ахлоқи худ кӯшиш менамояд.

Умарҷони Мирзошариф,

докторант PhD аз рӯйи ихтисоси филологияи тоҷики ДДБ ба номи Носири Хусрав