Дар кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ бахшида ба “Ҳафтаи илм” маҳфили навбатии “Иқтисодҷии ҷавон” бо иштироки омӯзгорону аъзоёни маҳфил ба баргузор шуд.

Дар маҳфил вазифаҳои ҳисобдорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Вазифаи ахбории ҳисобдорӣ. Дар шароити иқтисодиёти бозорй дар доираи ҳисобдорй ахбор барои истифодабарандагони дохиливу берунии корхонаҳо басо зарур мебошад. Чунки барои истифодабарандагони берунии корхона ахбор оиди натиҷаи молиявӣ, ҳолати молиявӣ, хоҷагидорӣ ва истеҳсолӣ барои ташкил намудани алоқаҳои иқтисодӣ, таъсис намудани корхонаҳои муштарак зарур мебошад. Ахбор ба истифодабарандагони дохилӣ барои идора кардани корхона зарур мебошад. Маълумоту ахборе, ки бо ёрии ҳисобдорӣ ба даст оварда мешаванд, барои ба роҳ мондани фаъолияти корхона ва идоракунии он кор фармуда мешаванд.

Вазифаи назоратии ҳисобдорӣ. Яке аз вазифаҳои асосии идоракунӣ ва роҳбарии корхонаҳо ин назорат оиди иҷроиши қарорҳо ва дастурамалҳо. риояи қонуну низомномаҳо, ҳифзи амволи корхона ва самарабахшии истифодабарии онҳо мебошад. Назоратва ҳисобдорӣ аз ҳамдигар ҷудонопазир мебошанд. Назорати ҳақиқӣ танҳо дар вақти ҳисобгирии аниқ, пурра ва мутассили воситаҳо ва амалиётҳои хоҷагӣ ба вуқӯъ меояд. Ҳисобдорӣ маълумотҳоро оиди мавҷудияту ҳаракати амволи корхонаҳо муҳайё месозад. Навиштаҷоти ҳисобдорӣ аз ҷиҳати ҳуқуқӣ ба расмият даровардан, дуру дароз нигоҳ доштани ҳуҷҷатҳои расман асоснок кардашудаи хоҷагӣ ва имконияти қонунан тафтиш намудани амалиётҳои ба амал омадаро таъмин менамояд.

Барӯйхатгирӣ (инвентаризатсия) воситаи муҳими ташкили назорат аз рӯи ашё, арзишҳои моддӣ, маҳсулот ва умуман амволи корхона ба шумор меравад. Дар мӯхдатҳои муайяншуда гузаронидани барӯйхатгирии захираҳои моддй ва маҳсулот, муқоисакунии бақияи ҳақиқии мавҷуда бо маълумотҳои ҳисобдорӣ, назорати дурусти нигохдорӣ ва муҳофизати онҳоро таъмин менамояд.

Бо ёрии тарзу усулҳои махсуси ҳисобдорй се намуди назорат бурда мешавад: назорати пешакӣ то ба вуҷуд омадану иҷроиши амалиётҳои хоҷагӣ; назорати ҷорӣ ҳангоми гузаронидани амалиётҳои хоҷагӣ; назорати ниҳоӣ баъд аз гузаронидан ё иҷроиши амалиётҳои хоҷагӣ.

Вазифаи таъмин кардани нигохдории моликият. Чунин на- муди функсия бо такмилдиҳии системаи ҳисобдорӣ зиҷ алоқаманд буда, функсияи назорагиро пурзӯр менамояд. Бояд қайд намуд, ки барои амалй намудани ин функсия мавҷудияти як қатор заминаҳо заруранд: мавҷудияти бинои анбори ҷиҳозонидашуда, асбобҳои махсуси ченкунӣ ва назоратӣ, зарфҳои ченкунӣ, мавҷуцияти асбобҳои анцозгирандаи хароҷот.

Воситаи асосии ба амал татбиқ намудани ин функсия гузаронидани барӯйхатгирӣ мебошад, ки дар натиҷаи он дигар- гуншавии амволи корхона ошкор карда мешавад. Дар рафти гу- заронидани барӯйхатгирӣ чунин ҳолатҳо тафтиш карда меша- ванд: оё ҳамаи амалиётҳои хоҷагӣ тибқи ҳуҷҷатҳо ба вуҷуд омадаанд ва онҳо дар системаи ҳисобдорӣ ифода шудаанд, оё нишондиҳандаҳои ҳисобдории ҷорӣ ва маълумотҳои ҳақиқӣ аниқ, ислоҳ ва алоқаманд карда шудаанд ё не?

Вазифаи алоқаи баръакс. Дар шароити автоматонии ҷойи кор системаи идоракунии корхонаҳо бе функсияи алоқаи баръакси ҳисобдорӣ имконноназир аст. Системаи ҳисобдорӣ коркунони маъмурияти идоракуниро бо маълумоту нишондиҳандаҳои ҳақиқӣ дар бораи фаъолияти хоҷагидории корхона, ҳолати амволи он, манбаъҳои пайдоиши воситаҳои хоҷагӣ ва ӯхдадориҳо дар давраи муайян, муносибатҳои байни корхона бо таъмингарон, харидорон, фармоишдиҳандагон, бонкҳои тиҷоративу давлатй, мақомоти андоз, ҳамкорони хориҷй, дар бораи ташкилшавии ҳолати молиявй, фоида ва истифодабарии он ва муносибат бо соҳибмулкон (саҳҳомон, муассисон) таъмин менамояд.

Бо истифода аз алоқаи баръакс бо ёрииахбори ҳисобдорй, ки мазмуни ҳақиқии нишондиҳандаҳоро ифода менамояд, назо- рат аз рӯи иҷроиши нақшаҳо, стандартҳо, меъёру меъёрномаҳо, сметаҳо. риоя намудани истифодаи оқилонаи ҳамагуна захираҳо, муқаррар намудани камомадҳои гуногун, ошкор сохтани захираҳои истеҳсолӣ ва дараҷаи сафарбар намудани онҳо ба амал бароварда мешавад. Системаи ҳисобдорӣ идоракунии алоқаи баръаксро дар ҳама дараҷа ва қисмҳои алоҳидаи корхона таъмин менамояд.

Вазифаҳои таҳлилӣ. Дар шароити ҳозираи такмилдиҳии истеҳсолот ва идоракунӣ, ташкишшавии муносибатҳои бозорӣ функсияи таҳлилӣ нақшаи муҳимро иҷро менамояд, чунки ахбори комилан саҳеҳ ва аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ асосонок барои таҳлили фаъолияти молиявиву хоҷагидории корхона ва қисмҳои алоҳидаи он беш аз пеш истифода бурда мешавад. Фуксияи таҳлилй бо функсияи ахборӣ бисёр монанд мебошад, аммо онро ба сифати таъминкунии ахбор қабул намудан мутлақан хатост.

Истифодаи функсияи тахдилӣ имконият медиҳад, ки аз рӯи ҳамаи қисмҳои алоҳидаи ҳисобдорӣ таҳлил гузаронида ша- вад, аз ҷумла оиди истифодабарии ҳаргуна захираҳо, хароҷоти истеҳсолӣ, фурӯши маҳсулот; дуруст қабул намудани нархно- маҳо, ки дар шароити мавҷудият ва амалкунии нархҳои бозорӣ ва беқурбшавии пул басо муҳим мебошад; тарзҳои махсус ва усулу шаклҳои ҳисобдорй; васеъ истифодабарии воситаҳои техникии ҳисоббарор (компутерҳо), мавҷудияти ҷойи кори автоматонидашудаи ҳисобдор дар ҳолатҳои зарурӣ нишондиҳандаҳои тахдилшавандаро то истифода бурдани маълумоти ҳуҷҷатҳои ибтидойӣ таъмин менамояд.