Таҳти унвони “Дастур оид ба ташкил ва баргузории таҷрибаомӯзии донишҷӯён“ дар чорчӯбаи Лоиҳаи USAID «Биё, ҳамроҳ омӯзем» аз ҷониби роҳбари таҷрибаомӯзии ихтисосҳои омӯзгории донишгоҳ С. Холматов нашр шуд, Аз ҷониби Сафаралии Алимаҳмад роҳбари таҷрибаи педагогии факултети педагогика ва варзиш “Роҳнамо барои методистони фанни педагогика оид ба ташкил ва баргузории таҷрибаомӯзии донишҷӯён “ интишор шуд, ки барои истифодабарӣ дар рафти таҷрибаҳои таълимӣ ва педагогӣ тавсия дода мешавад.

Ба ҳамин мазмун дастурҳои методӣ “Рӯзномаи донишҷӯ”, ”Роҳнамо барои методисти кафедра аз рӯйи ихтисос оид ба ташкил ва баргузории таҷрибаомӯзии донишҷӯён”, “Роҳнамо барои методисти фанни психология оид ба ташкил ва баргузории таҷрибаомӯзии донишҷӯён”, ”Роҳнамо барои методист-омӯзгори муассисаи таълимӣ” ба наздики ба дасти чоп расиданд.

Дастур барои омӯзгорон, методистон, мутахассисон ва мудирони кафедра ва факултетҳои ихтисоси таҳсилоти ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии самти омӯзгорӣ оид ба ташкил ва баргузор намудани таҷрибаомӯзии таълимию педагогии донишҷӯёни таҳия карда шудааст.

Мазмуну муҳтавои он ба ташаккул ва тақвияти салоҳиятҳои омӯзгорон, методистон ва мутахассисон оид ба дурусту мақсаднок ташкил намудани раванди таҷрибаомӯзии донишҷӯён бахшида шудааст, ки ҳоло як бахши онро пешкаши Шумо мегардонем. Вазифаҳои асосии таҷрибаомӯзии педагогӣ:

• ҷалби донишҷӯён ба раванди таълим дар муассисаҳои таълимӣ;

• фароҳам овардани шароит ҷиҳати истифодаи эҷодкоронаи дониш ва рушди маҳорату қобилияти касбии донишҷӯён;

• мусоидат ба ташаккули ақидаҳои шахсии донишҷӯён оид ба консепсияҳои муосири таълим ва тарбия дар муассисаҳои таълимӣ;

• ба роҳ мондани фаъолияти амалии донишҷӯён, ташаккули маҳорату малакаҳои касбии онҳо ҷиҳати аз бар намудани усулҳои муосири таълиму тарбия;

• татбиқи амалӣ ва таҳкими донишҳои назариявӣ, ки донишҷӯён ҳангоми омӯзиши фанҳои ҷамъиятӣ, тахассусӣ ва равоншиносиву омӯзгорӣ аз худ намудаанд;

• ба роҳ мондани муносибати педагогии донишҷӯён бо хонандагон ва омӯзиши хислатҳои синнусолӣ ва фардии онҳо;

• коркарди муносибати эҷодӣ ва тадқиқотӣ нисбат ба фаъолияти омӯзгорӣ, аз худ намудани малакаҳои таҳлилӣ ва коркарди натиҷаҳои бадастомада. Таҷрибаомӯз вазифадор аст:

• фаъолияти худро мутобиқи Оинномаи муассисаи таълимӣ ташкил карда, қоидаҳои тартиботи дохилии онро пурра риоя ва супоришҳои маъмурият ва роҳбарони таҷрибаомӯзиро иҷро намояд. Дар ҳолати риоя накардани муқаррароти мазкур донишҷӯ аз гузаштани таҷрибаомӯзии педагогӣ барканор ва бо сабаби доштани қарзи академӣ аз рӯи ин шакли корҳои таълимӣ аз сафи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ хориҷ карда мешавад;

• донишҷӯи таҷрибаомӯз тамоми намуди корҳои тибқи барномаи таҷрибаомӯзӣ пешбинигардидаро саривақт иҷро намуда, худро бояд ҳамчун мутахассиси дорои дониши назариявӣ ва завқи баланд ба касби омӯзгорӣ нишон диҳад;

• бахшида ба ягон санаи таърихӣ ё масъалаҳои мубрами соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ алоқаманд, як конференсияи амалӣ ташкил ва баргузор намояд;

• донишҷӯе, ки аз фанҳои тахассусӣ ва методикаи таълими онҳо қарзи академӣ дорад,барои гузаштани аз таҷрибаомӯзии педагогӣ роҳ дода намешавад.

• донишҷӯе, ки дар ҳафтаи аввали як даври академӣ дар таҷрибаомӯзии педагогӣ иштирок намекунад, бояд саривақт садорати факултетро огоҳ созад, то ҳафтаҳои минбаъдаи таҷрибаомӯзӣ ҳуҷҷатҳои лозимиро пешниҳод намояд. Дар ҳолати пешниҳод накардани ҳуҷҷатҳои зарурӣ донишҷӯ аз гузаштани таҷрибаомӯзии педагогӣ барканор ва бо сабаби доштани қарзи академӣ аз рӯи ин шакли корҳои таълимӣ аз сафи донишҷӯёни муасссисаҳои таҳсилоти олии касбӣ хориҷ карда мешавад;

• ба донишҷӯёне, ки бо сабабҳои узрнок талаботи барномаи таҷрибаомӯзии педагогиро иҷро карда наметавонад, дар асоси пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда барои гузаштан аз таҷрибаомӯзии педагогӣ дар вақтҳои аз машғулиятҳои дарсӣ озод иҷозат дода мешавад.

Дар ҷараёни таҷрибаи педагогӣ на танҳо тайёрии назариявӣ ва амалии донишҷӯён ба кори мустақилона озмуда мешавад, балки имкониятҳои васеъ фароҳам меоянд, то захираҳои эҷодии худро барои касби ояндаашон ғанӣ гардонанд.

С. ХОЛМАТОВ,

роҳбари таҷрибаомӯзии ихтисосҳои омӯзгорӣ дар донишгоҳ