Имрӯз дар толори Китобхонаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати профессорон, омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ дар партави Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Вохӯрӣ бо сухани ифтитоҳии Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмад, ректори донишгоҳ, оғоз гардид. Инчунин дар вохӯрӣ Абдусаломзода Мунаввар Алиакбар, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, Расулова Гулчеҳра Зоҳидовна, мушовири калони Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, Ашурзода Ғиёсиддин Маҳмадмурод, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, Обидзода Фозил Саид, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Франксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон, Муртазозода Ҷамшед Сайдалӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Товикистон , раиси Комиссияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати дастур ва ташкили кор, Дустмуродзода Сарайё, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, Гиёзода Азиз Қодир, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия ва Файзулло Машраб, ректори Донишгоҳи славиянии Тоҷикистону Россия иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар мулоқот вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолияти вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору қонунҳои қабулшуда, ҳодисаҳои нангини рӯзҳои гузашта, гирифтани пеши роҳи ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва ғайра андешаронӣ намуданд.

Дар охир, ба Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, ректори донишгоҳ бо Сипосномаи Франксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон барои ваъолияти дастаҷамъона ҷиҳати иҷрои бомуваффақонаи вазифаҳои хизматӣ, фаъолияти пурсамар ҳисси баланди ватандӯстиву ифтихори ватандорӣ ва садоқат ба давлату халқи Тоҷикистон таҳкими пояҳои Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, мусоидат дар татбиқи босамари ба таҳким бахшидани фарҳанги сиёсӣ ва ҳуқуқи ҷомеа сарфароз гардонида шуд.