Бо иштироки раиси бонувони донишгоҳ Каримова Санавбар ва раиси бонувони факултети гумрук ва таҳлили иқтисодӣ Зувайдулоева Ганҷина бо донишҷӯдухтарони дар хобгоҳ истиқоматкунанда вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ бо донишҷӯён оид ба масъалаҳои маърифати оиладорӣ, пос доштани мероси ниёгон, ҳифзи арзишҳои миллӣ, одоби зист дар хобгоҳ ва риояи низомномаи он корҳои фаҳмондаҳиҳӣ гузаронида шуд.