Таҳкиму густариши робитаҳои байналмилалӣ дар самти илм ва маориф, аз ҷумла табодули устодону донишҷӯён, иштироки мутақобила дар ҳамоишҳои илмӣ, таҳия ва роҳандозии барномаҳои муштаркаи таълимии зинаи бакалавр ва магистратура, роҳандозӣ ва таъмини фаъолияти мунтазами шуроҳои дифои байнидавлатӣ, ҷалби олимони варзидаи соҳавӣ ба фаъолияти шӯроҳои дифои ватанӣ, таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои грантӣ ва амсоли ин аз самтҳои калидии фаъолияти роҳбарияти донишгоҳ ва райёсати робитаҳои байналмилалӣ ДДБ ба номи Носири Хусрав мебошад.

Қайд намудан лозим аст, ки бо дастури ректори донишгоҳ профессор Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат раёсати робитаҳои бақналмилалӣ меҳмонни хориҷӣ Хайке Улиг – директори Институти Гиётеи Олмон дар Аврупо ва Осиёи Миёна, Яна Тис- намояндаи сафоратхонаи Олмон дар шаҳри Душанбе оид ба маориф ва фарҳанг ва Дилдора Маҳаммадаминовна -директори Институти Гиёте дар шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Узбекистонро қабқл намуданд. Дар вохури оиди такмили ихтисои омӯзгорони забони олмони , кушодани Маркази забони олмонӣ, ҳамкориҳои илмӣ-тадқиқотӣ, таҷрибаивазкунии устодон, аспирантон ва магистрони донишгоҳ мавриди ибрози андеша гардид.

Меҳмонон аз факултети забони англисӣ дидан намуда бо омузгорони забони олмонӣ оиди тақвияти малаки касбӣ ва баланд бардоштани сифати таълими забони олмонӣ дар факултетҳои забони англисӣ, филологияи тоҷик ва сиёсат ва идораи давлатӣ, ки баъзе аз ихтисосиҳояшон дар курсҳои якум ва дуюм забони олмонӣ меомӯзанд барои дар оянда расонидани ёрии методӣ ва ташкил намудани курсҳои омӯзишию такмили ихтисос суҳбат намуданд.