Имрӯзҳо дар доираи нақша-чорабиниҳои Раёсати донишгоҳ бо мақсади рушду оммавияти варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим мусобиқаи футбол миёни омӯзгорон ва донишҷӯён идома дорад.

Дар ифтитоҳи мусобиқаи варзишӣ Ҳамдамзода Хурсанд, муовини ректор оид ба таълим, Маҳмадкарим Шарифов, раиси Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи кормандони донишгоҳ, Тоҷиддин Исозода, муовини ректор оид ба тарбия иштирок намуданд.

Маврид ба ёдоварист, ки мусобиқаи варзишии футбол ба муносибати “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” миёни омӯзгорон ва донишҷӯёни ҳамаи дастаҳои факултетҳо баргузор мегардад.