«ҲУҚУҚШИНОСИ БЕҲТАРИН» БАХШИДА БА «СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ» ЭЪЛОН НАМУДАНИ СОЛИ 2024

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав» (минбаъд – Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав) бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, пайдо намудани донишҳои асосӣ оид ба фанни ҳуқуқшиносӣ, тасавурот оид ба арзишҳои гуногуни ҳуқуқӣ, боз ҳам тақвият додани донишҳои ҳуқуқшиносӣ миёни донишҷӯён ва магистрантони донишгоҳ дар ҳошияи бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024, аз 30 декабри соли 2023, №668 озмуни донишгоҳии «Ҳуқуқшиноси беҳтарин»-ро баргузор менамояд.

2. САРПАРАСТ ВА МАСЪУЛОНИ ОЗМУН

Сарпарасти озмун Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ба ҳисоб меравад. Масъули баргузорӣ ва ҷамъбасти озмун кафедраи ҳуқуқ ва идораи давлатии факултети сиёсат ва идораи давлатӣ мебошад.

3. ТАРТИБИ БАРГУЗОРИИ ОЗМУН

Озмун аз ду давр иборат буда, миёни донишҷӯёни факултетҳои тахассусӣ ва донишҷӯёни ғайритахассусӣ доир карда мешавад. Даври аввали он моҳи апрели соли 2024 ва даври дуюми он бошад, моҳи майи соли 2024 ба таври зайл ташкил ва гузаронида мешавад:

– даври якум – моҳи апрел дар миёни донишҷӯёни факултетҳои тахассусӣ ва ғайритахассусии донишгоҳ гузаронида мешавад.

– масъалаҳои таъмин ва ташкил, инчунин ҷамъбаст намудани иштирок дар даври аввали озмун ба зиммаи факултети сиёсат ва идораи давлатӣ гузошта мешавад.

– даври дуюм – моҳи май дар миёни донишҷӯёни факултетҳои тахассусӣ ва ғайритахассусии дар даври аввали озмуни мазкур ғолибомада дар толори китобхонаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав баргузор мегардад.

– масъалаҳои таъмин ва ташкил, инчунин ҷамъбасти намудани иштирок дар даври дуюми озмун ба зиммаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав гузошта мешавад.

4. ШАРТҲОИ ИШТИРОКЧИЁНИ ОЗМУН БА ДУ ГУРӮҲ ҶУДО МЕШАВАНД

Озмун дар миёни донишҷӯён ва магистрантони донишгоҳ гузаронида мешавад.

Шартҳои ташкил ва баргузории озмун аз ҷониби комиссияи озмун назорат карда мешавад.

Озмун танҳо бо забони тоҷикӣ баргузор мегардад.

5. ТАЛАБОТ БА ИШТИРОКДОРОНИ ОЗМУН

Ҷавобҳои дуруст ишора намудан дар шакли тест ба саволҳои тестии

пешниҳодшуда тестӣ;

Ҷавобҳои дуруст навиштан дар шакли хаттӣ ба саволҳои пешниҳодшуда;

6. МЕЪЁРИ АРЗЁБИИ ҶАВОБҲОИ ПЕШНИҲОДНАМУДАИ ИШТИРОКЧИЁНИ ОЗМУН

Ҳайати ҳакамони озмун ба савияи дониши иштирокдорон аз рӯйи меъёрҳои зерин баҳо медиҳанд:

– Баҳогузорӣ ба ҷавобҳои саволҳои тестӣ ва хаттии пешниҳоднамудаи иштирокчиёни озмун аз 1 – то 10 хол муқаррар карда мешавад.

7. КОМИССИЯИ ОЗМУН

Барои гузаронидани озмун комиссияи озмуни донишгоҳӣ таъсис дода мешавад, ки ҳайати он бо фармоиши ректори донишгоҳ тасдиқ карда мешавад. Назорати баргузорӣ ва ҷамъбасти озмун ба зиммаи муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Сафарбекзода Ҳ.С. вогузор мегардад.

Ба ҳайати комиссия устодони зерин шомил карда мешаванд:

Абдураҳимов Сиёвуш Қудратуллоевич – номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент – раиси ҳайати ҳакамон;

Субҳонзода Салоҳиддин Икром – номзади илмҳои фалсафа, достент, ҷонишини декан оид ба илм ва инноватсия – узви ҳайати ҳакамон;

Аминҷонов Абдуразоқ Худойшукурович – номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсенти кафедраи ҳуқуқ ва идораи давлатӣ – узви ҳайати ҳакамон;

Азимов Ҳайдаршо Раҷабович – омӯзгори кафедраи ҳуқуқ ва идораи давлатӣ – узви ҳайати ҳакамон;

Аблаева Мавлуда Ҳамроқуловна – омӯзгори кафедраи ҳуқуқ ва идораи давлатӣ – узви ҳайати ҳакамон;

Шоев Алишер Ҷумъабекович – омӯзгори кафедраи ҳуқуқ ва идораи давлатӣ – узви ҳайати ҳакамон;

Шоҳиён Давлаталӣ Амир – омӯзгори кафедраи ҳуқуқ ва идораи давлатӣ – узви ҳайати ҳакамон;

Ризозода Шодибек Ҳаким – омӯзгори кафедраи ҳуқуқ ва идораи давлатӣ – узви ҳайати ҳакамон;

Аскарализода Самандар Аскаралӣ – омӯзгори кафедраи ҳуқуқ ва идораи давлатӣ – котиби ҳайати ҳакамон;

8. ҲАВАСМАНД НАМУДАНИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУН

Ғолибони озмун аз тарафи роҳбарияти Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои арзишманд (пулӣ) қадрдонӣ карда мешаванд.