Имрӯз тибқи дастури раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид вобаста ба сазовор таҷлил намудани 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аксияи вилоятии “Тозагии маҳал” бо иштироки васеъи аҳолӣ дар маркази вилояти Хатлон-шаҳри Бохтар гузаронида шуд, ки дар он омӯзгорону донишҷӯёни ДДБ ба номи Носири Хусрав фаъолона ширкат намуданд.

Ҳайати омӯзгорону донишҷӯён кӯчаву роҳравҳо ва соҳили каналу ҷӯйборҳои обгузарро аз партовҳо тоза намуданд.