Имрӯз конференсияи ҷамъбастии таҷрибаомӯзии таълимӣ ва истеҳсолии донишҷӯёни курсҳои 2-3-юми ихтисосҳои физика (ф.и.п.), таълими касбӣ (энергетика), физика -информатика, физика -математика ва физика-астраномияи факултети физика баргузор гардид.

Дар ин конфронс, декани факултет Мирзозода К.Қ., мудири шӯъбаи таҷрибаомӯзии донишгоҳ Ҳасанов Ш. Р., намояндаи шуъбаи таҷрибаомӯзи донишгоҳ Холматов С., роҳбари таҷрибаомӯзии факултет Шарипов Б.С. ва роҳбарони гурӯҳҳо иштирок ва суханронӣ намуданд.