Имрӯз дар толори Китобхонаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав» бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, пайдо намудани донишҳои асосӣ оид ба фанни ҳуқуқшиносӣ, тасавурот оид ба арзишҳои гуногуни ҳуқуқӣ, боз ҳам тақвият додани донишҳои ҳуқуқшиносӣ миёни донишҷӯён ва магистрантони донишгоҳ озмуни донишгоҳии «Ҳуқуқшиноси беҳтарин» баргузор гардид.

Зимни ифтитоҳи озмун Ҳамдамзода Хурсанд, муовини ректор оид ба таълим, Фирдавс Нориён, сардори Раёсати илм ва инноватсия иштирок намуданд.

Маврид ба ёдоварист ки зимни натиҷагирии озмун ғолибони озмун аз тарафи роҳбарияти Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои арзишманд (пулӣ) қадрдонӣ карда мешаванд