Имрӯз 15-уми майи соли 2024 дар толори Кохи фарҳангии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҷиҳати гузаронидани тақсимоти мутахассисон бо ҷойи кор суҳбат-вохӯрӣ бо хатмкунандагон баргузор шуд.

Дар суҳбат-вохӯрӣ Садафмоҳ Сафарзода, сармутахассиси Раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон,Ҷамшед Шукурзод, сардори Раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси донишгоҳ, Валиҷон Давлатов, ҳуқуқшиноси донишгоҳ ва намояндагони маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок карданд.

Нахуст, Садафмоҳ Сафарзода, сармутахассиси Раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан карда, аз ҷумла баён намуд, ки тақсимоти мутахассисон ва бо ҷойи кор таъмин намудани ҷавонон мутобиқи фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тақсимоти мутахассисони ҷавон дар соли 2023”, “Низомномаи тақсимот ва бо ҷойи кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон” (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикитон аз 27-уми майи соли 2017, №262) тибқи моддаи 24-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи моариф” барои ихтисосҳои омӯзгорӣ ва ғайриомӯзгории шакли таҳсили буҷавӣ, “Комиссияи тақсимоти фардии хатмкунандагон” барои зинаи “бакалавр” ва “мутахассис”-и Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав амалӣ карда мешавад.

Зикр кард, ки мутобиқи банди 8-и Қоидаҳои баргардонидани маблағҳои буҷетӣ аз ҳисоби мутахассисони ҷавон, ки тибқи роҳхат ба ҷойи кор ҳозир нашудаанд, маблағҳои хароҷотшуда ба тариқи суд рӯёнида мешаванд. Даъвои судӣ аз ҷониби муассисаи таълимӣ пешниҳод карда мешавад. Ҳамчунин, мутобиқи банди 9-и қоида гуфта мешавад, ки бе пардохти маблағ диплом ба мутахассиси ҷавоне, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ таҳсил намуда, вале тибқи роҳхат ба кор ҳозир нашудааст, дода намешавад.

Ҷамшед Шукурзод, сардори Раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав зимни суханронӣ қайд намуд, ки дар донишгоҳ 317 нафар донишҷӯёни равияи омӯзгорӣ, ки аз ин шумора 252 нафар тариқи буҷавӣ ва 65 нафар тариқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил менамоянд, хатм карда, ҳамчун мутахассис вориди бозори меҳнат мегарданд.