Дар доираи нақша – чорабиниҳои корҳои тарбиявии факултети Гумрук ва таҳлили иқтисодӣ дар доираи моҳвораи ҷавонон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон мизи мудаввар дар ҳошияи қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” бо мақсади тарбияи ватандӯстӣ, таҳкими худшиносӣ ва худогоҳии миллии ҷавонон баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур, Набизода Эмомалӣ, мудири шӯъбаи тарбияи донишгоҳ, Шодиён Бурҳониддин, декани факултет, мудирони кафедраҳо, созмонҳои ҷамъиятӣ ва донишҷӯён иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар чорабинии мазкур қайд карда шуд, ки дар асоси Қонуни мазкур, зери мафҳуми ибораи ватандӯстӣ – муҳаббати шахс ба Ватан, сарзамин ва халқ, ҳифз намудан аз душман ва ба манфиати онҳо содиқона хизмат кардан шарҳ дода шудааст. Инчунин, аз донишҷӯён даъват ба амал оварда шуд, ки беш аз ҳар вақта дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ, азхудкунии илму донишҳои муосир, тарғибу ташвиқи фарҳанги миллӣ ва пос доштани дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ саҳмгузорӣ намоянд.

Дар охир, донишҷуёну омӯзгорон бо маърӯзаҳои хуб доир ба тарбияи ватандӯстии ҷавонон баромад намуданд.