Имрӯз дар маркази вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон марафони велосипедронӣ ва Дави миллӣ баргузор карда шуд.

Дар ин ҳамоиш омӯзгорону донишҷӯён фаъолона ширкат намуданд, бо сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон бо тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд.