Имрӯз, 18 майи соли 2024 дар кафедраи рӯзноманигории факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав муҳокимаи рисолаи доктори фалсафа (PhD) – доктор аз рӯйи ихтисоси 6D050400 – Рӯзноманигории назди кафедраи журналистикаи телевизион ва радиошунавонии Донишкадаи санъат ва фарҳанги Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Мулоева Нишона Сангмадовна дар мавзуи «Мавқеи жанри репортаж дар барномаҳои иттилоотии телевизион (дар мисоли шабакаҳои телевизионии «Тоҷикистон» ва «Ҷаҳоннамо» (солҳои 2010-2022))» бо иштироки устодон, доктори илмҳои филология, профессор Икромов Искандар, номзадҳои илми филология, дотсентон Маҳкамзода Дилором, Маъмурзода Носирҷон, Шарипов Сангимурод, Қурбонова Раҳиёнгул, Муродов Алишер, Раҳмонов Маҳмурод, Икромова Маърифат ва чанде дигар омӯзгорон баргузор гардид. Зимни муаррифии муҳтавои диссертатсия Мулоева Нишона қайд намуд, ки бори нахуст мавқеи жанри репортаж дар барномаҳои иттилоотии телевизионӣ пажӯҳиш шудааст. Маводи диссертатсияро барои таълими репортажи телевизионӣ дар мактабҳои олӣ, низоми такмили ихтисоси кормандони соҳаи телевизион, ташкили курсу семинарҳо дар факултету шуъбаҳои рӯзноманигорӣ ва таҳияи китобу дастурҳои дарсӣ истифода бурдан мумкин аст. Қайд намудан зарур аст, ки роҳбарии илмии докторант PhD Мулоева Нишона доктори илмҳои филология, профессори кафедраи журналистикаи телевизион ва радиошунавонии Донишкадаи мазкур Зулфиддин Муъминҷонов мебошанд.

Ҳамчунин дотсентони кафедраи рӯзноманигорӣ Маҳкамзода Д., Маъмурзода Н. ва Шарипов С. фикру мулоҳизаҳои худро роҷеъ ба арзиши илмии диссертатсия баён намуданд. Дар ҷараёни муҳокима саволу ҷавоб низ сурат гирифт.