Истиқлоли давлатӣ нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои миллат, рамзи асолату ҳувият, мазҳари орзуву ормонҳои таърихӣ, ваҳдатуягонагӣ, соҳибихтиёрӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.

Таваҷҷуҳу ғамхориҳои Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин қишри ҷомеа беназир аст. Тавре дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2023 омадааст, «ғамхорӣ нисбат ба ҷавонон, ҳалли мушкилоти онҳо ва истифодаи дурусти ин захираи стратегии миллӣ барои пешрафту ободии Ватан ва таъмини амнияту суботи ҷомеа яке аз афзалияти асосии Ҳукумати мамлакат ба шумор меравад, зеро шумораи бештари аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд».

Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тарбияи наврасон ва ҷавононро дар шароити имрӯза дар меҳвари сиёсати иҷтимоии худ қарор дода, роҳу усули самараноки амалӣ намудани онҳоро дар қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №94 аз 3 – юми марти соли 2006 дар «Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Консепсияи миллии тарбия- ҳуҷҷатест, ки унсурҳои муҳимми тарбии миллии шаҳрвандон дар он муқарар гардидааст.

Яке аз ҳуҷҷатҳои заминавии тамоми муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши корҳои тарбиявӣ ин Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Қобил ба ёдоварист, ки ҷиҳати амалисозии ҳуҷҷати мазкур аз ҷониби Шуъбаи тарбияи донишгоҳ нақша- чорабиниҳо тарҳзери гардида, пайваста миёни донишҷӯёну омӯзгорони факултетҳои донишгоҳ мулоқоту вохӯриҳо, мизҳои мудаввар, конференсияҳо, чорабиниҳои илмӣ – фарҳангӣ, викторинаҳои саволу ҷавоб, суҳбатҳои инфиродӣ бо мақсади баланд бардоштани тарбияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, тарбияи сиёсӣ ва ҳуқуқӣ, ахлоқӣ ва маънавӣ баргузор карда мешавад.

Яке аз унсурҳои Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин тарбияи ватанпарастӣ мебошад. Тибқи Консепсияи мазкур «Тарбияи ватанпарастї» – арзиши муќаддас ва аз њама муњимтарини тарбия мебошад, ки он дар мафњумњои диёр, макон, кишвар, сарзамин, Ватан низ ифода меёбад. Њамаи унсурњои дигари тарбия ба њамин унсури тарбия иртибот доранд ва садоќатмандии шањрвандро ба ватани хеш дар назар дорад.» муқарар шудааст.

Ҳамзамон, ибораҳои «ватандӯстӣ» ва «тарбияи ватандӯстӣ» дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар барои тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» чунин шарҳ дода шудааст: «ватандӯстӣ» – муҳаббати шахс ба Ватан, сарзамин ва халқ, ҳифз намудан аз душман ва ба манфиати онҳо содиқона хизмат кардан. Ибораи тарбияи «тарбияи ватандӯстӣ» – фаъолияти мураттаб ва мақсадноки мақомоти ҳокимияти давлатӣ, худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳои (иттиҳодияҳои) ҷамъиятӣ, оила ва шаҳрвандон, ки барои ташаккули дарки баланди ватандӯстӣ дар тафаккури шаҳрвандон, ҳисси садоқат ба Ватан, омода будан ба адои қарзи шаҳрвандию уҳдадориҳои конститутсионӣ барои ҳимояи манфиатҳои Ватан нигаронда шудааст.

Ҳамзамон бо мақсади дастгирии ҷавонон дар даврони солҳои соҳибистиқолии кишвар Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» аз 30 апрели соли 2021, «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» аз 30 декабри соли2021, «Барномаи давлатии тарбияи ватандўстӣ, эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 аз 29 декабри соли2022 ва 16 декабри соли 2022, №332 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар барои тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» қабул гардид, ки ҳадафи он баланд бардоштани ҳувият ва худшиносии ҷавонон аст.

Тибқи барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон, тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон яке аз ҷузъҳои таркибии ҷараёни тарбия ба ҳисоб рафта, ҷавононро дар роҳи садоқат ба Ватан, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, худогоҳию хештаншиносӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ ҳидоят менамояд.

Дар МДТ «Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав» ҷиҳати таълиму тарбияи ҷавонон, бомаърифату соҳибкасб ва дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия намудани ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Ҳамзамон бо мақсади амалисозии бандҳои Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахусус тарбияи ватандӯстии ҷавонон пайваста тадбирҳои судманд андешида мешавад.

Бояд қайд кард, ки меҳвари асосии мавзӯъҳои соатҳои тарбиявиро унсурҳои муҳими Консепсияи миллии тарбия махсусан тарбияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ фаро гирифта, пайваста дар соатҳои тарбиявӣ доир ба тарбияи хештаншиносӣ ва худогоҳии миллӣ, ватанпарастӣ, маърифатӣ, тарбияи ҳуқуқӣ, сиёсӣ, зебоипарастӣ, масъулиятшиносӣ, тарбияи тарзи ҳаётӣ солим ва тарбияи гуманистӣ дарсҳо доир карда мешавад.

Ба андешаи мо дар шароити имрӯза таваҷҷуҳи бештар ба тарбияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ва баланд бардоштани ифтихории милии ҳар як сокини кишвар хоса ҷавонон тадбири муҳим ва саривақтӣ ба ҳисоб рафта, натиҷаиамалишавии он дар пойдории сулҳу суботи сиёсӣ, ҳифзи арзишҳои давлатдорӣ, посдоштани Истиқлолияту ваҳдати миллӣ барои сокинони ҳар як давлати соҳибистиқлол хоса Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳим ба ҳисоб меравад.

Минбаъд низ дар доираи нақша- чорабиниҳои МДТ «Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав» ба мақсади тарбияи ватандӯстӣ, масъулияти шаҳрвандӣ дар самти ҳимояи марзу буми кишвар ва боло бурдани ҳувияти миллӣ, пеширии ҷавонон аз гаравиш ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротгароӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон ва таълиму тарбияи донишҷӯён дар руҳияи худшиносии миллӣ пайваста миёни донишҷӯёни донишгоҳ чорабиниҳои гуногун дар шакли суҳбату мулоқотҳо, конференсияҳо, мизҳои мудаввар, мусобиқаҳои варзишӣ ва чорабиниҳои фарҳангӣ – фароғатӣ баргузор карда мешавад.

НАБИЗОДА Эмомалӣ – мудири шуъбаи тарбияи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав