Зери ин унвон имрӯз донишҷӯёни шуъбаи фосилавии факултети педагогика ва варзиш зери роҳбарии Ҳанифа Яъқубова, мушовир – эдвайзери шуъбаи фосилавӣ соати тарбиявӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон доир гардид.

Ҳанифа Яъқубова, мушовир – эдвайзери шуъбаи фосилавӣ иброз дошт, ки дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хоса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президентӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон, тарбияи онҳо дар рӯҳияи худогоҳиву худшиносӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ пайваста эҳсос карда мешавад.

Зикр карда шуд. ки Ҷумҳурии Тоҷикистон, яке аз кишварҳои аз лиҳози шумораи аҳолӣ ҷавонтарин (70% аҳолиро шахсони то 30 сола) дар дунё ба шумор рафта, аксарияти аҳолии онро ҷавонон ташкил медиҳанд.

“Дар шароити муосир танҳо доштани нерӯи ҷисмонии холис барои рушди як кишвар кифоя нест, балки баръакс, баъзан мавриди истифодаи нодуруст қарор гирифтани он, дарди сари як давлату ҳукумат шуда метавонад. Аз ин рӯ, нерӯи ҷавонон танҳо дар он ҳолат сазовори ифтихору шараф аст, ки агар он сарчашмаи тавлидкунандаи идеяву назарияҳои нави илмӣ, созандагӣ, ободкориву бунёдкорӣ, омили суботи ҷомеа ва амнияти давлатӣ бошад”, -афзуд Ҳанифа Яъқубова, мушовир – эдвайзер.