• Бознашр аз рӯзномаи “Хатлон”

Ҷавонон дар ҳар давру замон неруи пешбарандаи ҷомеа ба шумор мераванд. Бинобар ин, бо истифода аз зиракии сиёсӣ, донишҳои иқтисодӣ ва доштани шуури кофӣ ҷавонони кишвари мо ҳамеша нерӯи пешбаранда, ворисони асилу арзандаи миллату давлат ва созандагони имрӯзу фардои Тоҷикистони азизи хеш буда метавонанд.

Яке аз чунин ҷавонони хушзеҳн Ҳамдамзода Хурсанд, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, муовини ректори ДДБ ба номи Носири Хусрав мубошад, ки ошно шудан бо кору пайкори чунин ҷавонони муваффақ намунаи ибрати насли ҷавон хоҳад буд.

Ҳамдамзода Хурсанд Акбар 24 ноябри соли 1987 дар ноҳияи Муъминобод, дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Таҳсилро дар литсейи “Ҳиммат”-и ноҳияи Муъминобод гирифтааст. Соли 2004 баъди хатми литсей ба Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дохил мешавад ва онро соли 2009 бо ихтисоси менеҷменти факултети иқтисодӣ хатм менамояд.

Ин ҷавони донишманд, олими пуркор аз соли 2009 то имрӯз дар зинаҳои гуногуни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав фаъолияти назаррас дорад. Аз ҷумла, солҳои 2009-2011 омӯзгори кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит, ҷонишини декан оид ба тарбияи факултет кор кардааст. Солҳои 2012-2017 дар вазифаи мудири кафедраи назарияи иқтисод ва молияи донишгоҳ, солҳои 2017-2019 мудири кафедраи фаъолияти бонкӣ ва аз соли 2019 то октябри соли 2021 дар вазифаҳои декани факултетҳои иқтисодӣ, менеҷмент ва низоми гумрук, гумрук ва таҳлили иқтисодии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав фаъолият намудааст.

Барои фаъолияти назаррас аз ҷониби ректори ДДБ ба номи Носири Хусрав аз 12-уми октябри соли 2021 ба вазифаи муовини ректор оид ба таълими Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав таъин гардидааст.

Дастовардҳояш дар соҳаи илм, омӯзиши фанҳои иқтисодӣ назаррасанд. Бахусус, рисолаи номзадии худро дар мавзуи “Таъсири сермаҳсулсозӣ ба самаранокии чорводории ширӣ”, бо муваффақият ҳимоя намудааст.

Ҳамдамзода Хурсанд, ҳамчун дотсенти кафедраи менеҷменти факултети менеҷмент ва низоми гумруки Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ба ташнагони илм аз фанҳои менеҷменти бонкӣ, менеҷменти молиявӣ, фаъолияти бонкӣ, сармоягузорӣ дарс медиҳад.

Маҳз бо роҳбарии устод 3 нафар докторанти Phd-и донишгоҳ таҳқиқоти илмӣ бурда истодаанд. Ӯ ҳамеша дар ҷустуҷӯст, кӯшиш дорад, илми доштаашро ба дигарон расонад.

Дар конфронсҳои илмию назариявии вилоятиву ҷумҳуриявӣ андешаҳои илмии хешро дар бораи тараққиёти илми иқтисодӣ, равобити иқтисодӣ бо мамлакатҳои ҷаҳон ва манфиатҳои он иброз дошта, дар баҳсҳои илмӣ фикру ақидаи худро баён менамояд.

Муаллифи 3 дастури таълимӣ ва зиёда аз 40 мақолаи илмӣ аст.

Хизматҳои шоёни Ҳамдамзода Хурсанд бо нишони Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва даҳҳо Ифтихорномаву Сипосномаҳо қадрдонӣ шудааст.

-Агар инсон назди худ мақсад гузорад ва дар амалишавии мақсад содиқона заҳмат кашад, ба муроди хеш мерасад, – мегӯяд Ҳамдамзода Хурсанд.

Хусусияти аз ҳама арзандаи Ҳамдамзода Хурсанд дар он аст, ки хоксорӣ, меҳнатқаринӣ, пос доштани ҳурмати калонсолонро дар мадди аввал мегузорад.

Комрони БАХТИЁР, «Хатлон»

http://khatlon-ruznoma.tj/…/4360-donishvar-sermasul-va…