• Сухани табрикии ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар бо номи Носири Хусрав профессор Қурбонзода М.Р. ба ифтихори Рӯзи ҷавонон

Ҳамасола санаи 23-юми май дар кишвари маҳбубамон- Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун Рӯзи ҷавонон таҷлил карда мешавад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш вобаста ба ин захираи стратегии миллӣ чунин иброз намуданд: «Бо дастгириву ғамхорӣ фаро гирифтани ҷавонон, ҳаллу фасли мушкилоти ҳаёти онҳо ва истифодаи дурусту оқилона аз ин захираи стратегии миллӣ ба хотири ободиву пешрафти Ватан ва таъмини амнияту суботи ҷомеа аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарине мебошанд, ки таҳти таваҷҷуҳи хоссаи Ҳукумати мамлакат қарор доранд, зеро Тоҷикистон худ кишвари ҷавонон аст».

Имрӯзҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштироки ҳамаҷонибаи ҷавононро дар раванди ободкориву созандагии Ватани муқаддасамон ҳамеша дастгирӣ намуда, барои беҳбудии шароити зиндагониву таҳсил, касбомӯзӣ ва фаъолияти босамари онҳо тамоми тадбирҳои зуруриро андешида истодааст.

Дар ин замина, дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав» тамоми шароитҳо барои таҳсил ва фароғати ҷавонон муҳайё карда шудааст. Имрӯз беш аз 80%-и кормандону донишҷӯёни донишгоҳро ҷавонони саодатманд ташкил дода, дар баланд бардоштани сифати таҳсилот, рақобатпазирии мутахассисон дар бозори меҳнат, бо чунин неруи созанда якҷо фаъолият дорем.

Дар ҳоли ҳозир, дар донишгоҳ беш аз 20 ҳазор донишҷӯён аз ноҳияҳои дуру наздики мамлакат ва кишварҳои хориҷӣ, ба монанди Ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Туркменистон, Афғонистон ва Федератсияи Россия ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Дар донишгоҳ айни ҳол 519 нафар ҷавонон тибқи Квотаи Президентӣ таҳсил мекунанд. 60%-и донишҷӯёни таҳсилоти рӯзонаи донишгоҳ аз буҷети давлат стипендия мегиранд. Инчунин, 8 нафар стипендияи Президентӣ, 7 нафар стипендияи раиси вилоят, 15 нафар стипендияи раиси шаҳри Бохтар, 10 нафар стипедияи Иттифоқи касабаи донишгоҳро сазовор гаштаанд.

Соҳаи дигаре, ки ҷавонони донишгоҳ дар он муваффақиятҳои назаррас доранд, ин илм мебошад. Фақат дар соли 2023 ва панҷ моҳи соли 2024 бештар аз 22 нафар омӯзгорони ҷавони донишгоҳ рисолаҳои номзадии худро ҳимоя намуда, сазовори дараҷаи илмии номзади илмҳо шуданд.

Дар ҳамин ҷо мехостам як нуктаро қайд кунам, ки ҷавонони донишгоҳ ҳисси баланди масъулият ва хештаншиносӣ дошта, мафҳуми Ватан – Модарро хеле хуб дарк кардаанд ва соли равон наздики 305 нафар аз хатмкунандагони донишгоҳ пас аз супоридани аттестатсияи хатм бо хоҳиши худ, яъне ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайвастанд, ки ин нишонаи баланди ҳисси миллӣ ва ватандорӣ мебошад.

Воқеан, ҷавонон дар ҷомеа қувваи бузург маҳсуб меёбанд ва ҳамзамон дар амалишавии сиёсати дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши бориз доранд. Имрӯз Пешвои муаззами миллат нисбати ҷавонони кишвар таваҷҷуҳ ва эътимоди зиёд дорад.

Сарвари давлат дар аксар вохӯриҳои хеш таъкид мекунанд, ки “Ояндаи давлат дар дасти ҷавонон аст”. Чуноне имрӯз мо шоҳид гардида истодаем, шумораи ҷавонони роҳбарикунанда дар кишвар ба тадриҷ зиёд шуда истодааст. Ин иқдоми Президенти кишвар амали дурбинона буда, ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъин гардидани кадрҳои ҷавону лаёқатманд сармоягузорӣ ба фардо аст, ки он ҳатман дар шакли хизмати содиқона ба Ватану миллат бозпас мегардад.

Ҷавононро мебояд, ки ҷавобан ба ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат илму дониши худро мукаммал намуда, баҳри пешрафту рушди арзишҳои моддию маънавӣ, инчунин боз ҳам мустаҳкам сохтани пояи истиқлолияти кишварамон ва ваҳдати ҳамешагии он саҳми арзандаи хешро гузоранд.

Албатта, дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавонони фаъол вобаста ба имконоти мавҷуда, ҳадафҳои тақдирсоз, таҳкими амнияту оромии мамлакатро пеш гирифта, Тоҷикистони азизро дар баробари дигар мамлакатҳои пештрафтаи дунё муаррифӣ менамоянд. Ин аст, ки қисмати зиёди ҷавонон пайи омӯзиши илму дониш буда, ҳар лаҳзаву ҳар соат кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки бо ғолибияти худ дар арсаи байналмилалӣ боиси парафшонии Парчам ва садо додани Суруди миллӣ гарданд.

Ҷавонони кишвар сиёсати хирадмандонаву дурандешона ва бунёдкоронаи Пешвои миллатро пайравӣ намуда, дар таҳкими истиқлолият, пойдории сулҳу ваҳдат, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва пешрафту тараққиёти давлат арҷ гузошта, бо донишу маърифат, ҷаҳонбинии васеъ ва заковати баланди худшиносию ватанпарастӣ барои ба кишварҳои мутамаддин баробар гардидани Тоҷикистони азиз саҳми арзанда мегузоранд.

Дар замони пешрафти бесобиқаи илму технологияҳо моро зарур аст, ки фаъолияти самараноки худро ҷиҳати аз худ намудани донишҳои илмиву технологияҳои муосир равона созем. Пайваста кушишу ғайрати худро барои амалӣ гардидани ҳадафҳои созандаву бунёдгароёна ва таъмини боэътимоди сулҳу субот ва амнияти кишварамон равона намоем. Ҳамчун созандагони фардои Ватан ва пайравони асили Пешвои миллат барои амалӣ намудани ҳадафҳои созандаю бунёдкорона, чун неруи пешбарандаю таккондиҳандаи ҷомеаи навини Тоҷикистон фаъолияти хешро равона созем. Ҳамзамон дар раванди таҷдиди ҷомеа тавассути таҳким бахшидани фикру андешаи нав, бахусус ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои он, арзишҳои бунёдии миллатсозӣ, ватансозиву ватандорӣ дар атрофи давлату Ҳукумат муттаҳид шуда, чун насли ояндасози Ватан ҳамеша дар пайи андӯхтани илму дониш, азхудкунии технологияҳои муосири коммуникатсионӣ ва омӯзиши забони давлативу забонҳои хориҷӣ гардем.

Бо ҳамин ниятҳои нек ҳамаи Шумо ҷавонони азиз – устодон ва донишҷӯёни сарбаландро ба ифтихори Рӯзи ҷавонон табрик гуфта, барои Шумо фазои сулҳу осоиш, файзу баракати рӯзгор, бахту иқбол ва азму иродаи қавиро орзу менамоям.