Дар толори варзишии донишгоҳ даври вилоятии Спартакиадаи ҷумҳуриявии варзишӣ байни донишҷӯёни муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ аз рӯйи намудҳои волейбол (писарон), тенниси рӯйи миз ва шоҳмот (духтарон), ки бо ташаббуси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Хатлон ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон баргузор шуд.

Зимни натиҷагирӣ аз намуди волейбол:

  • Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав сазовори ҷойи аввал, соҳиби ҷом, диплом, медал ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 3000 сомонӣ;

Аз намуди тенниси рӯйи миз:

  • Муродзода Муҳаймина – донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав сазовори ҷойи аввал, соҳиби диплом, медал ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ;

Аз намуди шоҳмот:

  • Ноёбшоева Ҷонноро – донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав сазовори ҷойи аввал, соҳиби диплом, медал ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ;

Мавриди зикр аст, ки дастаи варзишгарони донишгоҳ ҳамчун ғолиби даври вилоятии Спартакиадаи варзишӣ ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифта, рӯзи 25 майи соли ҷорӣ дар истироҳатгоҳи “Файзи Истиқлол” бо ғолибон аз дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ рақобат хоҳанд кард.